Шанбегӣ дар Китобхонаи миллӣ

Шанбегӣ дар Китобхонаи миллӣҶашни Ваҳдати миллӣ наздик шудан дорад. Барои арзанда пешвоз гирифтани он кормандони Китобхонаи миллӣ ин субҳи барвақт ба ҷойи кор ҳозир шуданд ва даст ба корҳои поксозии атрофи бино ва боғу ҳотаи китобхона заданд.

Маъмулан ҳар ҳафта рўзҳои шанбе бо назардошти он, ки Китобъонаи миллӣ дар маркази шаҳр воқеъ асту дар атрофи биноҳои муҳиму фарҳангии кишвар ва ҳазорон нафар сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ аз он ҷо рад мешаванд, ба тозагии атрофи бино камар мебанданд.

Ин ҳафта масъулияти онҳо бештар шуд ва ин ҳафта ҳашар бо ширкати сад дарсад кормандон ҷараён гирифт.

Гулҳои тару тозаву зебо ва хушрангу бўй ва дарахтони соядору зебо маҳсули меҳнат ва самараи нигоҳубини ҳамешагии кормандони китобхонаанд. Зеро гулу дарахт ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад.

Имрӯз онҳо баргрезаҳоро тоза карданд, алафҳои бегонаро аз бехи гулҳо чиданд, хасу хаспораҳоро аз ҷӯйбору роҳравҳо руфтанд.

Ба гулҳо ва дарахтон об монданд. Ҷӯйборҳоро бори дигар аз назар гузаронданд ва ба обёрии боғот омода намуданд.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа