Сарварӣ  ва роҳбарӣ. Миёни ин ду чӣ тафовут ҳаст? 

Барои аниқ муайян намудани проблемаи сарварӣ дар идоракунӣ, ҷудо кардани мафҳумҳои “идоракунӣ”, “роҳбарӣ” ва “сарварӣ” ниҳоят зарур аст.

Зери мафҳуми “идоракунӣ” раванди ташкили ҳар як таъсир, ки ба амалӣ намудани мақсад равона карда шудааст, фаҳмида мешавад. Роҳбарӣ-ин танҳо як қисми фаъолияти идоракунӣ, илова бар ин, маҳз ҳамон қисме, ки мушкилоти гуногуни идоракунӣ, ки ба воситаи таъсиррасонӣ ба тобеон ҳал карда мешавад, мебошад.

Фарқияти мафҳумҳои “роҳбарӣ” ва “сарварӣ” бо мавҷуд будани ду намуди муносибатҳо дар ҳар як ташкилот: расмӣ ва ғайрирасмӣ алоқаманд мебошад. Сарварӣ ин раванди таъсир расонидан ба одамон, натиҷаи низоми муносибатҳои ғайрирасмӣ мебошад. Роҳбарӣ бошад, пеш аз ҳама, мавҷуд будани муносибатҳои аниқи расмӣ мебошад, ки ба воситаи он амалӣ карда мешаванд. Нақши роҳбар ҳамчун сохтори расмӣ пешгўӣ мегардад, функсияи он, одатан аниқ муайян шудааст, ҳуқуқи татбиқи санкияҳо баҳс надоранд ва ғайраҳо. Сарварӣ бошад, баръакс, худ ба худ ба таври стихиявӣ, дар дараҷаи дарки нопурраи афзалияти психологӣ ташаккул меёбад.

Сарвар ва роҳбар роҳҳои гуногуни пешбариро аз сар мегузаронанд. Сарвар ҳатто агар он аз ибтидо аз тарафи касе пешниҳод шуда бошад ҳам, эътироф мекунад, қабул менамояд ва дар охир бе шакку шубҳа гурўҳ онро интихоб мекунад. Дар ин маъно сарвар ҳамеша аз зинаи “поёнӣ” пешниҳод мегардад ва ба ҳар ҳол демократитар аст. Роҳбар бошад, баръакс, аз “боло” таъин карда мешавад, ба ҳар ҳол ба зурӣ таъин карда мешавад. Чунки ин таъинот метавонад характери сиёсӣ ё маъмурӣ дошта бошад, пайравон метавонанд ба таври гуногун муносибати худро нисбат ба ў баён карда, ҳатто дар ҳолатҳои муайян ўро манъ намоянд. Вале он вақт, эҳтимол дорад, ки номзадии шахси дигар “аз боло” таъин карда шавад. Гуфтан мумкин аст, ки сарварӣ имкон дорад ба таври векторӣ аз поён ба боло таъин карда шавад: роҳбарӣ бошад самти муқобили векторӣ мебошад.

Фарқияти асосии сарварӣ ва роҳбариро мо мтавонем ба тарзи зерин нишон диҳем:

сарварӣ дар гурўҳ танзими муносибатҳои байнишахсиро ба анҷом мерасонад, роҳбарӣ бошад, муносибатҳои расмии гурўҳро ҳамчун як ташкилоти иҷтимоӣ танзим мекунад;

  • сарварӣ метавонад дар шароити муҳити хурд (гурўҳи хурд) муайян карда шавад роҳбарӣ-унсури муҳити хурд мебошад;
  • сарварӣ ба таври стихиявӣ ба вуҷуд меояд, раванди таъин кардани роҳбар бошад стихиявӣ нест, дар муқоиса бо роҳбарӣ, сарварӣ камустувортар аст ва аксар вақт аз ҳолати рўҳии гурӯҳ вобастагӣ дорад;
  • роҳбарӣ нисбат ба тобеон дорои низоми муайяни санксияҳои гуногун мебошад, вале сарварӣ онро надорад;
  • раванди қабули қарор барои роҳбар душвор буда, ҳолатҳои гуногуни ғайримустақимро ифода мекунад ва ҷорӣ кардани он дар гурўҳи мазкур муҳим нест, ҳол он ки сарвар дар чунин вазъият қарорҳои бевосита қабул мекунад;
  • доираи фаъолияти сарвар асосан гурўҳи хурд мебошад, доираи фаъолияти роҳбар низоми боз ҳам васеътари иҷтимоӣ аст:

Новобаста аз фарқиятҳои гуногун, баъзан нақши сарварро бо роҳбар якҷоя кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат, роҳбар-сарвар, чӣ тавре ки таҳқиқоти фаъолияти ташкилотҳои муваффақ нишон додаанд (олимони донишгоҳи Мичиган гузаронидаанд), бо параметрҳои зерин арзёбӣ мегардад:

  1. Дар муқоиса бо идоракунии муфассалу мушаххаси кормандон, роҳбарии умумӣ барои ноил шудан ба мақсадҳо бартарӣ пайдо мекунад:
  2. Ба корҳои идоракунӣ нисбат ба дигар нишондодҳои кормандон бештар вақт сарф карда мешавад:
  3. Барои банақшагирӣ ва ҳалли вазифаҳои махсус бештар вақт ҷудо карда мешавад:
  4. Ба раванди қабули қарорҳо кормандон доимо ҷалб карда мешаванд:
  5. Кормандро дар маркази манфиятҳои меҳнатӣ қарор медиҳад ва ба ҳосилнокии баланди меҳнатӣ мусоидат мекунад. Дар айни замон, нисбат ба эҳтиёҷот ва мушкилоти кормандон ғамхории самимона зоҳир мегардад.

Психологияи идоракунӣҚайд кардан муҳим аст, ки ба фаъолияти коллектив кормандони гуногун бо тарзҳои гуногун таъсир мерасонанд. Муваффақияти фаъолияти роҳбарро қобилияти мутобиқ гардонида тавонистани талаботи кори самаранок, муносибати расмӣ бо кормандон барои саҳми назаррас дар фаъолияти истеҳсолӣ, ҳавасманд ва эҳтиром намудани кормандон дар бар мегирад.

Аксари психологон бар он назаранд, ки роҳбари муваффақ бояд сарвар шавад ва қобилияти ба фикру ақида, мавқеъ, фаъолияти иҷрокунандагии коргарон таъсир расониданро дошта бошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ширкатҳои пурқудрати ҷаҳониро сарварон- роҳбарони пешрафта роҳбарӣ мекунанд.

Роҳбарӣ ҳамчун функсияи ба фаъолият водоркунандаи менеҷмент, асосан ба амру дастурамалҳо, маслиҳат, таъинот, фармоишҳо, ҳамчунин ташкили низоми самараноки таъсиррасонӣ, ҳавасмандгардонии ҷидду ҷаҳди кормандон барои ноил шудан ба ҳадафҳо асос ёфтааст.

Дар ҳолате, ки роҳбар ба гурўҳи қаблан таъсисшудаи дорои малакаҳои баланди корӣ дучор мегардад, ба ў зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи малакаю маҳорати коргарон бештар ба дастуру назорат диққат диҳад. Дар раванди сарварӣ ў бояд ба муҳити иҷтимоӣ – психологии гурўҳ ва ҳисси мансуб будан ба он диққати зарурӣ диҳад. Бинобар ин, бояд ҳиссаи фармоишҳо дар муқоиса бо корҳои фаҳмондадиҳӣ кам карда шавад.

Муносибатҳои минбаъдаи сарварон бо тобеонро, таъкид менамояд муҳаққиқи рус Розанова Валентина Аликсеевна, чунин ба роҳ мемонанд, ки барои иҷрои кори охирин нисбати аввала масъулияти баландтар талаб карда мешавад. Дар ин сурат, дар фаъолияти иҷрокунандагон сарвар назорат ва дастурҳои бевоситаро коҳиш медиҳад, онҳоро танҳо барои худназораткунӣ ва машварат оид ба масъалаҳои алоҳида талқин менамояд. Дар айни ҳол, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки бо кормандон бештар муошират намоянд, маслиҳатҳои онҳоро дастгирӣ намояд ва робитаи мутақобиларо барқарор созад. Барои он ки тафаккури эҷодӣ рушд ёбад, сарвар тарз ба он ноил шуданро нагуфта, дар назди онҳо мақсад мегузорад.

Сарвар ҳокимияти обрўй дорад, роҳбар бошад, ҳокимияти ваколатҳоро. Психологи амрикоӣ Ҷон Кенҷемӣ қайд менамояд, ки ҳокимияти обрўй дар муқоиса аз ҳокимияти ваколатҳо қобилияти водор кардан, ҳавасманд намудани одамон, бовар кунонидан ва рўҳбаланд кардани онҳоро ифода мекунад. Дар муқоиса аз ҳокимияти ваколатҳо, ҳокимияти обрўй субеъкти гурўҳиро аз худ мекунад ва як намуди подоши (мукофот) гурўҳӣ мебошад. Дар ин ҳолат хавф низ вуҷуд дорад, чунки ҳокимияти обрўй метавонад хеле осон аз даст биравад.

Аз китоби Ҷумахон Файзализода
“Психологияи идоракунӣ”, қисми 2.
Душанбе соли 2021.

Хонандагон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул  Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.