Сэмюэл Тейлор Колриҷ – асосгузори шеъри гуфтугӯии англис

CoIeridgeКолриҷ – (CoIeridge) Сэмюэл Тейлор (21.10.1772, Оттери-Сент-Мэри – 25.7.1834, Ҳайгейти наздикии Лондон), шоир, мунаққид, файласуфи англис. Дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Пас аз марги падараш (1781) ба як парваришгоҳи хайриявии Лондон фиристода шуд.

Солҳои 1791–94 дар коллеҷи Масеҳ (Кембриҷ) таҳсил кард ва барои майл доштанаш ба ғояҳои ҷумҳурихоҳӣ аз он хориҷ карда шуд.

Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Хушбахтона» соли 1793 чоп шуд. Дар «Марсияҳо ба марги Четтертон» (1790) ва маҷмӯаи «Ашъоре дар ҳар боб» (1796) тимсоли як шоир сабки романтикиро намоиш додааст.

Гароиш ба ғояҳои адолати иҷтимоияш дар тарҳи коммунаҳои «Ҳукумати мувозӣ» бозтоб шудаанд. Ҳамроҳ бо У. Вордсворт, Маҷмӯаи «Манзумаҳои ошиқона»-ро (1798) нашр карда, ҷараёни романтизмро дар назми англисӣ поягузорӣ намуд. Манзумаи Колриҷ «Достони маллоҳи пир» дар пайравӣ аз қиссаҳои мардумӣ навишта шудааст. Достони нотамоми «Кристабел»-ро (1798–99) эҷод кардааст.

Солҳои 1798–99 Колриҷ ҳамроҳи дӯсташ У. Вордсворт ба саёҳати Олмон рафт. Ба адабиёт ва фалсафаи олмонӣ рағбат пайдо намуда, соли 1800 асари «Валленштейн»-и Ф. Шиллер ва баъд «Фауст»-и Гётеро баргардон кард.

Соли 1800 ба шимоли Англия муҳоҷират кард. Солҳои 1804–05 китоби губернатори Малта буд. Солҳои 1809–10 моҳномаи «Дӯст» («The Friend»)-ро чоп кард. Колриҷ бо саъйи омехтани гуфтори муқаррарӣ бо баёнӣ шоирона, жанри ба истилоҳ шеъри гуфтугӯиро поя гузошт, ки дар он хитоб ба ҳамсуҳбати хаёлӣ, монолог, лавҳаҳои манзаравӣ ва тафаккури фалсафӣ бо ҳам тавъам шудаанд («Чанги Эола», 1795; «Сармои нимашаб», 1798 ва ғ.).

Асари дигари насрии маъруфи ӯ «Биографияи адабиёт» («Biographia Literaria 1817) мебошад, ки афкори шарҳиҳолӣ, баҳсҳои адабӣ ва назарияҳои фалсафию зебошиносии адибро зери таъсири И. Кант ва Ф Шеллинг дар бар гирифтааст.

Фоҷиаҳои «Осорио» (1797), «Заполя» (1817), силсиламақолаҳояш дар боби адабиёт, фалсафа ва сиёсат низ аз ҷумлаи осори муҳимми ӯянд.

Осори манзуми Колриҷ ба назми англисии асарҳои 19-20 ва асари А. Пушкин (адиби рус, солҳои 1830) таъсир гузоштааст.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 335-336.

Муаллиф: О. Шакурзода           

 Таҳияи Замира Давлатова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
.