Шарҳи истилоҳ: Коллектори китобхона
Коллектори китобхона – (CoIIector – фароҳамоваранда, ҷамъкунанда), гирдоварандаи адабиёти китобхона, муассисаи махсуси савдои китоб, ки ба интихоб, ҷамъоварӣ ва таъмини хазина (фонд)-и китобхонаҳо бо адабиёти соҳаҳои гуногуни дониш ва осори тозанашр машғул аст.
Ба китобхонаҳо дар такмил кардани фонд ва рушди фаъолияти китобдорӣ ёрии амаливу методӣ мерасонад.
Дар ИҶШС аввалин коллектори китобхона солҳои 20 ва шабакаи ягонаи он солҳои 30 асри 20 таъсис ёфт, ки то соли 1990 барои бисёр китобхонаҳои оммавӣ ва илмӣ манбаи асосии қабул ва дарёфти адабиёт буд.
Муносибати байни китобхонаҳо ва коллекторон дар асоси қарордод (ба муҳлати як сол) танзим мешуд. Дар пайи бозсозии иқтисодӣ (1980) байни китобхонаҳо, нашриёт ва созмонҳои тиҷоратии ИҶШС равобити мустақим эҷод гардид.
Дар Тоҷикистон Коллектори китобхона аз соли 1934 вуҷуд дорад. Айни ҳол ду коллектори китобхона: ҷумҳуриявӣ (Душанбе) ва вилояти (Хуҷанд) фаъолият мекунанд. Шахсеро, ки ба интихоб ва тартиб додани рӯйхатти намунаи китобҳо ва дигар аснод машғул аст, коллектор мегӯянд.
Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.315.
Муаллиф: Ш.Ашӯриён.
Таҳияи Олучамо Исмоилова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ