Шариф Ҳамдампур: «Вақте ки ҳақиқат тир хўрд»
«Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» асари мустанади таърихи-публитсистист, ки ба зиндагӣ, мубориза ва шаҳодати рӯзноманигори шинохта, нахустин сармуҳаррири нашрияи «Садои мардум», вакили мардумӣ ва аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ – Муродуллоҳ Шерализода бахшида шудааст.
Дар муаррифии китоб омадааст, ки асар на танҳо қиссаи зиндагии як шахс, балки сарнавишти наслест, ки ҳақиқатро ба қимати ҷон химоят кард. Муаллиф руйдодҳои солҳои пурошӯби охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХІ-ро бо забони равон, пуртаъсир ва бо сабки бадеии зинда бозгӯ менамояд. Дар китоб бо истифода аз хотирот, санадҳо, шаҳодати шоҳидон ва таассуроти шахсӣ, саҳифаҳои фоҷиабори таърихи нави Тоҷикистон – аз тазоҳуроти «Баҳманмоҳи хунин» то рӯзҳои талхи парокандагӣ бо эҳсоси амиқ тасвир ёфтаанд.
Дар маркази китоб симои Муродуллоҳ Шерализода ҳамчун зиёии ростгуй, ватандӯст ва қурбонии ҳақиқат меистад. Ҳар боби китоб аз зиндагии ӯ – аз рӯзҳои донишҷӯй то лаҳзаҳои охири умр мисли порае аз таърихи як миллат ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Ин китоб на танҳо ёднома, балки даъват ба андеша, ҳушёрӣ ва инсондӯстист. Он ҳақиқатро на танҳо аз нигоҳи таърих, балки аз нигоҳи виҷдони инсонӣ арзёбӣ мекунад ва хонандаро водор месозад, ки аз гузаштаи пурдард дарси ибрат гирад.
«Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» ҳушдори виҷдон, садои инсонест, ки кушта шуд, вале номи ӯ дар хотири мардум зинда монд.
Хонандагон китоби Шариф Ҳамдампур «Вақте ки ҳақиқат тир хўрд» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.