Сертификати Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» ба Китобхонаи миллӣ

Сертификати ФорумАввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро бо  Сертификат сарфароз кард. Дар он гуфта шудааст, ки Китобхонаи миллӣ барои хидматрасонии босифату муҳайё кардани шароити муосиди гуфтугӯву муколамаи озод дар Форум қадрдонӣ мешавад.

Гуфтанист, ки аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» рӯзи 25-уми ноябр баргузор шуд. Мақсади Форум дарёфти имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди зерсохтҳои инноватсионию рақамӣ мебошад.

Ташаббускори асосии Форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон буда, дар он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон ҳузурӣ ва онлайн иштирок карданд.

Мавзуна Орумбекова