Сарвару саркори ҳунарманд
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
Олитарин ҳадяи Худованд туӣ- зан модар! Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳастӣ. Ту аввалин устодӣ дар зиндагӣ. гўйе, ки шахсро роҳнамоӣ мекунад ва зина ба зина боло бурдаву ба қуллаҳои мурод мерасонад. Туйӣ, ки фарзандро дар қалби ҷон парварида, нишони ҳастиро бар ў мебахшӣ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар равандҳои сиёсию иҷтимоӣ мавқеъ ва фаъолияти занонро дар заминаи беҳтарин дастовардҳои муҳими умумибашарӣ арҷгузорӣ менамояд. Зан дар ҳар давру замон мақому мартабаи худро дошт. Аз ин ҷост, ки инъикоси нақшу мақом ва манзалати занони соҳибхираду бофарҳанг дар саҳифҳои таърих ҷолибу муассир аст ва имрўз низ саҳми занони соҳибҳунару лаёқатманд дар бунёди ҷомеаи навини кишвар бузург аст.
Инъикос кардан лозим аст, ки обурў ва эътибори ҳар фард аз муносибати ў бо атрофиён, аз одобу рафтор, донишу маърифат, фикру ақида, пиндору гуфтор ҳувайдо мегардад. Агар шахсият дорои ақлу заковат, таҷриба ва маҳорати ҳаётӣ бошад, ин гуна шахс албатта нигинӣ дурахшандаи ҷомеа мегардад. Яке аз чунин шасхиятҳо модар, роҳбари ғамхор муовини аввали Муассиаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Раҷабзода Салима мебошад. Муаллима 10 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1976-1986 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №34 шаҳри Душанбе таҳсил намудаст. Солҳои 1987-1988 фаъолияти кори худро ҳамчун китобдорӣ калон Китобхонаи илмии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ( ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) оғоз намудааст. Солҳои 1988-1990 Котиби кумитаи комсомолии техникуми сохтумони шаҳри Душанбе иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 1986-1991 дар факултаи китобхонашиносӣ ва библиографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст. Дар солҳои 1990-1996 вазифаи китобдори калони Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко, солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Раҷабзода Салима фаъолияти худро аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории рисолахои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурўъ намудааст. Баъдан аз соли 2012-2015 сарвари шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмиро ба зимма гирифтааст. Хамзамон, дар рушду нумуи сохаи китобдори бо маҳорату кордонии худ саҳми арзанда гузоштааст. У муовини раиси танзими анъана ва чашну маросимхо дар китобхона мебошад. Мунтазам нисбати ин масъала, дар миёни кормандон ташвиқот мебарад. Бояд зикр намоям, ки Раҷабзода Салима дар тамоми корҳои ҷамъиятиву сиёсии Китобхонаи миллӣ дида мешавад, ки у аз соли 2012 то соли 2015 Раиси Шурои занони Китобхонаи миллӣ ва бо дастгирӣ ва боварии тамоми кормандони Китобхонаи миллӣ Раиси Иттифоқи касаба интихоб шуда кор ва фаъолият намудааст. Маҳз бо дастгирии бевоситаи у ҳуқуқхои кормандон ва занони Китобхонаи миллӣ ҳамеша ба назар гирифта аз ҷониби худ ва маъмурият дастгирӣ менамуд. Саҳми бевоситаи у барои баланд бардоштани рушди фаъолияти китобдорӣ,савияи дониши занони китобхона равона намудан ба семинру конфросҳои ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ аст. Баҳри пешрафти фаъолияти соҳа кушиш ба харҷ дода дар омода намудани мутахассисони пуртаҷриба саҳми босазо гузоштааст. Маҳз тавассути саҳми муносиби ў чандин семинар ва конфронсҳо дар мавзуъҳои муҳими рўз дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида шуд
Фаъолияти пурсамару пурмасъулияти Раҷабзода Салимаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта аз 22-юми майи соли 2015 бо Амри Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавсуф муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид. Баҳри ҷодаи илмии худ муаллима аз соли 2015-2019 ҳамчун, омўзгори факултаи китобдорӣ ва иттилотшиносӣ, аспиранти ғойбонаи кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор ва таҳсил намудааст. Ў омўзгори бомаҳорат буда, ба садҳо донишҷўён маҳорату малакаи касбӣ омўхтааст. Шогирдони ў дар гушаву канорҳои гуногуни ҷумҳурии ҷоноҷонамон фаъолияти пурсамари касбӣ ва эҷодӣ мебаранд ва дар қатори онҳо роҳбарони муассисаҳои бонуфузи фарҳангӣ низ кам нестанд. Бо фаъолияти хуби кори Раҷабзода Салима сазовори чандин Ифтихорномаҳо ва унвони « Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) сазовор гардидааст. Фаъолияти пурсамари муаллима дар созмондодани чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар семинар, конфронсҳои дохилӣ ва хориҷӣ кишвар дар самти фаъолияти китобдорӣ, китобхонашиносӣ беҳамтост. Инчунин баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути курсҳои такмили ихтисос чандин сафарҳои худро дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд.
Имрўзҳо мутобиқи Амри Асосгузори Сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавсуф аз 4 феврали соли 2020 муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид. Муаллима вазифаи бузургу пурмасъулиятеро бар дўш доранд. Аммо ба чунин серкориву сермасъулияти ҳамеша хоксору меҳрубона бар ҳар як корманд, хонанда, корафтода хушмуомила мебошанд. Имрўз муаллима азиз соҳибҷашн мебошад. Ба ин муносибат дар ин рўзи муборак аз номи тамоми аҳли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон табрику муборакбод мегўем. Ва ба он кас хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Валиев Ҷамил,
корманди шуъбаи нигаҳдории китоб.