Сарсуханнаи Нависаандаи халқии Тоҷикистон Юнус Юсуфӣ ба китоби Шодӣ Раҷабзод “Дасти боло”

Ҷаҳон қафасест, ки инсони гирифтор дар он бояд порааш созаду бигрезад, гуфтаанд. Аммо инсон барои раҳоӣ аз ин қафас кам кӯшидааст ва гузашта аз ин, кору пайкораш аз он мегӯяд, ки бофтаҳои ин қафасро рӯзафзун тангтару тангтар мекардааст. Ва адабиёт дар муқобил исён кардаву даст дар гиребони осмон задаву барои тарҳи нав андохтан дар ҷаҳон Гилгамишу Прометейу Рустамҳоро даст ба кор кардааст.
Ва кӯшидааст, дар канори ин ҷаҳони анбошта аз ҷабру ситаму дарду алам, ҷаҳони биногашта аз адолату ҳақиқатро бисозад ва инсони озоду сарбаланд дар онро бистояд. Ва ҳамин ҷаҳони ба муроди дили мо сохтаи адабиёт ночорамон мекунад, ки пайваста рӯ ба китоб орему китоб хонем. Ва ҳар кадоми мо китобҳое дорем, ки бо гузашти вақт пазмон мешавему борбор мехонем, зеро дунёе, ки дар ин китобҳо тасвир шудааст, моро хушоянд асту шодамон месозад ва оне чанд ин дунёи хашини занандаву газандаро аз миён мебардорад. Ва ин гуна адабиёт, ки номаш ”адабиёти асил” асту бино ба гуфти нависандаи бузург Максим Горкий, одилона бузург! номида шудааст, ҳеҷ гоҳ ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти ҷомеъаро васфу мадҳ накардааст. Шодӣ Раҷабзод нависандаест, ки аз ҳамин пайроҳа меравад, рисолати адабиёту масъулияти адибро ҳамеша дар ёд дорад ва ҷаҳони кӯчаки худро месозад. Ва инро низ медонад, ки бе мутолиаи фароху дониши жарф даст ёфтан ба ин кор ғайримумкин аст. Ҳангоми суҳбат бо ӯ зуд дармеёбед, адабиёти ҷаҳонро зиёд хондааст, ба чашми таҳқиқ хондааст, паёмҳои ошкору ниҳонеро дар хондаҳояш дарёфтааст, андешаву афкори муаллифро фаҳмидааст ва чизҳоеро дидааст, ки ақли даррок метавонад бубинаду дарёбад. Ва мавзуи гуфтугӯи ӯ ҳамешаву дар ҳама ҷо аз адабиёт аст.
Шодӣ Раҷабзод аз камшумор нависандагонест, ки асосан ҳикоя менависад ва дар ин ҷода комёбу муваффақ низ ҳаст. Комёб будани ӯ дар иншои ҳикояро ман дар парҳез аз тасвири беобуранги ҷараёни ҳодисот ва таваҷҷуҳ ба ботини инсону кӯшиши раҳ бурдан ба фарозу фурудҳои рӯҳиву равонии қаҳрамон дар пайванд ба рухдодҳо мебинам. Барои дастёбӣ ба ин мақсад ӯ қаҳрамонашро дар гирдоби пешафтодҳои душвору ногаҳонӣ меандозад ва дар ин фазову ҳаво ӯро ба мушоҳида мегирад, ниҳоду бунёдашро зерурӯ месозад ва фитрату сиришташро ба хонанда менамоёнад. Ва падидаи муҳим дар навиштаҳои Шодӣ Раҷабзод хушбинии ӯ ба зиндагӣ аст. Дар мавридҳое ҳатто, ки хонанда бовар мекунад, саранҷоми кор чандон хуб нест, муаллиф қаҳрамонашро дар ниҳоят бо роҳе аз нобудӣ мераҳонад ё воқеаро ба хубӣ меанҷомонад. Пессимизм дар офаридаҳои Шодӣ Раҷабзод кам ба назар мерасад. Дар пайванд ба ин гуфта бештари ҳикояҳои ҳамин маҷмуаро шоҳид меорам, ки хонанда инак дар даст дорад.
Чизи дигаре, ки гуфтанашро шарт медонам, забони навиштаҳои Шодӣ Раҷабзод аст. Забон, ба назари ман, рукни асосии асари бадеӣ мебошад. Шодӣ Раҷабзод инро хуб медонад ва кӯшиши ӯ барои такмил додану ғаниву зебо сохтани забони нигоштаҳояш аз ҳикоя то ҳикоя эҳсос мешавад. Як вежагии забони ӯ истифодаи огоҳона ва бамаврид аз вожаву таркибҳои зебо дар забони зиндаи халқ мебошад, ки ба навиштаҳои ӯ рангу бӯи хос медиҳад. Дигар доварӣ ба ин китобро ба хонанда вомегузорем.
Юнус ЮСУФӢ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Ҳикояҳои маҷмуаи “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод мазмуну муҳтавои рангину муассир ва хотирмон доранд. Ин ҳикояҳо мавзуъҳои гуногунро фаро мегиранд, вале мавзуъҳои ҷовидониву ифтихории адабиёт – ватандориву ватандӯстӣ, одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ ва тарғиби хисоли ҳамида дар меҳвари онҳо қарор гирифтаанд
Хонандагон ҳоло имкон доранд китоби Шодӣ Раҷабзод “Дасти боло”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Мафтуна Алихонзода,
мутахассиси пешбари Маркази забони
тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ