Шарҳи қасидаи “Бӯи ҷӯи Мулиён…”-и устод Рӯдакӣ аз ҷониби академик Бертелс
Давлатшоҳи Самарқандӣ, муаллифи гулчини машҳури садаи понздаҳуми масеҳӣ мегӯяд, ки ин қасида дароз аст ва он чӣ ки овардаам басанда аст. Зеро метавон дар ҳамин байтҳо ҳам дид, ки мардакҳои он рӯзгор чи «бадсалиқа» будаанд ва метавонистаанд ба чунин шеърҳои сода ва ноҳунармандона арзиш бидиҳанд. Давлатшоҳ зебоӣ ва ҳунари ин байтҳоро, ки дур аз озин ва суханони пуртумтароқи садаи понздаҳуми милодӣ буд дарнамеёфт.
***** ***** *****
Аз дигар рухдодҳои зиндагии Рӯдакӣ, ки мо бар он огоҳем сафари ӯ ба Бодғис ва Ҳирот аст, ки дар ҳамаи тазкираҳо сухан аз он омадааст. Рӯзе Амир Наср ба Ҳирот рафт. Бинобар маъмул, ҳамаи бузургон мебоист ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Мондани Наср дар Ҳирот ба дорозо кашид. Амир дар сафар ҳам аз ҳамон ҷоҳу ҷалол бархӯрдор буд ва ба хушӣ рӯзгор мегузаронид. Аммо сарон аз чизҳое чунин бархӯрдор набуданд ва дур аз амлоку хонавода барояшон хуш намегузашт ва ба дилтангӣ шикоят аз дурии мулку кошона ба ҳам оғоз карданд. Аммо ҳеҷ як аз онон дилу захраи он надоштанд, ки ба Насри тундхашм аз дилтангии худ бигӯяд. Саранҷом ҳангоми он расидааст, ки дар андешаи бозгашт бошем. Пас бузургон аз Рӯдакӣ хостанд, ки ин кори душворро бозгушояд ва гуфтанд, ки агар комёб шавад ҳадяҳое калон хоҳад гирифт. Пас шоир рӯзе ба зистгоҳи Амир даромада, бар ҷои хеш нишаст, рӯд баргирифт ва дар пардаи ушшоқ ин қасида бархонд:
Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омӯ бо дуруштиҳои ӯ,
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Ҳамин ки Наср ин чакомаро шунид, чунон ба шавқи хонаву Бухоро афтод, ки дар дам пой дар рикоб карда, ба сӯи шимол тохтан гирифт ва ҳатто мӯза ҳам ба пой накард. Мӯзаҳояшро дар нахустин истгоҳ барояш оварданд. Давлатшоҳи Самарқандӣ, муаллифи гулчини машҳури садаи понздаҳуми масеҳӣ мегӯяд, ки ин қасида дароз аст ва он чӣ ки овардаам басанда аст. Зеро метавон дар ҳамин байтҳо ҳам дид, ки мардакҳои он рӯзгор чи «бадсалиқа» будаанд ва метавонистаанд ба чунин шеърҳои сода ва ноҳунармандона арзиш бидиҳанд. Давлатшоҳ зебоӣ ва ҳунари ин байтҳоро, ки дур аз озин ва суханони пуртумтароқи садаи понздаҳуми милодӣ буд дарнамеёфт. Аммо гумон намеравад битвон пиндошт, ки ӯ ҳамаи матни чакомаро дар даст дошта ва онро дар ҳамин ҷо бо пиндоре зебописандона бурида бошад. Пайдост барои ӯ ҳам, дар он ҳангом дидани девони Рӯдакӣ дигар номуяссар будааст ва ӯ танҳо он байтҳоеро оварда, ки дар сарчашмаҳои куҳан ёфта будааст.
Солҳое дароз ин қасидаро намунае бармешумурданд, ки расидан бар тирозаш номуяссар менамудааст. Дархӯри нигариш аст, ки ҳатто накӯшиданд ба он посух бинависанд. Танҳо бар як маврид огоҳӣ дорем марде ба номи Зайналмулк Абусаиди ҳинду аз амир Муиззи малик-уш-шуарои машхури салҷуқиён хоҳиш кард, ки барои ӯ чунин посухе бинависад. Муиззӣ кӯшид, аммо бо он ҳама фанни дурахшандаи ӯ ҳам, кор аз байти нахуст фаротар нарафт:
Рустам аз Мозандарон ояд ҳаме
Ин малик аз Исфаҳон ояд ҳаме.
НАЗАРИ АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС ДАР БОРАИ УСТОД РӮДАКӢ
Ба гумон худ шоир дарёфта буд, ки кӯшиш барои идомаи кор бо ин равиш беҳудааст. Гумон нест бар ин, ки Рӯдакиро донише дархӯр ва фарогирифта будааст. Бештар аз навозандагӣ ва хонандагии забардастонааш сухан гуфтаем. Огоҳиҳое низ дар даст аст, ки ӯ Қуръонро аз бар медониста ва бар забони арабӣ тасаллут доштааст. Ҳоҷӣ Халифа, зиндагинависи номдори садаи ҳабдаҳуми масеҳӣ аз фарҳанги арабӣ-форсие ном мебарад, ки Рӯдакӣ онро сохта ва номаш «Тоҷ-ул-масодар» будааст. Порае зер аз шеърҳои Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки шоир бахубӣ бо шеъри араб ошно будааст.
Ҷуз ба сазовори мир гуфт надонам,
Варчи Ҷарирам ба шеъру Тоиву Ҳассон.
Ҷарир шоири пуровозаи араб дар садаҳои 7-8 милодӣ аст. Ҳассон ибни Собит нахустин шоире буд, ки дар мадҳи ислом шеър суруд. Он ҳам ҳангоме ки мавқеияти муслимин дар шабахи ҷазираи Арабистон маҳкам мешуд. Саҳбон ибни Воил хатибе, ки пеш аз ислом шуҳрат баланде дошт. Пайдост, ки Рӯдакӣ бар ривоятҳои эрониён низ огоҳ буда, аммо бо ин ҳама дар пораҳои барҷо мондаи шеърҳояш достонҳои Қуръонӣ ҷойе бештар дорад. Дар чакомаҳои Рӯдакӣ, ки то ба рӯзгори мо расидааст ёдоварии номҳои Яъқуб, Юсуф, Нуҳ, Исо, Луқмон, Хотам аз қабилаи Тай, Лайлӣ ва Мачнун, имом Шофеӣ ва имом Ҳанифаро меёбем. Ҳамчунин номҳои Афлотуну Суқрот ҳам, ки дар он рӯзгор овозаи бузург доштаанд, дида мешаванд.
Дар рисолаи Шамс Қайси Розӣ гуфта мешавад, ки Рӯдакӣ нахустин шоире буд, ки намуди рубоиро дар забони порсии дарӣ ба кор барад. Ба рости рубоиҳоеро ба Рӯдакӣ нисбат медиҳанд, аммо бозгушоии ин масъала, ки оё инҳо аз Рӯдакӣ ҳастанд ё на, имрӯз номуяссар аст. Бо ин ҳама бояд андешид, ки сарчашмаҳои муътабари кӯҳан на аз сари тасодуф аз рубоиҳои Рӯдакӣ ёд мекунанд, ки ин худ дархӯри нигариш аст. Ба ёд биёварем, ки рубоӣ дар он рӯзгор (ва то андозае пас аз он ҳам) пештар сабки сохтаҳои шифоҳии мардум будааст. Менамояд бо он, ки шоир ночор буда бо сарони феодал хидмат кунад, боз ҳам наметавонистааст ба хотири инон аз суннатҳои мардум бибуррад ва аз таронаҳаи «авом» ҳеч бок надоштааст. Ин ки овои Рӯдакӣ дар заминаи пешниҳодоти муғлақи шеъри дарбори араб, пеш аз ҳама ҳамчун овои марди зинда ба гӯш мерасад, сабабашро пеш аз ҳама бояд дар ин нукта ҷустуҷӯ кард, ки ӯ аз шеърҳои зиндаи мардум моя мегирифтааст.
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”