Сарсупурдаи пешаи хеш ё худ ёди Бозорбой Сайфуллозода

Ба ифтихори ҷашни 70 солагии зодрӯз ва ёдбуди омӯзгор ва китобшиноси тоҷик, профессор Бозорбой Сайфуллозода дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ, намояндагони ВАО, мутахассисони МД «Китобхонаи миллї»  таҳти унвони “Такомули  ҷанбаҳои  амалии феҳристнигорӣ дар осори Сайфуллозода Бозорбой” мизи гирд доир гардид.

Нишастро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшидаву меҳмонони гиромиқадри маҳфилро хайрамақдам гуфт. Сайфиддин Камолзода иброз дошт, ки соҳаи китобдории тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ пайваста рушд менамояд ва дар фаъолияти хеш аз дастовардҳои соҳавии кишварҳои тариққикарда ҳамеша бохабаранд. “Олимону мутахассисон аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархӯрдоранд ва дар ҳалли мушкилиҳо, аз ҷумла, омӯзишу таҳқиқи равандҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои замонавӣ, бунёди захираҳои рақамӣ ва китобхонаҳои электронӣ ва ғайра саҳми хешро мегузоранд.”

Зимни баромади худ Камолзода Сайфиддин таъкид намуд, ки Сайфуллозода Бозорбой аз мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар таҳияи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2015» саҳмгузор аст. Ҳамзамон дар тарбияи кадрҳои тахассусӣ саҳми боиз дорад. Ин аст ки шогирдони зиёд дошта, таҳти роҳбарии ӯ бомуваффақият рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Бозорбой Сайфуллозода дар раванди тарбияи кадрҳои тахассусӣ як қатор корҳои илмӣ низ ба сомон расонидааст. Ӯ муаллифи беш аз 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла “Фонди кушоди китобхона”, “Муқаддимаи ихтисос”, “Марҳамат ба факултети китобхонавӣ”, “Мураттабсозии адабиёт ва ташкили тарбияи кадрҳои китобдорӣ”, “Услуби иншои кори курсӣ”, “Нақши Вазорати фарҳанг дар таҳияи санадҳои давлатии соҳаи китобдорӣ”, “Тарбияи касбии китобдорон дар Тоҷикистон: проблемаҳои истилоҳот”, “Технологияи муосири иттилоотӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг” , “Ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон дар партави нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо мебошанд.

Сипас риштаи суханро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шариф Комилзода ба даст гирифта, сухан аз фаъолияти профессор Сайфуллозода кард. Аз ҷумла чунин қайд намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи илми китобдории тоҷик то имрӯз ҳамагӣ 28 нафар унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм доранд. Агар қазоват кунем, аз ин теъдод 7 нафарашон дар даврони шуравӣ дифоъи дифои корҳои номзадӣ ва докторӣ кардаанд ва боқимонда 21 нафар дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ. Яке аз ҳамон 7 нафаре, ки дар даврони шуравӣ рисолаи номзадии худро дар бораи Рушди шабакаҳои китобхонаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург дифоъ намуд, Бозорбой Сайфуллозода мебошад.

Шариф Комилзода зимни ироаи андешаҳои худ таъкид дошт, ки профессор Сайфуллозода ҳамчун олими соҳаи китобхонашиносии тоҷик баҳри рушд ва нумӯи китобдории тоҷик заҳматҳои зиёд кашидааст. Бозорбой Сайфуллозода бо таълифоти илмии худ тавонистааст ба бештари муаммоҳои вуҷуддоштаи соҳаи китобхонашиносии тоҷик равшанӣ андозад. Дифои рисолаи номзадии Бозорбой Сайфуллозода имкон дод, ки ҳамчун олим дар соҳаи илм заминаи мусоиду устувор фароҳам оварад. Барои ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷудаи китобдории тоҷик кӯшиш ба харҷ додааст. Бештари китобу мақолаҳои Сайфуллозода ба масъалаҳои рушди шабакаи китобхонаҳои оммавии Тоҷикистон, таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи китобдорӣ ва дар умум рушду нумуи соҳаи китобдории тоҷик бахшида шудаанд. Профессор Сайфуллозода кушидааст, то ҳадди имкон вижвгиҳои рушди китобхонаҳои кишварро  ба риштаи таҳрир дарорад. Вижагии хоси  хониши китоб дар Тоҷикистон яке аз самтҳои нави илми китобдории тоҷик буд, ки бори нахуст бо кӯшиши Бозорбой Сайфуллозода роҳи ҳалли худро ёфт. Ҳамчунин қайд карда шуд, Бозорбой Сайфуллозода дар асарҳои илмии  худ омилҳои асосии муайян намудани рушди соҳаи мутахассистайёркуниро нишон додааст.

Дар идомаи ҷаласа  доктори илмҳои таърих, профессор Сайдалӣ Муҳиддинов баромад намуда, аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷиҳати ёдбуди Бозорбой Сайфуллозода изҳори сипос намуд. Номбурда аз даврони ҷавониву фаъолияти кории муштарак ёддоштҳо манзури иштирокдорон намуда, қайд кард, ки наздики 53 сол муқаддам бо Бозорбой Сайфуллозода ҳини имтиҳони дохилшавӣ ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) шинос шудаву то ба охир дӯстиашон канда нашудааст. Дар мавриди корҳои илмӣ ва сафарҳои  муштаракашон ёд карда, аз садоқату вафодории Сайфуллозода ба касбу пешаи худ сухан гуфт. Ӯ – Бозорбой Сайфуллозода мутахассиси варзида ва дилбохтаи касбаш буд. Профессор Сайдалӣ Муҳиддинов аз хотироти некашон чанд қисса намуда, ҳозиринро бо хислатҳои наҷиби инсонии Бозорбой Сайфуллозода шинос намуд.

Собиқадорони соҳаи китобдорӣ Ҷӯрабой Раҷабов  аз маъмурияти Китобхонаи миллӣ барои баргузории чунин иқдоми нек миннатдорӣ намуда, аз масъулиятшиносиву ташкилотчигии Бозорбой Сайфуллозода сухан ронд. Мавсуф иброз дошт, ки аз шахсиятҳое буд, ки аз як деҳаи дурдасти кишвар омада, ба дараҷаи баланди соҳа расид. Ин буд ки соли 2006 китобномаи шарҳиҳолии Бозорбой Сайфуллозода рӯйи чоп омад ва хоҳишмандон метавонанд тавассути ин китобнома бо ҳаёт ва фаъолияти профессор Бозорбой Сайфуллозода ошно шаванд. Ҷӯрабой Раҷабов, зимнан, ёдрас шуд, ки Сайфуллозода қобилияти хуби хӯрокпазӣ ва омодасозии дастурхонро дошта, бо ҳамсабақонашон дастаи ҳунарӣ низ доштанд.

Дар қатори меҳмонони арҷманди ин мизи гирд яке аз шогирдони болаёқат ва мутахассиси варзида Тӯтиниссо Юсупова ҳузур дошт. Тӯтиниссо Юсупова мудири филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин мебошад. Тӯтиниссо Юсупова тазаккур дод, ки  соҳаи китобдорӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳим касб намудааст. Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.

Зимни баромади худ Тӯтиниссо Юсупова иброз дошт, ки фаъолияти

Китобхонаи миллӣ ва баргузории маҳфилу нишастҳои адабии Китобхонаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо камоли майл мушоҳида намуда, шогирдони Бозорбой Сайфуллозода аз Вилояти Хатлон барои баргузории мизи гирд бо ёдбуди устод Сайфуллозода Бозорбой изҳори сипос ва қаноатмандии худро баён намуданд. Тӯтиниссо Юсупова ҳамчун шогирд  бо як ифтихори баланд аз устоди худ ва хотироти неку  вопасинаш аз аёдати Бозорбой Сайфуллозода нақл карда, устоди хешро ҳамчун шахсияти дорои маданият ва фарҳанги баланд арзёбӣ намуд.

Дар қисмати музокирот аз Тӯтиниссо Юсупова ва шогирдони дигари дар Хатлон будаи устод Бозорбой Сайфуллозода  даъват ба амал оварда шуд, ки  хотироти неки худро ба таври хаттӣ ба Китобхонаи миллӣ ирсол намоянд.

Боиси хушнудӣ ва мояи ифтихор аст, ки кормандони ҷавони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз дастуру маслиҳатҳои омоданамудаи устод Бозорбой Сайфуллозода то ҳол  ба хубӣ истифода менамоянд, зеро  саҳми устод дар рушди нумуи соҳаи китобдорӣ ва тарбияи мутахассисони ин ришта хеле назаррас аст.

Махфират МУҲИДИНОВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа