Се суоли Нозанин ба довталабони Озмуни «Фурӯғ»

Дар толори “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми июли соли 2026 наворбардории барномаи навбатии телевизионии “Се суоли Нозанин” бо довталабони ин озмун сурат гирифт. Ин барнома, ки дар ҳамкории Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад, чун санҷишгари раванди омодагии иштирокчиёни озмуни мазкур мебошад.
Дар санҷиши навбатӣ ровии барнома Нозанини Шӯҳрат хонандагонро аз рӯи чор номинаи адабиёт мавриди суолу ҷавоб қарор дод. Нахуст ба гурӯҳи бачаҳое, ки довталабони номинаи адабиёти бачагона буданд, суолҳои зеринро пешниҳод намуд:
1. “Ҷага”-и Фазлиддин Муҳаммадиев. Нишонаҳои аввалини нодуруст тарбия шудани Ҷагаро аз чӣ фаҳмидан мумкин буд?
2.”Дар суроғи дӯст”-и Ш. Муҳаммадёр. Дар ҳамин афсона кӣ барои пайдо кардани дӯсти ҳақиқӣ талош мекунад ва оё дар охир дӯст пайдо мекунад? Кӣ бошад дӯсташ?
3.”Полвон”-и Б. Ортиқов. Ғайрат сагро меёбад маълум шуд, ки саги чӯпонӣ будааст ва ӯро Полвон ном мегиранд, ҳарчанд меҳрубонӣ мекарданд, чанд вақт ҳамроҳ буданд, лекин Полвон хурсандӣ намекард чаро?
Посухҳои Маҳмадуллоева Отифа хонандаи синфи 7-уми мактаби ноҳияи Шоҳмансур дуруст, батафсил ва шоёни таҳсин буданд.

Суолҳое, ки ба гурӯҳи довталабони номинаи адабиёти классик пешниҳод шуданд чунин буд:
1.Яке мард буд андар он рӯзгор…
Мисраи мазкур аз кадом асар аст?
2. “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ аз кадом бобҳо иборат аст?
3.Абутоҳири Тартусӣ кадоме аз ин асарҳоро навиштааст:
“Абумуслимнома”, “Доробнома”, “Синдбоднома”, “Сиёсат-ул-мулук”?
Тибқи ҷавобҳо хонандаи синфи 11 литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Муродзода Нигина фаъолияти бештар нишон доданд.

Ба довталабони номинаи адабиёти муосир суолҳои зерин пешкаш шуд:
1.Асари машҳури адабиёти муосири тоҷик “Одина” бо кадом мисраҳо оғоз мешавад?
2.Саге, ки тули чанд рӯз гирди чизе бо умеди пайдо шудани соҳибаш давр мезанад. Ин аз кадом асар аст?
3.Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо….
Байти зерин аз кадом достон аст ва муаллифаш кист?
Дар ин бахш ҷавобҳои Марям Мамедова, хонандаи синфи 11 мактаби №53 ноҳияи Исмоили Сомонӣ қаноатбахш буданд.
Суолҳое, ки аз довталабони номинаи адабиёти ҷаҳон пурсид инҳо буданд:
1.”Асрор ва Румуз”, “Паёми машриқ”, “Забури аҷам”, “Армуғони ҳиҷоз”, “Ҷовиднома” асарҳои кадом адиби ҷаҳонианд?
2. “Ӯ ҳис кард, ки дохили маҷрои халиҷ шудааст ва чароғҳои бошишгоҳҳои қади соҳилро медид. Акнун дар куҷо буданашро медонист ва роҳи манзилро ёфтан душвор набуд….”
Ин порча аз кадом асари кадом адиби ҷаҳонӣ аст?

3.Номи пурраи пирамард аз асари “Пирамард ва баҳр”-и Эрнест Ҳеменгуей чӣ буд?
Меҳриддинзода Нозия, хонандаи литсейи инноватсионии ноҳияи Фирдавсӣ ба суолҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Нозанини Шуҳрат ба иштирокдорон арзи сипос намуда, таъкид намуд, ки барои давраи минбаъдаи озмун боз ҳам хубтару беҳтар омодагӣ бинанд ва бо ҳамин нуктаҳо барномаро анҷом бахшид.
Ин гуна барномаҳои телевизиони боиси рушди зеҳнӣ ва ақлонии аҳли ҷомеа гардида завқи китобхонирӣ дар замири эшон бедор хоҳад кард. Бошад, ки шумораи чунин барномаҳо афзун гардад.
Инобат БОБОЕВА,
бахши робита бо ҷомае.