Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ба китоби Саидқул Билолов “Дарё туӣ, дарё манам…”

Саидкул-БилолИн китоби ҳунарманди маъруф Саидқул Билолов ба тозагӣ чоп шуда ва нусхае аз он ба толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тақдим шудааст. Маҷўаи мазкур 52 асари мусиқиро дар жанри суруд пешниҳод мекунад. Хусусият маҷмўа дар он аст, ки он пурра бар ашъори як шоир, шоири маъруфи муосири тоҷик Бозор Собир аст.

Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар сарсухани пурмуҳтаво маҷмуаро муаррифӣ кардааст. Ин сарсуханро пурра меорем.

ПАЙВАНДИ НУРБОР

Дар бораи Бозор Собир –  шоир махсусашъору шахсияти махсусафкор бисёр навиштаанд. Ҳам аз дараҷаи танги бухлу ҳасаду таасуб, ҳам аз равзанаи поку мусаффову нурбори ҳунаршиносиву шахсиятписандӣ.

Дар бораи Саидқул Билол низ кам нанавиштаву кам нагуфтаанд. Ҳар гуна навиштаанду ҳар гуна гуфтаанд, лек хулоса ин аст, ки ў ҳам дар зоти худ ба мазкур шоири бузуги халқамон монандиҳое доранд ; аз ҷумла, ҳунарпешаи ҳадафманд аст ва шахсияти шарафманд.

Агар аз шабоҳати дигари маънавиашон бигўем, метавон аз мактабдориву шогирдпарвариашон ёд кард. Аввалан, эҷоди намунаҳои беназири шеъру суруд, сониян, доираи васеи алоқамандонро ба ин мактаби ҳунарӣ ҷалб кардану ба онҳо амалан фаҳмондан, ки асари воқеии адабиёту  санъат чист, баъдан ба онҳо ҳарфу нота ба нота омўхтани рози баланду мусиқии дилписанд заҳмати ҷонкоҳу шуҳратафзои ин ду абарманди адабу ҳунар аст, ки бояд таҳқиқ ва дар кори бедареғи адабию ҳунарии ояндагон истифода бишавад.

Чун ду кўҳанд онон, ки пахлўи ҳам истода, шукўҳи тасаввурнопазиреро ифода мекунанд ва фатҳашон танҳо аз роҳи баландии табъу назару ҳиммат мумкин аст.

Дар саҳроянд, ки ҳамдигарро идома додаву то уфуқҳо рафтаанд ва дар оғўшашон ба манзиле расидан паҳнои табъу назару ҳиммат  имкон надорад.

Ду дарёянд, ки пуртуғёну хурўшон ба ҳам омадаву баҳри пургавҳаре шудаанд ва сайри он кардану дурдонаи дилхоҳи баҳра ба каф ба соҳилаш расидан бе умқи табъу назару ҳиммат даст нахоҳад дод.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки ин дилҳои қарин ва қаринҳои дил солҳои зиёд бо ҳам буданд, дунёҳои ҳамдигарро бо розу ниёзи созу овози гуворо зебу фар бахшидаанд ва чанде аз ҳосили  ҳамдамиашону ҳамғамиашон ва созандагиашону барозандагиашон тавассути ин маҷмўа пешкаши ҳаводорон мешаванд.

Ҳар шеъри ин маҷмўа лахте аз зиндагии пуршўру пурғурури шоире дилсода ва ҳар таронааш порае аз ҳаёти зебову дилорои оҳангсозу мутрибу овозхоне дилдода аст, ки ҷузъи рўзгори зебописанди ҳазорон шудаанд.

Чи қадар роҳҷўёнро бо сатрҳои ашъору сатрҳои адвор ба манзил расондаанд ин ду тани ҳамдил!

Чи қадар маҳфилҳои ёрони соҳибдилро зиёву сафо бахшиданд!

Чи қадар инсонҳоро эҳсоси пок эҳдо намудаву чи қадар дилҳоро обод кардаанд!

Чи қадар розҳоеро, ки ифодаашон имконнопазир менамояд, кушодаву роздоронро ба висол расонидаанд!

Чи қадар ба фарзандон рози падару модар, ба падару модарон ниёзи фарзандонро бозгў кардаанд ва хоҳаронро дилсӯзтари бародарону бародаронро қадрдонтари хоҳарон намудаанд!

Чи қадар аз розу ниёзи халқ гуфтаву лаҳзаҳои сарди таъхрихашро ба дили ватандор кўчонидаанд!

Чи қадар миллат, Ватан, таърих, фарҳанг, забон, Истиқлол, фидоёни ин муқаддасотро вирди ҳамзабонон  кардаанд!

Чи қадар нишони Ватанро дар сари синаи ҳунар дурахшон кардаанд, Парчами кишварро дар авҷи ифтихор парафшон намудаанд, Пешвои фидокору маҳбуби миллатро дар фарози самимияту муҳаббат тавассути сухани баланду савти дилписанд бо ҷамолу камоли инсони ва ҳисоли арҷманди заминиву замонӣ пеши назархо овардаанд!

Чи қадар аз нафароне, ки ба толорҳои бошукўҳи маҳфилҳояшон танҳо – танҳову банди фикру хаёлҳои мухталиф ворид мешаванд, як анбўҳи ҳамфикр, ки як издиҳоми ҳамдил, як халқи воҳид, як миллати сарфарози созанда сохтаанд!

Ва чи қадар шеъри як нафару оҳанги як нафарро шеъру оҳанги халқ намудаву миллатро ҳамсарову ҳамсадо кардаанд!

Инак, он ҳама манзури соҳибдилон аст, то ки бори дигар ба ин фикру  зикрҳо биандешанд; ҳадя ба устодону шогирдони даргоҳҳои фарҳанг аст, то ки бо шеъру оҳанги баланд завқҳои баланд бипарваранд, пешкаши ҳамаи мо, шавқмандон аст, ки парчами шеъру суруди баланди содаву озодаи миллиро дар гўши завқҳо таниннандоз ва ливои муҳаббату садоқат ба халқу диёрро дар фарози дилу ҷонҳо сарфароз бидорем.

Низом Қосим

Ногуфта намонда, ки маҷўаи мазкур 52 асари мусиқиро дар жанри суруд пешниҳод мекунад. Хусусият маҷмўа дар он аст, ки  он пурра бар ашъори як шоир, шоири маъруфи муосири тоҷик Бозор Собир аст.

Китоби Саидқул Билолов “Дарё туӣ, дарё манам…”-ро метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолеа намоед.

Таҳияи Саодат НАБИЕВА