Семинари омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода дар иртибот ба баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати эҷодии кормандон, 10-уми июли соли 2026 дар Китобхонаи миллӣ семинари омўзишӣ оид ба тарзи навиштани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, тезисҳои илмӣ, назариявӣ, таҳлилӣ ва методӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмӣ-таҳкиқотии кормандон ва такмили маҳорати онҳо дар самти таҳияи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, тезисҳои илмӣ, назариявӣ, таҳлилӣ, методӣ ва корҳои илмӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини директори Китобхонаи миллӣ оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хидматрасонӣ ба истифодабарандагон Сайфиддин Камолзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба тартиби омода намудани мақолаи илмӣ-оммавӣ, назариявӣ, таҳлилӣ ва методӣ инчунин таҳияи тезисҳои илмӣ ва пешниҳоди онҳо барои нашр ба иштирокчиён муфассал маълумот пешниҳод намуд.

Ў ҳамчунин оид ба сохтори мақолаи илмӣ, тарзи таҳияи мақолаҳо барои масъалаҳои илмӣ ва пойгоҳҳои иттилоотии байналмилалӣ тавзеҳоти зарурӣ дод. Дар анҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омўзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати кормандон, ҳавасманднамоии онҳо барои эҷоди мақолаву иштирокашон дар фазои иттилоотии ҷомеа нақши бориз хоҳад дошт.

Мавриди зикр аст, ки семинари мазкур бо ҷалби сармутахассисони воҳидҳои сохтории Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, тибқи нақша давра ба давра кормандони дигар зинаҳои касбӣ низ ба чунин курсҳо ҷалб хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ин иқдом дар ҳошияи як маҳфили илмӣ барои доираи васеи хоҳишмандон низ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ