Шамсиддин Орумбекзода: Санади наҷоти миллат, кишвар ва давлат
Таҳаввулоти даврони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии он навгониҳои зиёде ворид намуда, на танҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дигаргун сохт, балки дунёи маънавии сокинони кишварро низ куллан тағйир дод. Яке аз воқеаҳои муҳимме, ки ба тағйироти куллии ҳаёт ва рӯзгори мардум боис гардид, аз нигоҳи таърихшиносону сиёсатмадорон баргузории гуфтушуниди тоҷикон ва тавассути имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба ватан баргардонидани сулҳу ваҳдат дар фарҷоми қарни сипаригардида мебошад.
Воқеан, чӣ қадаре мо аз ин воқеаи таърихии дар ин даврон руҳдода дур равем ва нуқтаҳои доғи сайёраро мушоҳидда намоем, аҳаммияту манфиати онҳо барои пешрафти кишвари маҳбубамон ва беҳбуди некуаҳволии мардуми равшантар мегардад. Он нуқта ба шарҳ ниёз надорад, ки даҳсолаи охири қарни бистум, аз як тараф, агар чун даврони ба истиқлоли давлатӣ мушарраф гардидани миллати соҳибтамаддуну антикӣ – тоҷикон саҳифаи басо дурахшону ифтихоромез бошад, аз тарафи дигар, чун даврони буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ, муқобилистиҳо ва ҷанги шаҳрвандии бародаркуш саҳифаи сиёҳтарин ва хеле нанговари миллат маҳсуб меёбад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа”дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва тавлиди ҷашни комилан нави мардумӣ-ҷашни Ваҳдати миллӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва тавлиди ҷашни комилан нави мардумӣ-ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз чунин Падидаҳои фараҳбахштарини даврони истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон мебошанд, ки дар замири мардуми фарҳангии мо чун гояи ваҳдати милли решаҳои хеле қадимӣ дорад ва миллату кишварро дар ҳама давру замонҳо аз нестшавӣ наҷот медод.
Аз ин рӯ, меъмор ва кафили воқеии сулҳу ваҳдат дар кишвар, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аҳаммияти бузурги ин ҳуҷҷати тақдирсози миллатро таъкид намуда, дар яке аз паёмҳои табрикияшон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд намуданд: “Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад. Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон – мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад.”
Ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми масъулияти амнияти мардуму кишварро ба душ гирифта буд, изҳор намуд, ки барои аз гирдоби ҷанг наҷот додани кишвар омода аст бо ҳар гуна қувваи сиёсӣ ҳамкорӣ намояд. Аз ин рӯ, аз фарҷоми соли 1993 бо намояндагон ва роҳбарияти гуногунрутбаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳо шурӯъ гардида, доир ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мушкилоти Тоҷикистон мунтазам масъалаҳо баррасӣ мегардиданд. Дар радифи ин ташкилоти бонуфуз, созмонҳои дигар, аз қабили Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, ҳамсоякишварҳои дӯст – Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон омодагии хешро барои ҳалли қазияи ба амал омада изҳор намуданд ва дар ҷараёни музокироти тоҷикон фаъолона иштирок намуда, дар ба кишвар баргардонидани сулҳ саҳми босазо гузоштанд.
Қобили тазаккур аст, ки аксари давраҳои музокирот бо мизбонии ин кишварҳо доир гардида, миёнравон кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, ки мавқеи ҷонибҳо ба ҳам наздик гардад ва сулҳ ҳар чӣ зудтар ба кишвар боз гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мақоми ваҳдати миллӣ дар тақдири миллати тоҷик сухан ронда, таъкид намуданд: “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи чаҳонӣ мавриди кабулу омӯзиш қарор гирифт. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.”
Бинобар ин, ваҳдати миллӣ ва ҷашни миллии муосир ҷашни “Ваҳдат”-ро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи заҳматҳои тамоми аҳли ҷомеа таҳти роҳбарии хирадмандонаи меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва ҳар як фарди соҳибхиради миллат барои ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намудан ва таҷлили сазовори ин ҷашни умумимиллӣ масъулу ифтихорманд мебошад.
Даври аввали музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 идома ёфта, иштирокчиёни гуфтушунид барои тамоми давраи музокирот рӯзномаро таҳия ва тасдиқ намуданд, ки он аз се гурӯҳи масъалаҳо – чораҳое, ки барои ҳалли сиёсии вазъияти Тоҷикистон равона карда шудаанд, ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва масоили аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оштии миллиро дар кишвар таъмин мекунанд, иборат буд. Дар изҳороти муштарак тарафҳо садоқати худро ба музокираи сиёсӣ ба ҳайси василаи ягонаи истиқрори оштии миллӣ изҳор намуданд. Даври дуюми музокирот аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон ва даври сеюм аз 20 октябр то 1 ноябри ҳамон сол дар шаҳри Исломобод доир гардиданд. Музокироти чорум, ки дар шаҳри Алмаато аз 22 майи соли 1995 то 1 июн доир гардид, даврае гардид, ки ҳамдигарайбдоркуниҳои тарафайн торафт камтар ва эътимоду эҳтироми тарафайн устувортар мегардид. Дар ин давра ҳуҷҷатҳо оид ба тамдиди муҳлати оташбас, мувофиқаҳо оид ба табодули асирон, ба манзил баргардонидани фирориёни иҷборӣ ба даст омаданд, ки барои наздик шудани мавқеи тарафҳо дар музокироти минбаъда мусоидат намуданд. Мутобиқи изҳороти муштараки даври чорум “тарафҳо мувофиқа ҳосил намуданд барои ба ҷои истиқомати доимиашон ихтиёрона, бехатарона ва бошарафона баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ саъю кӯшиш намоянд.”
Даври панҷум дар се марҳала дар шаҳри Ашқобод аз 30.11 то 23 декабри соли 1995, аз 26.01 то 19.02.96 ва марҳилаи сеюм аз 08.то 21.07.96 доир гардида, тибқи изҳороти муштарак “гуфтушунид дар фазоӣ кори ва кушод ҷараён гирифт…. Тарафҳо садоқати худро ба ҳалли сиёсии моҷаро тасдиқ карданд.” Инчунин изҳороти муштарак дар бораи қатъи амалиёти ҷанги ва риояи Созишномаи Теҳрон ба тасвиб расида, амали ин созишнома то 31 декабри соли 1996 тамдид гардид. Аз 5 то 19 январи соли 1997 даври шашуми музокирот дар шаҳри Теҳрон доир гардида, тибқи мувофиқаҳои ҳосилшуда лоиҳаи Низомномаи Комиссияи оштии миллиро баррасӣ карда, тарафҳо таркиб, миқдори ҳайати комиссия, вазифа ва ваколатҳои онро мушаххас муайян намуданд. Дар даври ҳафтуми музокирот, ки дар шаҳри Москва аз 26-уми феврал то 8 марти соли 1997 доир шуд, масъалаҳои низомӣ вобаста ба реинтегратсия, халъи силоҳ, барҳам додани дастаҳои мусаллаҳ ва ислоҳоти сохторҳои қудратӣ баррасӣ гардида, протоколи масъалаҳои низомӣ ба имзо расид. Даври ҳаштум дар ду марҳала дар шаҳри Теҳрон доир гардида, оид ба аксарияти мавзӯъҳои Протоколи сиёсӣ мувофиқа ҳосил шуда, Протоколи кафилони татбиқи Созишномаи умумӣ дар бораи барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон таҳия ва имзо гардиданд.
Давраи хотимавии музокирот аз 24 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор гардида, Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Ҳамин тариқ, бо мақсади дастрасӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам додани оқибати ҷанги шаҳрвандон аз 5 апрели соли 1994 cap карда то 27 июни соли 1997 зери сарпарастии СММ гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ давом карда, дар ҳашт давраи гуфтушуниди байни хайатҳои Тарафҳо, шаш мулоқоти Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, ҳамчунон се машварати Тарафҳо протокол ва дигар хуҷҷатҳое, ки дар маҷмӯъ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд, мувофиқа ва имзо гардиданд. Воқеан бо имзои ин хуҷҷати тақдирсоз, чунонки дар изҳороти Москав қайд гардидааст: “…гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Пас аз панҷ соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёрасраи кишвар яке аз саҳифаҳои фодианоктарин мебошанд, рӯзи умед, боварӣ ба ақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид.”
Бо ифодаи Пешвои муаззам “Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.”
Воқеан, рӯзи 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашта, иди фархундаи “Ваҳдат” тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш Дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон буда, ин ҷашни таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан нигоҳ медорад ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон гардондааст.
Дар робита бо аҳаммияти бузурги он Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки азбаски ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихи ҳамчун омили неруманди иттиҳоди ҷомеаи мо хидмати бузургу пурарзишро анҷом дод, омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ бояд ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. “Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.” дастур додаанд Пешвои миллат.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки заминаи иттиҳоду иттифоқи мардум, хушбахту саодатёр шудан аз ваҳдату ягонагӣ сарчашма гирифта, он асоси устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ мебошад ва дар он ҷое, ки сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттифоқ нест, дар онҷо пешрафт имкон надорад. Ҳикмати бузургниёгони мо ҳақиқати бебаҳс аст:
Давлат ҳама з-иттифоқ, хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ, хезад.
Маҳз ғояи ваҳдати миллӣ эътиқоди мардумро ба ояндаи неку дурахшон ва саодатбахш пурқувват намуда, дӯстии байни халқу миллатҳоро пурқувват менамояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ваҳдату ягонагиро дар ҳар як суханрониашон таъкид намуда, зимни таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ҳар яке аз манотиқи кишвар рафта, аз ҷумла 27 июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ оид ба аҳаммияти бузурги таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишварро таъкид намуда чунин дастур доданд:
“Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.”
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи ваҳдати миллиро хеле хирадмандона тафсир додаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст:
“Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда, ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.”
Ин ҳидояти Пешвои муаззам тамоми аҳли ҷомеа, бахусус сиёсатшиносон, таърихнигорон, шоирону нависандагонро муваззаф менамояд, ки барои таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби фарҳангӣ миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, минбаъд ҳам барои ташаккули ғояи ваҳдати миллӣ корҳои амалиро анҷом диҳанд, зеро он мероси пурғановати бузургниёгони мо мебошад ва ҳанӯз аз қаъри таърих овози аллома Мирзо Бедил садо медиҳад:
Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
Моҳиёнро ҳар чӣ бошад ғайри дарё, оташ аст.
Шамсиддин Орумбекзода,
аъзои Шӯрои собиқадорони
Ҳаракати Ваҳдати миллӣ,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатека Президентӣ.