САРВАРЕ, КИ САРОПО МУҲАББАТ АСТ

Ҳар сол ба муносибати зодрӯзи муаллима Салима Раҷабзода чанд сатре менависам. Шояд ба такрор, аммо чӣ кунем, ки зиндагиномаи ҳар нафар ҳамон як хати такрор аст. Вале он чӣ бароям хуш аст, муҳаббатест, ки аз зодрӯз ба зодрӯз афзун мешавад. Салима Раҷабзода аз ҷумлаи касонест, ки намешавад фаъолияташро надид. Чун ҳамеша миёни кормандон аст ва  ширкату суханрониаш дар маҳфилҳову чорабиниҳо нишасту ҳамоишҳоро гарм мекунанд.

Муаллима 10 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1976-1986 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №34 шаҳри Душанбе таҳсил намудаст. Солҳои 1987-1988 фаъолияти кории худро ҳамчун китобдорӣ калон дар Китобхонаи илмии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) оғоз намудааст. Солҳои 1988-1990 Котиби кумитаи комсомолии техникуми сохтмони шаҳри Душанбе  иҷрои вазифа намудааст.

Солҳои 1986-1991 дар факултаи китобхонашиносӣ ва библиографияи  Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  таҳсил  намудааст. Солҳои 1990-1996 вазифаи китобдори калони Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко, сармутахассиси шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  кори фаъолият намудааст.

Салима Раҷабзода баъди танаффуси 24-сола ба кори китобдорӣ баргашт ва соли 2012  сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардид. Баъдан дар вазифаи сарвари шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ кор кард.

 22-юми майи соли 2015 бо Амри Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид. Ҳамзамон ғоибона дар аспирантураи кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  таҳсил намудааст.

 Таҷрибаҳои дар зиндагӣ андӯхта барояш ин имконро фароҳам оварданд, ки чун роҳбари хуб миёни кормандон маъруфият пайдо намояд. Фаъолиятҳояш дар ин самт бо чандин Ифтихорномаҳо қадр шуданд. Соҳиби унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) шуд.

Фаъолияти пурсамари  муаллима дар созмон додани чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар семинар, конфронсҳои дохилӣ ва хориҷӣ кишвар  беҳамтост. Инро ба инобат гирифта  4 феврали соли 2020 бо Амри Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин  гардид.

 Қобили зикр аст, ки Раҷабова Салима дар тамоми корҳои ташкилӣ- ҷамъиятии китобхона фаъолона ширкат меварзад. Ў барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ, саҳми бевосита дорад.

   Салима Раҷабзода худро ҳамчун корманди кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дода, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон дар иҷрои вазифаи хизматӣ кумаку мусоидат намуда, ҳамчунин нисбат ба ҳамаи кормандон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо қатъӣ мебошад.

Иҷрои нақшаи кори шуъбаю бахшҳо ва Китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар корманд дар иҷрои вазифаи хидматӣ муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок намуда, хулосаҳои дақиқи худро пешниҳод менамояд.

   Имрўз  Раҷабзода Салима  зодрӯз доранд ва ба ин муносибат дар ин рўзи муборак аз номи тамоми аҳли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  табрику муборакбод мегӯем.

Ҷамил Валиев – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон