Шарҳи истилоҳ. Феҳристи алифбоӣ
Феҳристҳо номгўи асарҳо ва ҳуҷҷатҳои чопие мебошанд, ки таркиб ва мазмуни китобро ошкор мекунад. Феҳристи алифбоӣ дар китобхона вазифаи маълумотдиҳӣ ҷустуҷӯиро иҷро мекунад. Хусусиятҳои хоси феҳристи алифбоӣ дар он мебошад, ки тамоми номгўи адабиётро дар як ҷо ҷамъ меоварад. Феҳристи алифбоӣ бо ёрии ҷудокунакҳо ва навиштаҷоти қутиҳо тартиб дода мешавад.
Феҳристи алифбоӣ бо ҷобаҷогузории баргаҳо, аз рўи методикаи тасвир бо дарназардошти таркиби феҳристи алифбоӣ ба амал меояд. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷобаҷогузории баргаҳо донистани алифбои дақиқ мебошад. Тасвирҳо бо ба назар гирифтани таркиби ҳарфҳои калимаҳои аввал гузошта мешавад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи коркарди адабиёт низ, коркарди маводи воридшуда мебошад, зеро дар шуъба феҳристи алифбоӣ вуҷуд дорад ва ҳамаи адабиёти ба шуъба воридшударо кормандон дар навбати аввал ба тарзи алифбо ҷобаҷо карда, барои коркард намудан омода месозанд.
Чуноне маълум аст, дар феҳристи алифбоӣ китобҳо аз рўи насаб ва номи муаллиф, инчунин унвони китоб ҷустуҷў карда мешавад.
Кормандон ин китобҳоро аз феҳристи алифбоӣ дарёфт намуда, рақами инвентарии китобҳои воридшударо дар баргаҳои феҳристи алифбоӣ гузаронида ба китобҳо рақами Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) мегузоранд.
Баъдан дар коғазҳои махсус рақамҳои инвентарӣ, номи муаллиф, номи китоб, рамзбандӣ (штрих код) ва соли нашр, ҷои нашри китобҳоро навишта, ба шуъбаи феҳристнигорӣ мефиристанд.
Г. Сатторова,
сардори шуъбаи
коркарди адабиёт.