“Саёҳати Гуливер” ба ҳуруфи брайлӣ

Jonathan SwiftДар миёни китобҳо бо ҳуруфи брайлӣ, ки ахиран вориди шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ шуд, “Саёҳати Гуливер”-и Ҷонатан Свифт мебошад. Ин китоб аз ҷониби иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбаҳш» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон ва дасигирии молиявии созмони амрикоии «USAID»руйи чоп омадааст.

Ҷонатан Свифт  (анг. Jonathan Swift) – нависандаи ҳаҷвнигор, мақоланавис, файласуф, шоир ва ходими ҷамъиятии англису ирландӣ 30 ноябри соли 1667 дар Дублин ба дунё омадааст. Свифт тамоми асарҳояшро ба истиснои “Пешниҳоди ислоҳ, такмил ва таҳкими забони англисӣ” бидуни зикри номи муаллиф ё бо номҳои сохта нашр кардааст. Дар миёни онҳо рисолаю шеърҳои ҳаҷвӣ ҷои асосиро ишғол мекунанд. Дар он замон Свифтро ҳамчун “устоди рисолаҳои сиёсӣ” тавсиф мекарданд.

Бо мурури замон асарҳои ў сиёсати тезу тунди худро гум карданд, вале намунаи мазҳакаи киноявӣ гардиданд. Китобҳои ӯ дар тӯли ҳаёташ ҳам дар Ирландия ва ҳам дар Англия хеле маъмул буданд, ки онҳо бо теъдоди зиёд нашр мешуданд. Бархе аз осори ў, сарфи назар аз шароити сиёсии ба вуҷуд омада, миёни ҳаводорони каломи адабию бадеӣ машҳур гардиданд.

Ин пеш аз ҳама романи ҳаҷвӣ-тахайюлии «Саёҳатҳои Гулливер» дахл дорад, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба яке аз китобҳои классикӣ ва серхонанда табдил ёфтааст ва инчунин аз рўи ин асар даҳҳо маротиба филм ба навор гирифта шудааст.

“Саёҳатҳои Гулливер” ба унвони  сафарҳое ба бархе мамолики дуруфтодаи ҷаҳон дар чаҳор бахш навишта шудааст. Аввалин тарҷумаи русии «Саёҳатҳои Гулливер» солҳои 1772-1773 таҳти унвони «Саёҳатҳои Гулливер ба Лилипут, Бродиняга, Лапута, Балнибарба, кишвари Гуингм ё ба назди аспҳо» нашр шудааст.

Ин китоб  ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва борҳо нашр шудааст.

Афроде, ки нобиноанд, ҳоло имкон доранд ин китоби аҷоиб ва шавқоварро бо ҳуруфи брайлӣ дар толори хониши Шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имкониятшояшон маҳдуд мутолиа намоянд.

Шакли электронии китоб ин ҷост: “САЁҲАТИ ГУЛЛИВЕР

Хомия Тӯфонова,
мутахассиси шуъбаи хизматрасони
ба шахсони
имконияташон маҳдуд.