Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12 – уми сентябр
Соли 1660 дар Гаага дар синни 82-солагӣ шоир ва дипломати аҳли Нидерландия Якоб Катс аз олам гузашт. Вай 10 ноябри соли 1577 ба дунё омада буд. Аввадлвакили мудофеа буд ва баъдан ба кори омӯзгорӣ гузашт ва то ба зинаи профессори донишгоҳи Лейден расид. Соли 1627 сафири Ҳолланд дар Англия буд. «Emblemata en Zinnebeelder»; «Zelfstryd»; «Huwelyk» номи се асари маъруфи ӯ мебошад. Соли 1902 дар шаҳри Киев шоири амрикоӣ Мария Затуренская ба дунё омад. Соли 1910 вақте ҳамагӣ 8 сол дошт, хонаводаи онҳо ба ИМА кӯчид ва ӯ дар донишгоҳи Валпараисои иёлати Индиана, донишгоҳи Висконсин дар Мадисон ва донишгоҳи Сиракуз таҳсил…