Семинар-машварати “Аз модели хайрия то модели мустаққилият” дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои гуногунмавзуъ идома доранд. Дар ин қатор шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо иштироки як қатор намояндагони ҳаракату ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва 20 нафар хонандагони шуъбаи мазкур  семинар-машварат баргузор намуд.

Иштирокдорони семинар-машварат директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии маъюбон “Неъмат” – Алӣ Асадуллозода, директори ташкилоти ҷамъиятии “Хайрияи озод” – Абдулазиз Ашуров, сардори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони  ноҳияи Рӯдакӣ “Ҳаракат”Муҳаммадиқбол Ҳайдаров ва чанди дигарон ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди имкониятҳо, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва иқтисодии шахсони дорои маъюбият ва таҳкими заминаҳои гузариш аз муносибати кумакрасонӣ ба фароҳамсозии имкониятҳои воқеии мустақилона даст заданд.

Бояд гуфт, ки ин иқдом ба хотири пуштибонӣ аз қишри ниёзманди ҷомеа дар шароити рушди ҷомеаи муосир фароҳам овардани муҳити дастрасу фарогир, таъмини имкониятҳои баробар барои таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст. Ин аст, ки масъалаи “аз кӯмак ба мустаққилият” на танҳо як ҳадафи иҷтимоӣ, балки бозгӯи муносибати нав ба имконияту неруи инсонӣ мебошад.

Садри семинар-машварат директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии маъюбон “Неъмат” – Алӣ Асадуллозода баромад намуда, қайд кард, ки рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани ҳуқуқҳои маъюбон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Гуфта шуд, ки шахсони дорои маъюбият набояд, ки танҳо объекти кӯмак бошад, балки чун шахси дорои истеъдод, дониш, касб, ҳунар ва ҳуқуқи мустаққилона интихоб намудани роҳи зиндагии худ эътироф гардад. Аз ин рӯ “мо бояд аз як модели муносиб ба модели муносиб гузарем, яъне аз кумак ба имконият, аз имконият ба омӯзиш ва аз омӯзиш ба меҳнат, аз меҳнат ба даромад ва аз даромад ба мустаққилият.”

Ҳамзамон Алӣ Асадуллозода иброз дошт, ки ҳадафи ташкилоти ҷамъиятии “Неъмат” ҳам дар ҳамин аст, ки ба ҷойи вобастагӣ аз кӯмак ба рушди қобилият ва мустаққилияти иҷтимоиву иқтисодии шахсони дорои маъюбиятро таъмин намоем. Дар ин раванд  соҳибкории иҷтимоӣ нақши муҳим дорад.

Сипас муовини директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии маъюбон “Неъмат” Юсуфҷон Бойбобоев сухан ронда,  афзуд, ки ин нишаст кӯшишест барои дарёфти ҷойи кору фаъолият ба шахсони дорои маъюбият. “Вобаста ба хоҳишҳои ин ашхос – хоҳ хоҳиши дар истеҳсолот фаъолият кардан дошта бошанд, хоҳ дар соҳаи  хидматрасонӣ, тавониста бошем ба онҳо кумак кунем. Мақсад аз ин семинар-машварат ин шароит фароҳам овардан ба маъюбон на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдасти кишварамон вобаста аз имкониятҳову ҳунарашон фаъолият намудан аст, то новобаста аз кӯмакҳои давлату Ҳукумат ва шахсони хайрхоҳ худашон дар зиндагӣ мустаққил бошанд.  Яъне дар воқеъ, шахсони дорои маъюбият дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқ бошанд. Тавонанд дар баробари дигар намояндагони ҷамъият кору фаъолият намоянд, то худро аз дигарон кам мабинанд.”

Дар навбати худ сардори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони  ноҳияи Рӯдакӣ “Ҳаракат” – Муҳаммадиқбол Ҳайдаров баромад намуда, таъкид дошт, ки ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаракат” дар ноҳияи Рӯдакӣ ба тавонбахшии кӯдакони дорои маъюбият сару кор дорад ва ба муассисаҳои таълимӣ равона мегардонад. Мавсуф иброз дошт, ки  “623 нафар кӯдаки дорои маъюбият дар ноҳияи Рӯдакӣ пас аз тавонбахшии ҷамъияти “Ҳаракат” дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ мехонанд, ки ин боиси ифтихори мост. Даврони соҳибистиқлолии кишвар моро ба дастовардҳо оварда расонида бошад ҳам, мутаассифона ҳаёти шахсони дорои маъюбият ба шакли пешин мондааст, гӯем, хато намекунем, зеро ин афрод фаъолнокияшон кам аст. Аз як тараф агар сабабаш дар дилмондагиву қолабҳои ношикастаи пешина бошад, аз тарафи дигар сабаб дар он аст, ки ҷомеа ҳоло ҳам барои фароҳам овардани мустаққилият ба шахсони имконияташон маҳдуд ақибнишинӣ мекунад.”  Ҳамзамон таъкид, кард ки шахсони дорои маъюбият ақибнишинӣ накунанд, фаъол бошанд, кӯшиш кунанд дар байни ҷамъият бошанд.

Сипас Абдулазиз Ашуров директори ташкилоти ҷамъиятии “Хайрияи озод” аз ноҳияи Масчоҳ баромад намуда, аз таҷрибаи кору фаъолияти хеш, доир ба аз болои худ кор карданаш ба ҳозирин гуфта гузашт. Абдулазиз Ашуров иброз дошт, ки аз модули хайрия ба модули мустаққилият расидан хеле роҳи тулонист. Ба ақидаи мавсуф, “ҷомеа шахсони имконияташон маҳдудро маъюб кардааст. Зеро савол ба миён меояд, ки чаро маъюб корманди давлатӣ шуда наметавонад? Чаро ҳуқуқшинос шуда наметавонад? Мо бояд, пеш аз ҳама дар болои ин кор кунем, то дар ҷамъият ба фаъолияти мо ниёз пайдо гардад. Бояд гуфт, ки дар маъюб ду шакли маъюбият ҳаст. Яке ҷисмонӣ дигаре руҳӣ. Маҳз ана ҳамин маъюбияти руҳӣ инсонро пачақ мекунад. Маъюбонро зарур аст, ки дар болои худ дар ду самт кор баранд. Аввало худро аз руҳияи маъюбӣ берун мекунад ва баъдан болои маъбияти ҷисмонияш кор мекунад.”

Тазаккур додан зарур аст, ки дар семинар-машварати “аз кӯмак ба мустаққилият” масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори шахсони дорои маъюбият, имкониятҳои иштироки онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, нақши дониш ва таҳсил дар таҳкими мустақилияти шахсӣ, инчунин зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи қобилиятҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар фарҷоми ин ҳамоиши хеле фарогир музокироти ҷолибе миёни иштирокдорон ба амал пайваст, ки ҳама ба суолҳои худ ҷавоб мегирифтанду суолҳо гӯё тамомӣ надоштанд, зеро ин масъала худ хеле фарогиру доманадор аст.

Мо аминем, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар Китобхонаи миллӣ барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, табодули афкор, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи шахсони дорои маъюбият метавонад таконе бахшад.

Махфират Муҳидинова,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа