Се Дижи “Шаҳнома” ва як дижи дигар Дижи Алонон
Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ диж (қалъа) – ест, ки Салм дар он паноҳ бурдан мехост, вале Қоран – паҳлавон сипоҳи Мануҷеҳр онро фатҳ намуд. Дижи Алонон дар миёни дарё сохта шуда буд.
Яке ҷой дорад сар андар саҳоб,
Ба чора баровард аз қаъри об.
Ниҳода зи ҳар чиз ганҷе ба ҷой,
Фиканда бар ў соя парри ҳумой.
Дар Дижи Алонон ганҷи фаровон, ғизову улуфаи бисёре вуҷуд дошт. Агар Салм дар он ҷой мегирифт, метавонист, аз набарди Мануҷеҳр рўй тофта, ба оромӣ дар он ҷо умр ба сар барад, вале Қоран дирафши шоҳ ва ангуштарини Турро ба дижбон нишон дода, дари онро боз намуд ва сипоҳашро, ки бо сарварии Шерўй ном паҳлавон дар камин будаанд, ба сўи диж даъват кард ва роҳи Салм ба Дижи Алонон баста шуд.
Дижи Баҳман
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дижи сеҳру ҷоду кардашуда, замини гирду атрофаш гарму сўзон, сари бораш андар ҳаво. Дар ин диж девону аҳриманон (неруҳои бадӣ) маскан гирифта буданд.
Пас аз он ки Кайковус пир шуд ва аз тахту салтанат даст кашид, талабгорони тахти шоҳӣ пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Фарибурз – писари Кайковус ва дигаре набераи ў Кайхусрав буд. Барои ба тахт нишастани Фарибурз Тўс ва барои подшоҳ шудани Кайхусрав Гударз дахолат ва миёнаравӣ мекарданд. Дарбориён, сипаҳсолорон пас аз машварат қарор доданд, ки шахсе подшоҳ хоҳад шуд, ки Дижи Баҳманро кушода тавонад. Тўсу Фарибурз ба фатҳи диж рафтанд.
Ҳафтае дар гирду атрофи он гаштанд, вале ба гармии замин тоб наоварда, ноком баргаштанд. Сипас Кайхусрав ҳамроҳи Гударзу Гев ва сипоҳ ба фатҳи Дижи Баҳман равон шуданд. Кайхусрав номае дар ситоиши Худованд навишт ва ба Гев дод, ки онро бо нўги найза бигираду ба девори диж насб кунад. Гев ҳамчунон кард. Аз таъсири ин нома аз диж дуду оташ баромаду ҷаҳон торик шуд.
Кайхусрав амр кард, ки сипоҳиён дижро тирборон кунанд. Девони сокини диж рў ба гурез ниҳоданд, ҷаҳон равшан гардид ва роҳи диж кушода шуд. Дар ҷои диж оташкадаи Озаргушасп бунёд шуд ва Кайхусрав муддате он ҷо ба ибодат машғул гардид. Кайхусрав чун фотеҳи Дижи Баҳман соҳиби тоҷу тахти Эрон шуд.
Муаллиф: Г.Саъдиева.
Дижи Сапед
Дижи Сапед дар шоҳномаи Фирдавсӣ диж, қалъаест, ки дар марзи Эрону Турон қарор дошт. Ба мисли дижҳои дигар на дар болои кўҳ, балки дар рўи замин сохта шуда, дару дарвозаи бузурге дошт, ки ба қалъаи марзбонӣ монанд буд. Дар дохили Дижи Сапед Гаждаҳам ном паҳлавони пири Эрон ҳукмрон ва дижбон ва сарвари лашкар Хаҷир буданд.
Суҳроб, ки азми фатҳи Эронро дошт, сараввал ба ин диж расид. Хаҷир ба набарди Суҳроб баромад, вале пирўзӣ ба даст оварда натавонист. Сўҳроб ўро асир гирифт. Ба ҷанги Сўҳроб духтари Гаждаҳам Гурофарид баромад, вале Суҳроб ўро низ шикаст дод. Гурдофарид бо ҳилаю найранг аз дасти Суҳроб раҳоӣ ёфта, дари дижро ба рўи Суҳроб баст. Гаждаҳам ва сипоҳиён шабонгоҳ тавассути роҳи зеризаминӣ Дижи Сапедро тарк карданд.
Рўзона Суҳроб бо лашкар дари Дижи Сапедро кушода дохили диж шуд, вале ба ғайр аз чанд сокини осуда касеро пайдо накард.
Муаллиф: Г.Саъдиева.
Дижи Нибишт
Дижи нибишт, Дижи нипишт, Дижи навишт, қалъи нигаҳдории навиштаҳо ва асноди давлатӣ. Дар осори паҳлавӣ («Ардавирофнома», «Динкард» ва ғайра), инчунин таърихҳо бо забони арабӣ ва форсӣ (асарҳои Табарӣ, Саолибӣ, Ибни Мискавейҳ, Мақдисӣ, Ибни Балхӣ ва дигарон) ҳар ҷо, ки аз таърихи Авесто навишта шудани он сухан меравад, оварда шудааст, ки Дорои Дороён [яъне Дориюши севвум, (ҳукмрониаш 336-330 том)] дастур дод, ки Авесто дар ду нусха навишта шавад.
Яке аз онҳо дар оташкада ва дигаре дар Дижи Нибишт нигоҳ дошта шаванд. Дар баъзе осори номбаршуда, мас: Табарӣ, навишта ва нигаҳдории Авесто ба замони Гуштосп нисбат дода шудааст. Маҳали ҷойгиршавии Дижи нибишт-ро Каъбаи Зардушт, Нақши Рустам ва қўҳи Истаҳри Форс гуфтаанд.
Аз ин се маҳал кўҳи Истаҳр ба ҳақиқат наздиктар аст.
Муаллиф: М.Диловаров
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 588.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.