Сарсухани академик Шакурӣ ба китоби доктор Маҳдӣ «Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ»
Ин китоб соли 2024 аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст. Онро аз хати форсӣ Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова баргардон кардаанд. Рисола муқаддимаест барои касоне, ки ба таҳқиқ дар чуну чанди рушди забони форсии дарӣ дар асри Сомонӣ ҳиммат мегуморанд. Аз ин рӯ, фусули он дар ҳукми тарҳҳоеанд, ки бо ниҳояти ихтисор ин заминаҳоро дар асори қабл аз Сомониён бозгӯ менамоянд.
Устоди шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ бо номи “Пажӯҳиши пурарзиш” сархуан навиштаанд ва мураттибон китобро бо ҳамин сарсухан нашри кардаанд, ки онро пурра меорем:
Таҳқиқоти илмии доктор Маҳдӣ, ки натиҷаҳои он дар китобе зери унвони «Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ” чоп мешавад, ба пиндори банда барои ҳалли чанде аз масъалаҳои умдаи таърихи забонҳои эронӣ аҳаммияти вижа дорад.
Мавзуи ин пажӯҳиш таърихи форсии дарӣ ва маҳалли пайдоишу ташаккули он аст. Доктор Махдӣ бар манобеъ ва маохизи нав ва катибаҳое, ки дар қаламрави Афғонистони кунунӣ тоза кашф шудаанд, такя дорад. Вай асноди тозаро ҳамаҷониба аз назар гузаронида, дар охир омилҳои гуногуни таърихие чун ташаккули давлатҳои миллӣ, ягонагии динӣ, ҷунбишҳои мардумӣ, инқилоби илмӣ ва ғайраро ба назар гирифта, бо чашмандози густаришдоре ба хулосаҳои муътамад расидааст.
Ақидаи ӯ ин аст: “Ба ҳеч ваҷҳ забони дариро натиҷаи таъсироти мутақобили лаҳҷаҳои ашконӣ ва сосонӣ набояд донист, модарзабони дарӣ дар шарқи қаламрави Эрон, дар Тахористон (Бохтари қадим) дар авоили қуруни милодӣ (муқаддам бар ташкили давлати Сосонӣ) забони расмии адабӣ ва забони китобат буда, бо вуруди ислом дар ҳамин қаламрав бори дигар мақоми забони адабӣ, илмӣ ва билахира ҷойгоҳи расмиро эҳроз мекунад”.
Солҳост, ки масъалаи пайдоиши форсии дарӣ мавриди баҳси донишмандон қарор гирифта ва назариёти гуногун ба миён омадааст. Доктор Махдӣ равияеро, ки Маликушшуаро Баҳору Абдулҳай Ҳабибӣ ва Бобоҷон Ғафурову дигарон пеш гирифта буданд, идома медиҳад. Ёдовар мешавем, ки тақрибан панҷоҳ сол пеш аз ин Садриддин Айнӣ бо қатъияти тамом гуфта буд: “Дар асоси забони паҳлавӣ пайдо шудани забони форсии ҷадид… нодуруст аст… дар шеъри Рӯдакӣ ва Дақиқӣ калимаҳои паҳлавӣ ҳеч нест ё ин ки дар кам аст” (Муроҷиат шавад ба китоби камина “Хуросон аст ин ҷо”, 1996, с. 143).
Чунин ақидаҳо, ки гоҳ то андозае далел ва бурҳони ҷиддӣ доштанд ва гоҳ ҳадс ва тахмини як донишманди нозукбин буданду бас, дар китоби доктор Маҳдӣ ҷамъбаст шуда, бо таҳқиқ ва таҳлили муфассал ва мушоҳидоту мулоҳизоти муҳим ба дараҷаи як назарияи илмии ҷолиб расидаанд. Ба назар мерасад, ки рисолаи доктор Маҳдӣ дар байни донишмандон мубоҳиса ва мунозараҳои нав оғоз карда, боиси он мешавад, ки илм дар роҳи ҳалли яке аз умдатарин муаммоҳои таърихи мардумони эронитабор қадаме пеш бигзорад.
Афсӯс, ки то ин вақт таҳқиқоти донишмандони Афғонистони кунунӣ дар илми ҷаҳонии эроншиносӣ кам истифода мешуд. Умед аст, ки китоби доктор Маҳдиро чунин сарнавиште пеш нахоҳад омад. Месазад, ки ин китоб диққати аҳли илмро ба сӯи худ бикашад.
Ҷашни ҳазору садумин солгарди таъсиси давлати Сомониён сабаби пайдоиши чанд асари илмии муҳим гардида, китоби доктор Маҳдӣ яке аз онҳост ва дастовези хубе барои ин ҷашн аст. Мо комёбии илмии ин донишманди арҷмандро табрик мегӯем ва ӯро дастовардҳои нав ба нави илмӣ хоҳонем.
Муҳаммадҷони Шакурӣ
Хоандагон китоби доктор Маҳдӣ: «Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.