“Саодати миллат дар ваҳдат аст”-мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва, барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Саодати миллат дар ваҳдат аст” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур меҳмон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва рӯзноманигорон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди Истиқлол аст, ки Тоҷикистони азизро аз гирдоби кашмакашҳои дохилӣ раҳо ва ба сӯи ояндаи неку шукуфон равона кард. Маҳз ҳамин ваҳдату сулҳу субот ва осоиши кишвар буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба сӯи як ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад.
Ваҳдат аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд аз он пуштибонӣ кунад ва нагузорад, ки осмони беғубори Ватанро абрҳои тираи ноамнӣ тира кунанд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин аз нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳарф заданд ва ин нақшро басо муҳиму калидӣ тавсиф намуданд.
Дар нишаст аз таърихи рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ва иҷлосияи 16 –уми Шӯрои олӣ, ки ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз барои миллати мо хидмат кардааст, ёдовар шуд. Имрӯз аз он санаи таърихи -27 июни соли 1997 27-сол сипарӣ мегардад, ки баъди музокироти тӯлонӣ бо ташаббус ва саъйу кӯшиши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳифзу якпорчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифтааст. Воқеан мо аз он шукргузорем, ки бо имзо шудани созишномаи сулҳ дар кишвари азизамон сулҳи комил фароҳам омад ва мардум баъди азобу кулфати даҳшатбори ҷанги таҳмилӣ дубора ба бунёдкорию созандагӣ шуруъ намуданд.
Дар мизи гирд аз дастовардҳои ин неъмати бебаҳо ва аҳамияти он барои милдлати тоҷик ҳарф заданд. Бо ишора ба дастгирии мардуми кӯҳистон ва ташкили квотаҳои президентӣ барои духтарони деҳот гуфта шуд, ки” Дар воқеъ агар мо наметавонистем, ин созишномаро ба имзо расонем садҳо занону духтарони мо дар деҳот бесавод ва аз илму дониш дур мемонданд”.
Ваҳдати миллӣ ва фазои ороми кишвар аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба омӯхтани илми муосир, яъне дастовардҳои илму техника ва технология нав, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва татбиқи онҳо дар кору фаъолияти ҳаррӯзаамон роҳнамоӣ созем.
Дар идома иштирокдорони ҳамоиш дар васфи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, порчаҳои шеъриро қироат намуданд.
Бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа