Шариф Комилзода : Таҷҳизонидани тамоми китобхонаҳо бо технологияи муосир омили аслии пешрафт аст
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, ки дар як ҳамоиши Китобхонаи миллӣ суханронӣ мекард, қадам ба қадам таҷҳизонидани китобхонаҳо бо технологияи муосирро як шарти аслии пешрафти соҳа донист. Ин мизи мудаввар баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи гузашта бо ибтикори шуъбаи абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мизи мудаввар муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода, муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, намояндагони китобхонаҳои кишвар, аз ҷумла китобхонаи шаҳрии Лоҳутӣ, китобхонаи Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкату суханронӣ намуданд.
Салима Раҷабзода дар сухани ифтитоҳии худ аз нақшу таърихи шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ёд кард ва дастовардҳои табодули китоб дар як даҳсолаи охирро созанда арзёбӣ намуд.
Гадобек Маҳмудов гуфт, ки қаблан дархостҳое, ки аз дигар кишварҳо ба китобхонаҳо ворид мешуданд, асосан ба воситаи почта иҷро мегардид, ба дархосткунандагон нусхаҳои ин китобҳо ирсол мешуд. Имрўз бо пешрафти технологияи муосири иттилоотӣ, ки кулли китобхонаҳои муосир аз он истифода мебаранд, расондани ҳуҷҷатҳо ё дархостҳое, ки аз тарафи дигар китобхонаҳо ворид мешаванд, зуду басифат анҷом мешаванд ва ин кори табодули китобро ҳам ба маротиб осонтар кардааст.
Шариф Комилзода мавзӯи мизи мудавварро яке аз масалаҳои мубрами илми китобдорӣ донист. Зеро пас аз ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки китобхонаҳои мамлакат ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, муносибати содиқона ва мутахассисона ба фаъолияти абонементи байни китобхонаҳоро такозо намуд. Вақти он расидааст, ки бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-комуникатсионӣ сатҳу сифати хизматрасонии китобдориро бо истифода аз низоми абонементи байни китобхонаҳо роҳандозӣ намоем.
Комилзода оид ба ду омили асосие, ки ин низомро ба ҷунбиш меорад, ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки таъмин будани тамоми китобхонаҳо бо технологияи комуникатсионӣ талаби замон аст. Барои расондани ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳузури дастгоҳҳои интиқолдиҳанда, яъне компютерҳо ва почтаҳои электронӣ ҳатмист. Бе истифодаи технологияи муосири иттилоотии комуникатсионӣ хизматрасонӣ тавассути абонементи байни китобхонаҳо ғайриимкон аст. Яъне, таҷҳизонидани тамоми китобхонаҳо бо технологияи муосир омили аслӣ ба шумор меояд.
Комилзода омили таҳрикдиҳандаи ин низомро мутахасисони донандаи вижагиҳои истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ- комуникатсионӣ унвон кард.
Зафари Гулмурод, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар самти абонементи байни китобхонаҳо корҳои пажуҳишӣ анҷом додааст, низ изҳори назар намуд. Ба гуфтаи ў абонементи байни китобхонаҳо ба унвони нахустин гом дар ҳамкорӣ байни китобхонаҳо буда, аз ирсоли як ҷамъи расона ва як ниҳоди фонд ба дархосткунандаи адабиёт ба ҳадафи дастрас қарор додани манбаи китобхонаҳо барои соири пажуҳишгарон ва корбарон дар бахшҳо ва маконҳои дигар мебошад.
Зафари Гулмурод роҷеъ ба хидматрасонӣ дар шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бо такя ба манобеи донишномаи озоди баъзе сомонаҳои интернетии ктобхонаҳои хориҷӣ маълумоти муфид ироа намуд.
Ў иброз дошт, ки фароҳамоварӣ ба истифодабарандагон имкон медиҳад бо ҳадди аксар дониш ва иттилооти сабтшуда дар шаклҳои гуногун дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳамчунин ў аз таҷрибаи дигар китобхонаҳо ва ҳамкориҳояшон бо дигар китобхонаҳо сухан гуфт.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.