Шараф ба ҷанговарони шуҷои тоҷик!

Бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ёддошти қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон пайваста чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешавад.
Чунончӣ, 23 июли соли 2026 дар толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабию бадеӣ ба забони русӣ таҳти унвони «Қаҳрамонони шуҷои тоҷик дар набарди Курск», бахшида ба 83-юмин солгарди набарди Прохоров баргузор гардид.
Нишастро корманди шуъба Шарофати Ҷамолиддин ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва аҳаммияти баргузории маҳфилро ба иштирокдорон шарҳ дод.
Маҳфил ба гиромидошти хотираи иштирокчиён ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев бахшида шуд. Дар ҷараёни маҳфил хонандагони фаъоли шуъба аз роҳи ҷангӣ, ҷасорат ва корнамоиҳои ин фарзандони фарзонаи миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин иштирокдорон дар мавзуъҳои сулҳу дӯстӣ ва қаҳрамонӣ бо забони русӣ шеър қироат карда, маҳорати хуби суханварӣ ва забондонии худро ба намоиш гузоштанд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби маҳфил иҷрои саҳнаҳои театрӣ аз ҳаёти қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт. Дар фарҷоми нишаст хонандагон суруди машҳури «Катюша»-ро дастаҷамъона иҷро намуда, ба маҳфил ҳусни анҷом бахшиданд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин нгишасти маҳфилҳо ба забонҳои хориҷӣ дар баробари тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва поси хотираи қаҳрамонон, барои рушди забондонӣ, баланд бардоштани маҳорати муошират ва ҷаҳонбинии хонандагон низ саҳми арзанда мегузорад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд низ чунин чорабиниҳои маърифатиро идома дода, барои ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мутолиа ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош хоҳад варзид.
Инобат БОБОЕВА
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа