Сарсухани профессор Тоҷибой Султонӣ ба китоб Мастон Шералӣ «Боли парвозам Ватан»

Қалби саршор аз муҳаббати Ватан

Маҷмӯаи шеърҳои Мастон Шералӣ садои дили пурмеҳр ва қалби саршор аз мухаббати Ватан буда, беҳтарин муаррифкунандаи шахсият ва ҳунари суханварии ӯст. Муҳаққиқону адибони барӯманди  тоҷик –Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Муъмин Қаноат, Юсуф Акбарзода, Убайд Раҷаб, Ӯрун Кӯҳзод, Гулрухсор, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб ва дигарон дар мавриди эҷодиёти Мастон Шералӣ изҳори андеша карда, дар рушди адабиёти тоҷики  солҳои 60-80-уми  садаи  бист  нақши  равшан  гузоштанашро  таъкид  намудаанд. Дар таҳқиқоти ба масъалаҳои  мухталифи  рушди адабиёти  тоҷик бахшидаи онон номи Мастон Шералӣ дар қатори суханварони мумтоз, ки дар рушду инкишофи адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд, зикр гардидааст.

МАСТОН ШЕРАЛӢ фориғуттаҳсили факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1959) буда, баъди  хатми донишгоҳ ба ҳайси  мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Шарқи сурх» (1960), баъдан ҳамчун мудири шуъбаи адабиёт ва санъати  рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1960-1968) ва аз соли 1968 то вопасин лаҳзаҳои умр дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намудааст. Ҳамчун шоир фаъолияти хешро аз солҳои панҷоҳуми  асри гузашта оғоз намуда, нахустин  шеъраш бо номи «Ватан» соли  1953 ба нашр расидааст. Осори боқимондаи адиб  иборат аз маҷмӯаҳои шеърии «Мавҷҳои Зарафшон», «Илҳом», «Реша дар об», «Ситораҳо», «Ташнагӣ», «Раҳтӯша»,  «Қиёми офтоб», «Борони сабз», «Ихлос», «Боли оташ» буда, бо забони суфтаву равон, образҳои хотирмон, банду басти қавӣ ва шеърияти баланд имтиёз мекунанд.                                                                

Мастон Шералӣ дар жанри драматургия низ қувваозмоӣ карда, дар ин замина дар асоси яке аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ  песаи «Зол ва Рудоба», дар асоси ҳаёти шоира Зебунисо драмаи «Зебунисо» (ҳамроҳ бо Шамсӣ  Қиёмов), дар асоси афсонаи маъруфи халқии тоҷикӣ драмаи «Тоҳир ва Зуҳро» ва дар заминаи рубоиёти Хайём песаи манзуми «Хайём»-ро таълиф намудааст.

Тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Ҳанрих Ҳайне, Ҳӯте, Пабло Неруда, Шандор Петефӣ, инчунин ашъори шоири маъруфи украин В.Сосюра, шоири  Кабардину Балкар О. Кешоков, достонҳои  шоири маъруфи Доғистон Р.Ғамзатов, шоири литвонӣ Э.Межелайтис, адибони бузурги рус А.Некрасов, В.Маяковский, Е.Евтушенко, адиби узбек Зулфия, нависандаи туркман Бердӣ Карбобоев ва дигаронро ба забони тоҷикӣ  тарҷума намудааст.

Дар мақолаи «Рафиқи нимароҳ»-и Шоири халқии  Тоҷикистон Бозор Собир , ки дар китоби «Замини модарӣ» (Хуҷанд: Ношир, 2018-410 с.) ба нашр расидааст, ёддошти як андоза  мухтасар, вале хеле самимии Бозор Собир  баён гардида, чеҳраи инсонӣ, ҳунарӣ ва ҷойгоҳи Мастон Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик равшан инъикос ёфтааст. Бозор Собир хеле мунсифона иқрор мекунад, ки «Мастон дар забони миллати худ беҳтарин шеърҳо  ба ёдгор гузорида. Ҳар ҷо,  ки сухан аз Ватан ватандорӣ  равад, мудом байти  зерини ӯ вирди  забонҳост:

 Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст»…

                                                (ҳамон ҷо,саҳ. 326)

Дар ин андешаи Бозор Собир ду нуқтаи муҳим зикр гардидааст:

Якум, ҳамчун шоири ҳунарманд беҳтарин шеърҳоро ба ёдгор гузоштани шоир:

Дуввум, дар эҷодиёти Мастон Шералӣ мавқеи муҳим доштани мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ.

 Воқеан ҳам, дар шеъри Мастон Шералӣ дар баробари инъикос ёфтани мавзуъҳои  ишқу муҳаббат, тасвири олами мураккаби инсон  ва кашфи  асрори қалби ӯ, тасвири табиати зебои диёр ва дӯстии халқу миллатҳои олам, масъалаи Ватан ва ватандӯстӣ, яке аз мавзӯъҳои  меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Байти мазкур, ки Бозор Собир ба он ишора намудааст, кайҳост, ки аз эҷодиёти Мастон Шералӣ  берун рафта, моли халқ гардидааст. Чунин байтҳои  дорои мазмунҳои баланду барҷастаро дар аксари ғазалҳои Мастон Шералӣ дучор омадан мумкин аст.

Дар каломи шоир муҳаббат ба Ватан аз муҳаббат ба хонаи падарӣ, деҳа ва кӯҳу дашту дараи зодгоҳ, ки кӯдакию  бачагии шоир дар онҷо сипарӣ гардидааст, оғоз меёбад. Дар шеъри Мастон парастидани  зодгоҳ як навъ ватанпарастӣ  ва ибтидои ватандӯстист, зеро  шахсе, ки падару модар, хона, деҳа ва ё зодгоҳи хешро  дӯст намедорад, Ватанро низ дӯст  доштан наметавонад:

Ба ҳар сӯ гарчи раҳ дорад дили ман

Ба як нуқта нигаҳ дорад дили ман.

Муқими шаҳри пурғавғои доим,

Хаёли зодгаҳ дорад дили ман.

Дар шеъри «Ёди Ватан» муҳаббати Ватан дар дили шоир тавъам  бо манзараҳои зодгоҳ ва лаҳзаҳои зебои бачагӣ  баён гардидааст:

Боз ёди Ватан аз домани ман доштааст,

Ёди он ҷо, ки ба ҳам омадааст обу гилам,

Ёди кӯҳе, бувад шаҳсутуни боми само,

Ёди деҳе, ки бувад дар бағалаш мисли дилам.

                        

Ёди он рӯд, ки шуд баччагиям дар бари он

Мавҷро зин зиндаву бар сари он тохтанам,

«Гузари умр  надида ба лаби оби равон»

Бо ҳавас хона барандохтану  сохтанам .

Мастон Шералӣ Ватанро мисли падару модар азизу муътабар медонад, аз ин рӯ, таъкид  месозад, ки дар ҳама ҳолат ва дар ҳама ҷо Ватан мисли «мазори падар» ва «сари  зонуи модар» барои ӯ макони муқаддас аст:

  Ё Ватан ёфтаам ман зи мазори падарам,

   Ки ба ҳар ҷо, ки равам дур нашуд аз назарам?! 

   Ё сари зонуи модар Ватани асли ман аст,

   Ки хумораш наравад ҳеҷ замоне зи сарам?!

 Муҳаббати зодгоҳ ва ҷузъиёти дигари  марбут ба он илҳоми  шоирро парвози бештар  мебахшад, чунон ки дар ҳеҷ ҳолат  хешро  аз ёди Ватан фориғ намеҳисобад ва дар ҷамъбасти шеъри мазкур  садоқати  хешро ба Ватан, инчунин  мисли  офтобу моҳ  яктову  зебо ва пурнур  будани онро  чунин таъкид  месозад:

  Тоҷикистон, ҳама ҷо оинаи дасти манӣ,            

Ҳама ҷо акси ту дар дидаи  ман ҷилвагар аст,

Моҳ яктост, вале моҳи ту зебост маро

    Шамс яктост, вале шамси ту пурнуртар аст.

 Порчаи зерин низ намунаи бисёр хуби шеъри ватандӯстона ва меҳру садоқати фарзандӣ ба ҳисоб рафта, шоир Ватанро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва манбаи зиндагӣ, сарчашмае, ки  тамоми ҳастӣ ва рӯҳи ӯ аз он нерӯ мегирад, тасвир намудаст. Аз ин лиҳоз, ҳамчун  рамзи муҳаббати  ҷовидона мехоҳад, ки пас аз марг низ ҷисмаш дар хоки Ватан оромиш ёбад:

 Эй чашмаи ҳаёти ман,

  Буду набуди ман,   

  Эй дар ҷаҳон  пурзиён танҳо  ту суди ман,

 Будӣ чу гоҳвораам,

      Хоҳам, ки баъди марг

       Бошад зи сабзгӯшаи  ту колбуди ман,  

      Бори ҳимоятат, Ватан, бар дӯш  меравам,

      Панду ҳикоятат, Ватан, дар гӯш  меравам.

Мутолиаи ашъори Мастон Шералӣ нишон медиҳад, ки ӯ ба олам ва зуҳуроти он бо дидаи маъниҷӯ менигарад. Тасвирҳои бикри  шоирона, нигоҳи хоса ва маънисозиҳои нотакрор аз ҳунар завқи  баланди суханварии  ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Ғазалҳои Мастон Шералӣ низ бо сабку услуби хос таълиф гардидаанд. Дар ҳар як ғазали шоир хонанда ба як ё якчанд байтҳои дорои маънии барҷаста дучор меояд, ки воқеан ҳунармандона эҷод гардидаанд. Намунае аз ҳамин гуна ғазалҳо, ки бо мисраҳои «Мехӯрад бар санг  аз дарёдилӣ сарҳои мо», «Рӯдаму баҳри  дамонам орзуст», «Ман аз мурдан  наметарсам, ман аз мурдор метарсам», «Осмон  чашми фитнабоз афтод», «То риштаи наззора бар он зулф бубастем» оғоз мегарданд, саршор аз тасвиру образҳои барҷастаи  шоирона буда, бешак бо сабки  содаву равон ва тарзи баёни классикона  имтиёз  мекунанд. Бесабаб нест, ки шоири маъруфи тоҷик устод Муъмин Қаноат дар бораи сабку равиши хоси  шеъри Мастон Шералӣ чунин таъкид мекунад: «Мастон ягона шоире буд, ки сабки  бисёр равону соф дорад, мубарро ба мисли таровиши чашмаҳову  обҳо…Ба ин поя тақрибан ҳеҷ кадоме аз шоирони ҳамсину ҳамсоли Мастон  нарасидаанд. Ӯ соҳиби сабку услуби ба худаш хос буд. Ва ин равиши равшангӯии шоирии вай аз аввал то ба охир идома ёфт: бе печидагиҳову бемуаммоҳо, мушкилоти вожагиву сабкӣ. Ӯ Рӯдакивор шеър сароид ва дар шараёнаш он ҷорӣ буд…» Барои исботи  андешаи фавқ чанд байтеро аз як ғазали  шоир меоварем:

Зиндагӣ аз неку бад ҳар дам паёме доштаст,

Субҳдам хамёзаи ҳасрат зи шоме доштаст.                  

Аз бари вайронаҳо  гар бигзарӣ, оҳиста бош,

Як замон ин гӯша ҳам девору боме доштаст:

Чашмро пӯшида  магзар  аз сари  лавҳи  мазор,

Хомӯшиҳои  азизон бас каломе доштаст.

Шуд замин аз нохалафтифлон басе хоку туроб,

То ҳанӯз  ин мом фарзанди ҳаромӣ доштаст.

 Дубайтиҳои  Мастон Шералӣ  низ  бисёр шево, раво ва хушоҳанг буда, аз маънисозҳои хос мояваранд. Таваҷҷуҳ шавад ба дубайтиҳои зерин:

          Дили ман, эй дили ман, эй дили ман,

          Гули ман, хори ман дар манзили ман.

          Замони кӯчатат бигзашт, бигзашт,

          Дигар омез бо обу гили ман.

         Низ:

        Дареғ аз шеърҳои  носуруда,

        Дареғ аз бӯсаҳои норабуда.

        Дареғ аз мазраи  нокиштаи дил,

        Дареғ аз киштаҳои нодуруда

Маҳз бо ишора  ба ҳамин ибтикорот ва талошу ҷустуҷӯйҳои  навоваронаи Мастон Шералӣ академик Муҳаммадҷон Шакурӣ менависад: «Солҳои  60-му  70-ум  як давраи  нав дар шеъри  тоҷикӣ  буд, ки яке аз шуруъкунандагони  он Мастони Шералӣ буд. Ва имрӯз  ҳамон давра  ба тарзи  дигар  дар шароити  истиқлоли  миллӣ- сиёсии Тоҷикистон идома дорад ва рангҳои  нав пайдо  карда истодааст. Ва  таҷрибаи шоироне чун Мастони Шералӣ имрӯзу фардо ҳам  аҳамияти  калон хоҳад дошт.»

  Дар бораи  дубайтиҳои  Мастон Шералӣ  сухан  ронда, овардани  андешаҳои муҳаққиқи эронӣ Алиризо Қазва,  ки зимни  баррасии эҷодиёти Мастон Шералӣ ҳунари баланди ӯро дар сароидани  дубайтӣ махсус таъкид менамояд, бамаврид мебошад. Қазва  менависад: «Вай (Мастон Шералӣ,Т.С.) дар қолабҳои  мухталиф  ва дар тӯли се даҳа (даҳаи 50 то 80-и мелодӣ) дар шеъри Тоҷикистон хуш дурахшид. Аз дубайтисароёни хуби тоҷик ба ҳисоб  меояд, бахсус бо ин дубайтии зебояш ва ба ёд монданӣ, ки ҳарфи дили  ҷамоати мо низ ҳаст:

 Дилам сармояи дарду алам шуд,

 Ки чанде беқалам «соҳибқалам» шуд.

 Киро гӯям? Кадомин дар бикӯбам ?

 Сафи шоир фузуду шеър кам шуд!

  Хулосаи андешаҳои муҳаққиқ хеле ҷолиб аст, ки мегӯяд: «Ба ҳар ҳол, агар Мастон Шералӣ фақат ва фақат ҳамон дубайтии болоро гуфта буд, боз хам дар зеҳни эътиқоди ман ҷойгоҳаш аз бисёре аз шоироне ки девон-девон кутуб сиёҳ карданд ва ҳеҷ нагуфтанд, болотар буд». Бояд гуфт, ки ин андешаи Алиризо Қазва таъкиди зерини устод Бозор Собирро ба хотир меорад, ки бо ҳамон сабки ба худ хоси сахтгирӣ нисбат ба сухани худу дигарон навишта буд: «Мастон Шералӣ мунтахабу куллиёту девон надорад, вале ҳар китобчаи пӯстипиёзиаш беҳтар аз садҳо мунтахабу куллиёти девони имрӯзист…»

 Дар бораи эҷодиёти Мастон Шералӣ суханҳои нагуфта зиёданд. Эҷодиёти  шоир дар замони  имрӯз низ барои дар рӯҳияи  муҳаббат  ба Ватан, ифтихор аз арзишҳои миллӣ, эҳтироми  падару модар, ҳисси зебоипарастӣ  ва ахлоқу рафтори нек тарбия намудани насли ояндасози миллат арзишу аҳамияти хос дорад. Аҳли таҳқиқро мебояд, ки эҷодиёти ин суханвари навҷӯю нодирагуфторро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, дурдонаҳои номакшуфи онро ба хонандагон пешниҳод  намоянд.

  Маҷмӯаи ашъори мунтахаби шодравон Мастон Шералӣ- «Боли парвозам, Ватан» бо дастгирии Раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати 90-солагии зодрӯзи суханвар  ба нашр  рнасид.

     Мавзуъҳое, ки дар ашъори шоир  баён гардидаанд, имрӯз  низ ҷавобгӯи ниёзу  ормонҳои ҷаҳони муосир буда, барои таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, таҳкими ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон дар ҷомеа хизмат  менамоянд.

Тоҷибой Султонӣ,

доктори илмҳои филология, профессор

 

 Хонандагон китоби Мастон Шералӣ «Боли парвозам, Ватан»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

   

Таҳияи Адиба Мардонзода, 

 мутахассиси пешбари

 шуъбаи мукаммалгардонии фонд.

Теги: мукаммалгардонӣ