Семён Кирсанов: Адиби рус ва мутарҷими ашъори шоирони тоҷик

Семён КирсановКирсанов Семён Исаакович (18.9.1906, Одесса-10.12.1972, Москав), шоир ва рўзноманигори рус. Хатмкардаи Донишгоҳи маорифи халқи Одесса (1925). Асарҳояш аз соли 1922 чоп мешаванд.

Аз ибтидои солҳои 30-юми асри 20 ба назми публитсистӣ майл кардааст: маҷмуаҳои «Сатрҳои сохтмон» (1930), «Шеърҳо дар саф» (1932), достонҳои «Панҷсола» (1931), «Фаъол» (1933).

Дар солҳои ҶБВ (1941-45) Кирсанов мухбири рўзномаҳои фронтӣ ва роҳбари бригадаи адабии «Оинаи ТАСС» буд. Дар эҷодиёти ў достонҳои ба мавзуъҳои иҷтимоии таърихӣ ва фалсафӣ бахшидашуда мавқеи муҳим доранд: «Рафиқ Маркс» (1933), «Золушка» (1935), «Шаби арафаи Асри нав» (1940), «Ҳафт рўзи ҳафта» (1956), қиссаи драмавии «Осмони Ватан», достонҳои «Эдем», «Александр Матросов» (1946), қиссаи манзуми «Макар Мазай» (1947-50 Мукофоти давлатии СССР, 1951) ва ғайра.

Ашъори Кирсанов бо рангорангии услуб, амиқии тасвири бадеӣ ва оҳангҳои лирикию фалсафии худ фарқ мекунад; шоир дар бораи робитаи шахсият ва ҷамъият, таъриху олам, вазифаи ҷамъиятии худ мулоҳиза рондааст.

Ашъори чандин шоири тоҷикро ба русӣ тарҷума кардааст. Дар бораи вазъи адабиёти муосири тоҷик ва баъзе намояндагони он, аз ҷумла М. Турсунзода мақолаҳо дорад.

Кирсанов бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

10-уми декабри соли 1972 дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт.

Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ10. – С. 147.

Таҳияи : Садирзода Шаҳноза
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.