Шарҳи истилоҳ: Амнияти экологӣ чист?

Амнияти экологӣ, як ҷузви амнияти миллӣ, маҷмӯи шароитҳои табиию иҷтимоӣ барои таъмини ҳаёти бехатару фаъолияти ашхоси дар ҳудуди муайян зиндагикунанд, ҷамъи тадорукоти ҳуқуқӣ, тиббӣ ва биологӣ барои нигаҳдошти тавозун байни биосфера ва барзиёдии антропогению (мудохилаи инсоният ба табиат) дигар фишорҳои воқеӣ. Амнияти экологӣ беҳдошти вазъи экологии кишвар ва бехатарии экосистемаҳои табиӣ оид ба ҳифзу нигаҳдории намудҳои нодири набототу ҳайвонот, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, пешгирии ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим, таъмини бехатарии экологии ҷумҳурӣ ва дигар самтҳои муҳити зистро омӯхта, чораҳои зарурӣ пешниҳод менамояд.

Қонунҳо “Дар бораи ҳифзи муҳити зист (1993; 2008) “Дар бораи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва иншоотҳо” (1996), “Дар бораи олами ҳайвонот” (2008), “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот” (1996), “Оид ба гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ” (с. 2004) ва ғ., инчунин барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 1999–2008 ва барномаи нави экологӣ барои солҳои 2009 – 2019 аз ҷумла тадбирҳое мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто ба нақшаи амал гирифтааст. 

Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро омода кардааст.  Вай ба як қатор созишномаҳои ҳифзи муҳити зисти байналхалқӣ: Созишномаи Вена “Дар бораи ҳифзи қабати озон” (1996), Созишнома “Дар бораи гуногунии биологӣ” (1997), Созишнома “Доир ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ”,  Созишнома “Дар бораи тағйирёбии иқлим” (1998), Созишнома “Дар бораи заминҳои обӣ – ботлоқӣ” (2000), Созишнома “Доир ба нигоҳдории намудҳои кӯчандаи ҳайвоноти ваҳшӣ” (2000) шомил аст. 

Ҳамзамон бо мақсади таъмини мувозинати биологӣ – “Амнияти экологи”- и кишвар Фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидааст, ки ҳоло мавриди иҷро қарор дорад.

      Муаллиф:   Х. Давлатов.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Милии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 392.

Таҳияи Манижа Раҷабова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.