Сарсухани Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба китоби нави шоири тоҷик Собир Султон

Собир-СултонКитоби шоири шинохта ва яке аз таронасароёни маъруфи кишвар Собир Султон бо номи “Сафои Зарафшон” соли 2020 бо ду ҳуруф: форсӣ ва крилӣ чоп шудааст ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар сарсухани ҷолибе Собир Султонро ин гуна муаррифӣ кардааст:

Устод Собир Султон аз шоирони номошнои тоҷик дар таърихи 9 майи соли 1934 дар деҳаи Шаватки поёни минтақаи Зарафшон дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дида ба ҷаҳон гушуд. Ў донишомўхтаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1968), узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ (1984) ва ҳамчунин дорандаи унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) мебошад.

Вай тайи солҳои 1958-1962 дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба унвони корманди адабӣ ва мудири бахши тарғиб ва ташвиқ, солҳои 1960-1963 ба ҳайси муҳаррири нашриёти «Адабиёти таълимию педагогӣ» ва аз соли 1963 то нафақа баромадан ба ҳайси ходими адабии сарредаксияи гуфторҳои мусиқии Кумитаи давлатии садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 1956 то ба имрўз матолиби эшон дар рўзномаҳо ва маҷаллаҳои Тоҷикистон ба нашр мерасанд. Аз Собир Султон то кунун дувоздаҳ маҷмуаи ашъор дар сабкҳои гуногуни назму шеър бо номҳои «Субҳи умед» (1973), «Чўпонбача» (1978), «Таронаи дил» (1983), «Ошёнаи меҳр» (1986), «Кўҳи мурод» (1993), «Паёми хуршед» (2003), «Гули ҳаёт» (2004), «Асрори дил» (2005), «Гулрези ғазал» (2009), «Парвози суруд» (2009), «Чашмаи меҳр» (2015) ва ғайра чоп ва дар дастраси алоқамандони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Шоири таронасарои мумтозест, ки дар давоми панҷоҳ соли охир матни садҳо суруди машҳурро ба қалам оварда ва тақдими ҷомеаи адабӣ намудааст. То кунун 40 суруд бо мазмуни миллӣ, ки тавассути Собир Султон суруда шудааст, ки дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда ва оҳангсози номошноӣ тоҷик Амирбеки Мўсо онҳоро дар китоби «Парвози суруд» (соли 2009) гирдоварӣ карда, ба нашр расондааст.

Маҷмўаи мазкур гулчине аз ашъори нағзи шоир дар сабкҳои гуногуни шеърӣ ҳамчун ғазал, ҷаҳорпораҳо, рубоиву дубайтиҳо ва дигар намунаҳо мебошад. Шеъри Собир Султон самимона мебошад.    Тоҷикистон дар ашъори ў ҳамчун зодгоҳ, модар, падар, ишқ, муҳаббат ва сулҳу дўстӣ таҷаллӣ ёфтааст ва эҳсосоти меҳанпарастона ба вуфурдар ашъори ў дида мешавад. Дар ашъори Собир ҳамзамон бо ибрози ишқ ба сарзамини Тоҷикистон, шоир ба иштирокоти фаровони ду кишвари дўсту бародар Эрону Тоҷикистон ишора мекунад, ки бахусус дар шеъри «Дар расои дўстӣ» ва ғайри ин муҳаббат таҷассум ёфтааст.

Китоби ҳозир охирин асари ин шоир аст, ки ба унвони «Сафои Зарафшон» ба ҳузури хонандагони азизи Тоҷикистонӣ ва Эронӣ ва тамомии форсизабонон тақдим мегардад.

Ин китоб бо ҳимояти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон барои нашр омода шудааст. Инҷониб зимни ташаккур аз тамоми дастандаркорони таҳияи ин асар, умедворам нашри ин гулчини ашъори устод Собир Султон гоме дигар дар ростои пайванди ҳар чи бештару наздиктари ду миллати ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бошад.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ

Сафири фавқулода ва мухтори

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.

Китоби Собир Султон “Сафои Зарафшон” ҳоло барои кулли хонандагони Китохонаи миллӣ дастрас аст.

Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.