Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзализода Ҷумахон Хол-доктори илмҳои педагогӣ, профессор 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна (1980) дар корҳои мавсимии хоҷагидории совхозҳои Кангурт ва Исмат Шарифов кор кардааст. Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1992 факултаи таърихи Институти давлати педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко хатм карда, муддате муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби миёнаи №62 ш. Душанбе, ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (992-1996), аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (1995-1998), муаллими калони кафедраи…