Шарҳи истилоҳ. Амнияти иҷтимоӣ чист?

Амнияти иҷтимоӣ, қисми таркибии амнияти миллӣ, ки ҳолати шахсият, гурўҳи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва озодии иҷтимоии ононро таъмин менамояд. Объекти доимии амнияти иҷтимоӣ маҷмўан шахсияти воқеӣ, ҳуқуқҳо ва озодии ҳаётан муҳими ў дар партави ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ба ў аз тарафи давлат имконияту замонат дода мешавад, ки зиндагӣ кунад, фаъолият намояд, ҳақи хизмат дарёфт кунад, худро ройгон табобат кунад ва ройгон маълумоти таҳсилотӣ гирад, истироҳату фароғат намояд.
Бахусус, дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ дар шароитҳои мушаххасу муайяне, ки як гурўҳ ё табақаи аҳолии камбизоат ё нисбатан муфлис ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманданд, таъмини амнияти иҷтимоии онҳо аз тарафи давлат воҷиб мебошад.
Аксаран аз амнияти иҷтимоӣ занон, кўдакон, маъюбон ва нафақагирҳо бархурдор бояд бошанд. Яке аз вазифаҳои аамнияти иҷтимоӣ беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар доираи ҷалб будан ба коре мебошад. Дар таъмин намудани амнияти иҷтимоии аҳолӣ вазъи муҳити зист низ аҳамияти калон дорад, истиқрори экологӣ ва кам гардидани зарарҳои табиӣ хеле заруранд.
Эҳсоси муфлисӣ дар муқобили ашхоси дорам низ аз нобаробарии иҷтимоӣ буда, ба ҳифозат ниёз дорд ва даромади воқеии аҳолию таъмин будан бо макони зист, неруи барқ, газ ва дигар маводи сўзишворию хўрокворӣ аз ҷузвҳои амнияти иҷтимоӣ мебошанд.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ.1. – С. 391.
Муаллиф: Шоисматуллоев Ш.
Таҳияи Дилафрўз Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.