Шарҳи истилоҳ. Китобат чист?
Китобат- номанигорӣ, нусхабардорӣ дабирӣ, раванди нигориш ва сабти афкор ва осор (адабиёти бадеӣ, илмӣ, динӣ ва асноди дигар), дар суннати адабӣ иншои наср; воситаи муҳимми ҳифз ва интиқоли донишу иттилоот ба наслҳо.
Китобат барои сабти нутқи овозӣ ва мубодилаи шифоҳӣ якҷо бо хат ва маҳсули он пайдо шуда, вобаста ба таҳаввули маводди нигориш (қалам, китоб), рушди услубии анвои хат, илму фарҳанг ва вазъи сиёсию иқтисолӣ, талаботи услубии он тағйир ёфтааст.
Таваҷҷуҳ ба китобат ва маводди нигориш боиси такмилу ташаккули фаъолияти тахассусӣ ва ҳунари дабирӣ гардид. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва асрҳои баъдӣ пеш аз нусхабардории китобу дастхатҳои нодир аввал равишҳои омўзиширо мегузаштанд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 173-174.
Муаллиф: Шарофзода. Р.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.