Семинари омӯзишӣ барои шахсони дорои имконоти маҳдуд дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
Шуъбаи хизматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ” семинар доир намуд. Абдулазиз Ашуров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятиии “Хайрияи озод” ташаббуси баргузории онро бар дӯш дошт.
Ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани савияи ҳуқуқии маълулон ва фаҳмонидани ҳуқуқу имтиёзҳои ин қишри ҷомеа аст. Доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Ҳар яки мо новобаста аз камбудии ҷисмонӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд бидонем. Аз ин рӯ ташкилоти мо тасмим гирифт, ки бо ин гуруҳи ҷомеа семинар гузаронад, то тавонем дониши ҳуқуқиашонро васеъ намоянд ва мавқеи худашонро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидонанд, ки аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Дар семинар намояндагони Иттиҳоди миллии маъюбон, Агентии ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони ташкилотҳо ҳузуру суханронӣ намуданд.
Абдулазиз Ашӯров таъкид намуд, ки қарор додем баргузории семинару тренниг ва вохӯриҳоро бо ҳузури масъулони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, вакилони мардумӣ ба роҳ монем ва ба ин гурӯҳи ҷомеа атрофи ҳуқуқҳояшон суҳбатҳову омӯзишҳоро роҳандозӣ намоем.
Шахсони дорои имконоти маҳдуд мепурсанд, ки мо дар низоми хидматрасониҳои тандурустӣ, маориф, мактабу донишгоҳҳо ва масъалаи мубрам таъмини ҷои кор, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ имтиёзҳо дорем. Ширкатдорони ин семинари омӯзишӣ аз ин гуна нишасту вохӯриҳо ба аксари суолҳояшон посухҳои қаноаткунанда мегиранд.
Шарафҷон Раҷабов, ёрдамчии директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин семинарҳоро барои огоҳии бештари шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ арзишманд донист. Ӯ зимни суҳбат бо мо таъкид намуд, ки дар оянда низ чунин семинарҳо дар назар аст ва он ба нафъи кор хоҳад буд. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ дар ин самт корҳоеро роҳандозӣ намудааст. Мо бо иштироки ин қишри ҷомеа пайваста тренингу семинарҳо дар ин хусус мегузаронем, илова намуд Шарафҷон Раҷабов.
Ба таъкиди ӯ маълулон бештар бо мушкилоти ёрии ҳуқуқӣ, кумакҳои маишӣ, бо ҷои кор таъмин намудан ва хидматарсонии тиббӣ ба агентии мазкур муроҷиат менамоянд.
Парвиз Бобошарифов, Президенти Кумитаи миллии параолимпии Тоҷикистон дар семинар пешниҳод намуд, ки барномаи телевизионие бо номи “Навбатдор дар шаҳр” доир ба мушкилоти ҷойдоштаи барои маълулон таҳия шавад ва ба масъулин аён гардад, ки чӣ чизе монеи зиндагии муносибу озод барои ин гурӯҳи ҷомеа меградад ва паи ҳалли он камар банданд. Вай аз ҷумла гуфт, ки масалан роҳҳои махсус барои маъюбон дар марказу мағозаҳо ва муассисаҳои кишвар сохта шудааст, ки гузаштани осони маъюбонро таъмин менамояд. Ё лифтҳои вижа, гузаргоҳҳои махсус, нақлиёти ҷамъиятиву бозорҳо, ки ҳангоми сохтан вазъи маъюбонро ба назар гирифтаанд. Ҳамзамон камбудҳое, ки сари роҳи маълулон қарор доранд, дар шаҳр гашта тариқи видео нишон дода шавад ва барои коркард ва ислоҳи он пешнииҳоди масъулини соҳа гардад.
Зимни кофе-брейк мавзуҳои тавоноӣ, риояи қонунҳо, ҳуввийят, масъулият ва иродатмандӣ миёни иштирокдорони семинар баррасӣ гардид.
Дар семинар гуфта шуд ташкилотҳо бояд чунин семинарҳо бештар гузаронанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро муайян кардааст, ин афрод аз ҳама имтиёзҳои лозим дар ҷомеа бархӯрдоранд.
Семинари омӯзишӣ бо зиёфат шахсони имконияташон маҳдуд дар ошхонаи Китобхонаи миллӣ ба кори худ поён дод.
Раҳима Аъзам