Семиотика чӣ илмест?
Посухи ин суолро шумо метавонед аз китоби Гулрухсор Абдуллоева «Семиотика» пайдо кунед. Ин китоб соли 2021 чоп шудааст ва ба Китобхонаи миллӣ нав расид.
Ин китоби дарсӣ мафҳумҳо ва истилоҳоти асосии семиотика, мавзуъҳои асосии ин илм, таърихи пайдоиш ва рушди онро фаро гирифта, барои доираи васеи магистрантони самти филологӣ, омӯзгорӣ ва тарҷумонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Тавре муаллия дар сарсухани китоб овардааст, дар даврони истиқлоли давлатӣ бо шароити мусоид фароҳам шудан барои рушди забони тоҷикӣ ва илми забоншиносии тоҷик бахшҳо ва соҳаҳои нави илми забоншиносӣ ташаккул ёфтаанд. Яке аз ин бахшҳои нави илми забоншиносии тоҷик семиотика мебошад.
Семиоитка бахши забошиноси буда, умумияти сохтор ва амалкарди низоми аломатҳое, ки дарбаргиранди иттилоот ва маълумоти махсуси самти забоншиносӣ ва низоми мушаххасот ва аломатҳоеро, ки дар ҷомеаи одамон, худи инсон ва табиат ҷой доранд меомӯзад. Аломатҳо дар сохтори забон як бахши бисёр муҳим буда, ҳодисаҳои гуногуни табииро бо нишонаҳои хос ифода мекунанд, яъне низоми иттилоотиро дар забон ба вуҷуд меоранд. Аломатҳо дар сохтори забон агар калимаҳоро ифода кунанд, дар низоми табиӣ метавананд, аломатҳои роҳ, пул, ишораҳо ва аломатҳои фарқкунандаи дигар бошанд. Семиотика ҳамчун фанни ихтисосӣ дар равияҳои филологӣ, инчунин дар зинаи магистратури ихтисосҳои забоншиносӣ ва тарҷумонӣ таълим дода мешавад.
Мақсади фанни семиотика шинос намудани магистрантон бо мафҳуму истилоҳоти асосии семиотика, бо таърихи пайдоиш ва рушди ин илм мебошад. Магистрантон бояд дониши худро дар бораи сохтан ва истифода бурдани амалиётҳо ва низоми аломатҳои мухталиф, инчунин дар бораи забонҳои табиию сунъӣ, ки дар асоси чунин низомҳо арзи ҳастӣ менамоянд, такмил диҳанд.
Омӯзиши фанни мазкур, инчунин, барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, қобилияти идрок ва салоҳиятҳои касбӣ мусоидат мекунанд.
Вазифаҳои асосии фанни семиотика аз инҳо иборатанд: ба магистрантон додани донишҳо дар бораи мафҳумҳои асосие, ки дар илми семиотика истифода мешаванд, ба мисли аломат, иртибот иттилоот, рамз, забон ва ғайра, инчунин, додани маълумот дар бораи консепсияҳо асоси семиотикаи муосир, ба донишҷӯён омӯзондани забони ин илм, мафҳумҳо ва истилоҳоти асосии он инчунин усулҳои таҳлили аломатшиносӣ ва забоншиносии матн; дар магистрантон бедор намудани қобилияту малакаҳои аломатшиносӣ амалан истифода намудани методу усулҳои мухталифи таҳқиқот, ки дар илми семиотика таҳия карда шудаанд. Илова бар ин, барои боз ҳам амиқтар дарк намудани масъалаҳои забоншиносии назариявӣ, забоншиносии амалӣ ва компютерӣ мусоидат мекунад…
Хонандагон китоби «Семиотика»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.