Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи маъюбон

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ доир шуд. Ин ҳамоиш дар доираи Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи маъюбон, ки ҳар сол 5-уми май таҷлил мешавад, бо ширкати директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии маъюбон “Неъмат” Алӣ Асадуллозода, ҳуқуқшиносон ва аъзоёни шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.

Пас аз анҷоми семинар барои ширкатдорони он зиёфат дода шуд,ки ширинҳои онро ширкати “Лазати Азиз” ва ошу хуришашро Раҷабгул Сафарова хайрхоҳе таъмин намуд.

-Имрӯз, мо як рӯзи муҳимро ҷашн мегирем — Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи шахсони дорои имконоти маҳдуд. Ин рӯз барои ҳар яки мо рамзи мубориза барои баробарӣ, шаъну шараф ва эътироф мебошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд:

«Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат аст»,- гуфт дар семинар Алӣ Асадуллозода.

Ба гуфтаи ӯ шахсони дорои маълулият на танҳо як гурӯҳи иҷтимоӣ, балки қувваи созанда ва манбаи имконотҳои нав ҳастанд. Мо ҳақ дорем таҳсил кунем, кор кунем, орзу дошта бошем ва ба оянда бовар кунем! Биёед, якдигарро рӯҳбаланд кунем, дастгирӣ намоем ва ҷомеаро ба як фазои инсонмеҳвару дастрас барои муҳаббати щамагонӣ табдил диҳем. Имрӯз — рӯзи мо, рӯзи ҳимояи ҳуқуқ, рӯзи ирода ва умед аст!

Саломат Яъқубова сармутахассиси шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳуд.