Се узви нави Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон аз Тоҷикистон

Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор, профессор Абдунабӣ Саттозода ва Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи “Саддои Шарқ” Рустам Ваҳҳобзода  ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуданд. Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ як маркази илмӣ-таҳқиқотии маъруф дар олам ба шумор меравад. Субҳи имрӯз дар ҷараёни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи бузургдошти шеъру адаби порсӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ мадраки узвиятро ба устодон Гулрухсор, Абдунабӣ Сатторзода ва Рустам Ваҳҳобзода супурд.

 

Ин ҳамоиш чун анъанаи ҳарсола субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз адибон, донишмандон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони шеъри порсӣ дар толори Саъдии Шерозии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамоишро, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуда буд, бо сухани муқаддамотӣ Муҳаммадтақӣ Собирӣ оғоз намуд ва аз азамату шуҳрати шеъри порсӣ на танҳо дар қаламрави форсизабонон, балки ақсои олам изҳори назар намуд.

Дар ҳамоиш адибону донишмандон ва ҳунармандони шинохта Низом Қосим, Гулрухсор, Рустам Ваҳҳобзода, Абдунабӣ Сатторзода, Ато Мирхоҷа, Абдуҳамид Самад, Муҳтарам Ҳотам, Марям Исоева, Абдумуъмин Шарифӣ, Доро Наҷот, Латофат Кенҷаева, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.

Маҳфилро ҳунарманди шинохта Ортиқ Қодир барандагӣ мекард ва бо қироати шеърҳо аз ашъори бузургони шеъри порсӣ ба ҳусни маҳфил ҳусн мебахшид