Сарсухани Ҷи Сон Ким ба китоби “Олами гулдӯзии тоҷик”
Хушҳолам аз нашри китоби “Олами гулдӯзии тоҷикон”, ки маълумоти васеъ ва муфассал дар бораи санъати гулдӯзии Чаканро дар Тоҷикистон дар бар мегирад, хабар диӽам.
Гулдӯзии Чакан анъанаи гулдӯзӣ аз рӯи матоъҳои пахтагин ё абрешимӣ, бо риштаҳои рангоранг, гулдӯзӣ кардани ороишҳо, тасвирҳои гул ва тарҳҳои рамзӣ мебошад. Ин анъана дар байни занони тоҷик васеъ паҳн шудааст. Дар гулдӯзӣ тасвирҳои рамзӣ ва тасвирҳои асотирии марбут ба табиати гирду атроф ва коинот пешкаш гардида, орзую умеди одамонро ифода мекунанд. Ин таҷриба интихоби матоъ ва риштаҳо, кашидани намунаҳо, эҷоди тасвирҳои гулдӯзӣ ва дӯхтани либосҳоро дар бар мегирад. Дар он одатан, риштаҳое, ки бо рангҳои табиӣ ранг карда шудаанд, истифода мешуданд. Дар ин китоб таърих, услуб ва маънои рамзу нақшу нигори гулдӯзии чакан, ки таҷассумгари зебоӣ ва ғановати фарҳанги суннатии тоҷикон аст, баён шудааст.
Санъати гулдӯзии Чакан, ки соли 2018 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарияти ЮНЕСКО шомил шудааст, фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар ҷашну мавросимҳои анъанавӣ занону духтарон либоси чакан ба бар мекунанд. Арӯсу домод низ либосро дар мавридҳои махсус ба мисли тӯй мепӯшанд. Илова бар ин, гулдӯзии чакан, ки барои ороиши сару либос ва ашёи рӯзгор истифода мешуд, аз рӯзгори ҳаррӯзаи тоҷикон гузаштааст.
Мероси фарҳангии ғайримоддӣ ё фарҳанги суннатӣ сарчашмаи ҳувийят ва эҷодкориҳои инсонӣ ва нерӯи пешбарандаи рушди устувор ва ҳамчунин дороии башарият аст, ки барои наслҳои ҳозира ва оянда замина фароҳам меорад, то барои омӯхтан ва таҷрибаи зиндагӣ ва хиради ниёкон ба ҳам биёянд. Гулдӯзӣ ҳамчун мероси пурарзише, ки аз насл ба насл мегузарад, дар ташаккули ҳувияти мардумӣ низ саҳм мегузорад. Ба ин маънӣ, ин китоб на танҳо дар бораи санъати гулдӯзии суннатии тоҷик маълумот медиҳад, балки ҳамчун василаи пайванди гузашта ва оянда низ хидмат мекунад.
Нашри ин китоб натиҷаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи эҳтиром ва ҳабастагӣ мебошад. Аз ҷумла, мехоҳам ба Дилшод Раҳимӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО барои навиштани дастхат ва ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО инчунин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин барои саъю кӯшиши беандозаашон дар нашри ин китоб изҳори сипос намоям. Хадамоти мероси Корея ва Маркази байналмилалии иттилоотӣ ва шабакавии мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳифзи мероси ғайримоддӣ саҳмгузориро идома медиҳанд.
Умедворам, ки ин китоб огаҳии ҷаҳониро нисбат ба гулдӯзии Чакан афзун намуда, мавриди писанди хонандагони арҷманд хоӽад шуд.
Сипос.
Июли 2024.
Директори кулли Маркази шабакаи байналмилалии иттилоотии мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором
Ҷи Сон Ким
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.