«Се суоли Нозанин» — бозтоби дониш, китобдӯстӣ ва маърифати адабӣ дар «Фурӯғ»

28 – уми августи соли 2026 дар толори «Фурӯғ»-и Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангӣ ва телевизионии «Се суоли Нозанин» баргузор гардид.

Маҳфили мазкур дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» баргузор шуда, ба санҷиши дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати адабии довталабон аз рӯйи чор номинатсияи озмун — «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти классикии тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» бахшида шуд.

Ҳадаф аз баргузории маҳфил таҳкими завқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ, рушди ҷаҳонбинии хонандагону довталабон ва мусоидат ба омодагии онҳо ба марҳилаҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявӣ буд.

Дар маҳфил довталабони чор номинатсияи озмун, инчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Барномаи «Се суоли Нозанин»-ро ровии Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» Нозанини Шуҳрат пеш бурд.

Раванди чорабинӣ дар шакли суолу ҷавоби телевизионӣ сурат гирифта, довталабон ба саволҳои марбут ба осори адабии тоҷик ва ҷаҳон, адабиёти кӯдакону наврасон, осори шифоҳӣ, инчунин талаботи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷавоб гуфтанд.

СУОЛҲОИ МАҲФИЛ

Номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ»

  1. Ҷамол бо як замбӯр вохӯрда, шоҳиди воқеаҳои аҷиби ҳаёт мегардад ва ҳатто ба сайёраи дигар сафар мекунад. Ин чӣ гуна замбӯр буд? Онҳо ба кадом сайёра мераванд ва сухан дар бораи кадом асари бадеӣ меравад?
  2. «Рав неш зан даррандаро,
    Паррандаро, чаррандаро,
    Ки аз ҳама ширинтар аст,
    Фардо хабар бинмо маро».

Мисраҳои мазкур аз кадом китоби кадом кадом адиб иқтибос шудаанд?

  1. Ду писарбачаи хурдсол ғайричашмдошт ба шаҳри Москав мераванд ва дар ҷараёни сафар шоҳиди воқеаҳои аҷиб мегарданд. Сухан дар бораи кадом асари бачагона меравад?

НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК»

  1. Як масал аз «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ нақл кунед.
  2. Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

«Таярони мурғ дидӣ ту зи пойбанди шаҳват…»

Маънии калимаи «таярон» чист?

  1. «Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам…»

Мисраҳои мазкур аз кадом навъи шеърӣ гирифта шудаанд ва ба кадом шоир тааллуқ доранд?

НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК»

  1. «Хон, писарам, дар кадом ҳолате, ки набошад, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав. Гар мударрис шавӣ, майлат…» Гӯяндаи ин суханҳо кист ва порча аз кадом асар гирифта шудааст?
  2. «Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд…» Сухан дар бораи кадом ҷанг меравад ва ин мисраи шеърӣ ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
  3. Қорӣ Ишкамба чӣ қадар пул дошт? Сухан дар бораи кадом асар меравад ва муаллифи он кист?

НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ ҶАҲОН»

  1. Дар асари «Шоҳзода ва Гадо» як ашё гум мешавад ва дар охири асар писарак бо ёфтани ҳамон ашё Шоҳзода будани худро тасдиқ мекунад. Он чӣ ашё буд ва писари Гадо бо он чӣ кор мекард?
  2. Ду сабаби тарк кардани сайёраи худ аз ҷониби Шоҳзодаи хурдакак дар чӣ буд?
  3. Як шеърро бо забони англисӣ қироат кунед.

Дар ҷараёни суолу ҷавоб довталабон донишу ҷаҳонбинӣ ва маҳорати хешро дар самтҳои гуногуни адабӣ нишон дода, доир ба осори адибони классик ва муосири тоҷик, адабиёти кӯдакону наврасон, осори шифоҳӣ ва адабиёти ҷаҳон маълумоти худро ба намоиш гузоштанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои суолу ҷавоб дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» Маҳмадуллоева Отифа, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансур; дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» Умарзода Фаришта, хонандаи МТМУ №6-и ноҳияи Фархор; дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» Соро Аскарова, хонандаи Литсейи инноватсионии №1-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» Руқия Ҷумъазода, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №17-и ноҳияи Варзоб ба як қисми пурсишҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дуруст доданд.

Маҳфил дар фазои солими маънавӣ ва адабӣ баргузор гардида, барои довталабон ҳамчун як навъ санҷиши дониш ва омодагӣ ба иштирок дар марҳилаҳои минбаъдаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хизмат намуд.

Ҳамкории Китобхонаи миллӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» дар самти баргузории чунин барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ барои ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва тақвияти маърифати адабии онҳо аҳаммияти муҳим дорад. Чунин ташаббусҳо барои таҳкими робитаи насли наврас бо китобу адабиёт ва омодагии шоистаи онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар фарҷоми маҳфил ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос карда шуда, ба довталабон дар марҳилаҳои минбаъдаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барору комёбӣ, азми қавӣ ва дастовардҳои нав таманно гардид.

Маҳфили адабӣ-фарҳангӣ ва телевизионии «Се суоли Нозанин» бо ҷамъбасти натиҷаҳои суолу ҷавоб ва табрику таманниёти нек ба анҷом расид.

Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа