Сардабири ҳафтаномаи озарбойҷонӣ “Халқ газетӣ” дар Китобхонаи миллӣ
Иттифоқ Мирзовалӣ- сардабири рӯзномаи “Халқ газетӣ” аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аввали имрӯз ба Китобхонаи миллӣ омад. Меҳмонро муовини аввали Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба ҳузур пазируфт. Сармуҳаррири “Халқ газетӣ” зимни аввалин сафараш ба Тоҷикистон 2 нусха китобашро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд.
Ӯ бо гӯшаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ ва китобҳо ба забони озарбойҷонӣ ошноӣ пайдо намуд. Меҳмон иброз намуд, ки аз Китобхонаи миллӣ ба дафтари рӯзномаи “Народная газета ”меравад, то бо ҳамкасбон дар бобати ҳамкориҳо суҳбат намоянд.
Иттифоқ Мирзовалӣ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, бинобар камии фурсаташ натавонист тамоми Китобхонаро бубинад ва бо кори он ошноии наздик пайдо намояд, аз ин рӯ ваъда дод, ки дубора ба Тоҷикистон сафар менамояд.
Ӯ гуфт натиҷаи сафар ва диду боздидҳояш аз Тоҷикистон ва Китобхонаи миллиро дар сафарномаҳояш дар ҳафтаномаи “Халқ газетӣ”-и озарбойҷонӣ нашр хоҳад кард.
Мақолаҳои рӯзномаи “Халқ газетӣ” дар китобҳояш, ки ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд, гирдоварӣ шудаанд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.
Теги: Раҳима Бобоева