Шанбеи покиву назофат дар Китобхонаи миллӣ

Тозагӣ танҳо ба маънои покизагии муҳит набуда, балки нишонаи фарҳанги шаҳрнишинӣ, эҳтиром ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ низ ба ҳисоб меравад.
Субҳи барвақти 29 августи соли 2026 дар гирду атроф ва дохили Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари навбатӣ баргузор гардид. Дар ин иқдоми созанда кулли кормандони муассиса фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ба ободонию тозагии муҳити атроф саҳм гузоштанд.
Аз субҳи содиқ кормандон бо дасту дили гарм ба корҳои ободонӣ оғоз намуда, минтақаҳои ба онҳо вобастагардидаро аз алафҳои худрӯй ва партобҳо тоза, сабзазорҳоро обёрӣ ва атрофи бинои китобхонаро ба тартиб дароварданд. Ҳар як гӯшаи тозашуда ва ободгардида гӯё як порчаи хурди Ватани маҳбубро мемонд, ки бо меҳри инсонӣ ва заҳмати дастаҷамъона зеботар мегардид.

Ҷолиб он буд, ки фазои шанбегӣ танҳо ба меҳнат маҳдуд нашуда, ба як муҳити самимӣ ва дӯстона табдил ёфта буд. Кормандон дар баробари анҷом додани корҳои ободонӣ бо ҳам суҳбат мекарданд, механдиданд ва рӯҳияи болидаи ҳамдигарро тақвият мебахшиданд. Ҳамин буд, ки заҳмати субҳгоҳӣ барои иштирокдорон бештар ба як лаҳзаи хуши истироҳату ҳамдилӣ монанд буд.

Тозагӣ ва ободонӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ташаккули фарҳанги ҷомеа нақши муҳим доранд. Хоса барои муассисае чун Китобхонаи миллӣ, ки дар қалби пойтахт ҷой гирифта, ҳамчун ганҷинаи илму фарҳанг ва маърифати миллӣ шинохта мешавад, нигоҳдории муҳити зебо ва покиза аҳамияти хос дорад. Зеро муҳити ободу озода боиси болоравии ҳисси зебоипарастӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин ҳашарҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, мунтазам роҳандозӣ мегарданд. Ин иқдомҳои созанда на танҳо ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассиса мусоидат мекунанд, балки як намунаи равшани саҳмгузории кормандон дар корҳои ободонӣ ва созандагии кишвар мебошанд.
Шанбегии навбатӣ низ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки ободии Ватан аз меҳнати созанда ва саҳми ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос оғоз меёбад.

Ватан обод мешавад, агар ҳар яки мо барои ободии як гӯшаи он саҳм гузорем. Тозагии муҳит бошад, аз фарҳанги баланди мо ва муҳаббат ба сарзамини азиз дарак медиҳад.
Инобат БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.


