Семинар дар мавзуи маъюб кист ва маъюбият чист дар Китобхонаи миллӣ
Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” дар шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар доираи барномаҳои “Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ” барои занон семинар доир намуд.
Омӯзишро ба шахсони имконоти маҳдуддошта директори Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” Саида Иноятова оғоз намуда, ба роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ барои ҳамкориҳо ва фароҳам овардани фурсати муносиб ва шароити хуб арзи сипос намуд.
Дар он 20 нафар бонувон даъват шуда буданд. Дар семинар дар мавзуҳои фаҳмиши муосири маъюбият, равандҳои он, монеаҳо барои ин гурӯҳи ҷамъият, забони муошират, фаъол будани шахсони дорои имконоти маҳдуд низ баррасӣ шуд.
Бибиҷон Гандумова, докторанти курси 1-и факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар семинар аз фаъолон буд ва таасуроташро аз семинар чунин баён намуд:
– Бо шарофати ин семинар ҳуқуқҳоямро фаҳмидам, донистам, ки бояд миёни ҷомеа бошем, худро аз ҷамъият дур нагирем, худро маъюб эҳсос намкунем, маъюбу солим нагӯем ва фаъол бошем. Ман муддати 7 сол аст, ки аъзои шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ҳастам. Ин семинар ба ман бисёр чиз дод.
Меҳриннисо Давлатшоева – омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии махсуси маъюбон аз дигар шунавандагони семинар буд, ки мушкилоти шахсони дорои имконоти маҳдудро ба барраасӣ гирифт ва пешниҳодҳои ҷолибу муҳим барои ҳалли як қатор мушкилоту монеаҳои шахсони нуқсонҳои маъюбидошта пешниҳод намуд.
Шукрона Давлатова- маъюби гурӯҳи дуюм аст ва аз таҳқири одамони солим шикоят кард, ки моро маъюб омад гӯён таҳқир мекунанд. Ман дар ин маврид чӣ кор кунам, чӣ ҳуқуқ дорам, мепурсад ӯ. Кӯча мебароям, кӯр омад, девона омад гӯён масхараам мекунад,- гуфт ӯ ва афзуд: – Ба ҷои шикоят бурдан ба ҷое ба хона даромада инони гиряро сар медиҳам. Ба ӯ ваъда доданд, ки бо ҳуқуқшиносони ташкилотҳо ошно намуда, барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Семинар барои се рӯз ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои 19 ва 20-уми моҳи сентябр низ идома мекунад ва мавзуҳои солимии репродуктивӣ ва аз байн бурдани монеаҳои ҳаёти маълулон, инчунин қонунҳои дигари марбут ба омӯзишро барарсӣ мекунад.
Раҳима Аъзам.