Шанбеи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ

Шанбеи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣЧун анъанаи ҳамешагӣ субҳи имрӯз ҳам кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гирди ҳам омаданд ва даст ба поккориҳову тозакориҳо заданд.

Онҳо бештар атрофи биноро тоза карданд. Баҳори боронӣ аз шанбеи гузашта то ин шанбе ҷӯйборҳоро пур аз хасу харӯбаҳо карда буд. Лозим омад он ҳамаро дубора тоза кунанд, то пеши маҷрои об боз бошад ва монеае барои обёрӣ намонад.

Ин бор ҳам лозим омад алафу гиёҳои сар ба боло кашидаро дарав кунанд, бехи ниҳолҳоро нарм созанд. Бехи буттагулҳоро аз ҳар гуна хаспораҳои хушкида пок созанд.

Роҳравҳоро ҷорӯб заданд, то ба ҳусни бино ҳусн зам шавад.

Тозакориҳо дар Китобхонаи миллӣ кори ҳамешагист ва ҳар рӯзи шанбе бонавбат кормандон ба ин корҳо даст мезананд.

Раҳима БОБОЕВА