Сеюмин Рӯзи дарҳои боз…
Одамон меоянду мераванд. Аз корхонаҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-маърифатӣ, мактабҳои таҳсилоти миёна…Даста-даста ба Китобхонаи миллӣ меоянд. Онҳоро дами дар кормандони Китобхона истиқбол мегиранд. Роҳбаладон мебаранд ба толорҳои хониш, осорхонаи китоб, толорҳои озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, Осорхонаи китобу дастхатҳои Шарқ…
Ҳамин лаҳзаҳо гурӯҳе аз кормандони “Амонатбонк” вориди Китобхонаи миллӣ шуданд. Барояшон гӯя ҳама чиз наву диданӣ буд: ҳам толорҳои хонишу ҳам осорхонаи китоб .
84 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ бо шавқи зиёд бо дастовардҳои Китобхонаи миллӣ, ниизоми қабулу гусели хонанда дар ин боргоҳи маърифат, намунаҳои осори хаттии ниёгон шинос шуданд.
42 нафар донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ қатори дигарон меҳмони Китобхонаи миллӣ буданд. Барои онҳо низ он чизе диданд, нав буд. Бахусус нақли роҳбалад дар бораи шоҳкори наққоши мониқалами тоҷик Сабзалӣ Шариф, ки ошёнаи сеюмро оро медиҳад, ҷолибу шуниданӣ буд.
Рӯзи дарҳои боз идома дорад…
Абдуғаюр Саломов