Саразм ва ташаккули тамаддуни халқи тоҷик

SarazmКашфи Саразм бузургтарин дастоварди бостоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо аҳамияти дохиливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Зеро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ин ёдгории беназири кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ бешак боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо — мардуми тоҷикон мебошад.

Соли 1976 таърихи шаҳри Панҷакенти бостон саҳифаҳои нави худро боз мекунад. Яъне, шаҳраки қадимаи суғдиён – Саразми бостон аз ҷониби бостоншиноси тоҷик, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов кашф мегардад. Кашфи Саразм дар шаҳри Панҷакент яке аз дастовардҳои даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳоло он яке аз қадимтарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи шаҳри Панҷакент – шаҳри Самарқанд, дар наздикии деҳаи Саразм, 15 км ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст.

Шаҳраки Саразм дар мавзеи нисбатан баланд сохта шуда, масофаи он аз ғарб ба шарқ ба 1500 метр ва бараш аз шимол ба ҷануб ба 400 метр (дар самти ғарбӣ), то 800 метр (дар самти шарқӣ) мерасад. Дарёи Зарафшон аз шимолтари Саразм ҷорӣ буда, сатҳи об аз шаҳраки Саразм 20 метр паст аст.

Ҳафриёти Саразм тирамоҳи соли 1976 оғоз гардида, аввал ҳандақи ҳаҷмаш 2х4 метр канда шуд. Давраҳои таърихӣ ва ғафсии қабатҳои маъданӣ муайян гардид. Равшание дар қаъри таърих пайдо шуд. Аён буд, ки Саразм ба замони энеолит ва биринҷӣ мансуб буда, таърихи 5500 сола дорад. Дар ибтидо ин маълумот фарзияеро мемонд. Барои далелҳои дақиқ дар якчанд ҷойҳои ёдгорӣ хандақҳо кофта, ҳафриётҳои бостонӣ гузаронида шуданд.

Дар муддати 22 сол аз ҷониби кормандони маркази бостоншиносии шаҳри Панҷакент дар шаҳраки Саразм 12 шуфр ва 11 ҳафриётгоҳ таҳқиқ карда шуд. Соли 1991 бо забони русӣ бо номи “Саразм” китоби алоҳида чоп гардид.

Дар ҳафриётҳои солҳои 1976-1996 аз 100 гектар майдони шаҳраки Саразм ҳамагӣ як гектари он кушода шуда буду халос ва имрӯз аз ду гектари ҳафриётшуда зиёда аз 200 хонаҳои истиқоматӣ, 5 мубади оташ, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, як бӯстонсаро бароварда шуд. Сокинони Саразм дар ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳои пиёдагард ва кӯчаҳои аробагард рафтуо дошта, дорои фарҳанги баланди шаҳрсозӣ будаанд. Аз он лавозимоти рӯзгор, ороишоти тиллоӣ, нуқрагин, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо, зарфҳои сафолини мунаққашу деворнигораҳо, ки аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд, ёфт шуданд.
Ҳамчунин дар ҳафриёти Саразм зиёда аз 500 дона сари урчуқҳои ресандагӣ, даҳҳо дирафшу сӯзанҳо ва дигар олоти бофадагию дӯзандагӣ дарёфт шуданд. Умуман, ниёгони мо дар осори тамаддуни Саразм аз худ касбу ҳунарҳои гуногунро мерос гузоштаанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо такмил ёфта, то имрӯз аз он оҳангарӣ, чармгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, наққошӣ ва ғайраҳо боқӣ мондааст.

Имрӯзҳо аз ҷониби бостоншиносони ҷавони дохилию хориҷӣ роҷеъ ба ин ёдгории таърихӣ тадқиқотҳои илмӣ ба сомон мерасонанд ва дар самти бозёфтҳои нодири Саразм андешаҳои гуногунро нашр менамоянд. Бе муболиға метавон гуфт, ки китоби «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон» дар шинохти паҳлуҳои гуногуни шаҳраки қадимаи тоҷикон – Саразм муфиду аввалиндараҷа буда, он дар сафҳаи таърих мондагор мебошад.

Ҳоло дар замоне, ки ҳар як халқу миллат дар ҷустуҷӯи сароғози таърихи худ қарор доранд, дар доираи худшиносии миллӣ мо тоҷиконро зарур аст, ки осори моддӣ ва маънавии худро дарёфт намуда, дар талош ва омӯзиши таърихи гузаштаи худ бошем. Ҳамчунин ёдгории Саразм, ки таърихи беш аз 5500 солро дорад, инъикосгари тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар арсаи ҷаҳони эътироф гардидааст.

Фархунда Қурбонова,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон.