Шариф Шарифзод: Яке аз ширкаткунандагони номинаи назму наср

Шариф Шарифзод дастпарвари факултаи филологияи тоҷики донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод, ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аст. Навиштаҳои ӯ аз соли 1987 нашр мешаванд. Ӯ асосан ҳикоя менависад. Нигоштаҳояш дар нашрияҳои “Машъал” “Тазкираи суханварони Масчоҳ”, ” Ҳақиқати Ленинобод”, “Кӯҳистони Масчоҳ”, “Ҳақиқати Суғд”, “Адабиёт ва санъат”, моҳномаи “Адаб” ва “Паёми кӯҳистон” рӯи нашр омадаанд.

  Ба фикри ӯ вақте шеър аз дил мебарояд, ба дил менишинад. Ба ин озмун бе омадагӣ омадан гуноҳ аст. Ҳикояҳои ӯ аз рӯзгори воқеии Масчо аст. Ҳар образе, ки нависанда меофарад, ҷанбаҳои ҳам мусбат ҳам манфӣ дорад. Чун як инсон метавонад ҳам хуб бошад ва ҳам бад. Ӯ дар деги зиндагӣ меҷӯшад. Вай ҳатман камбуд дорад, ҷаҳлу ҷаҳолат дорад. Хубӣ дорад. Ҳамон қаҳрамони ман ҳам дар солҳои бистум ҳамин хислатро дорад.

Ӯ мегӯяд доварон ҳарчӣ ки мегӯянд аз нуктаи назар донишу фаҳмишашон мегӯянд ва ман ба виҷдону имонашон мегузорам. Ҳарчӣ ки ман ба қалам медиҳам, аввал дар андешаҳоям мерасонам, бо қалбам эҳсос мекунам. Баъд ба хонанда мерасонам. Ҳар нависанда сабку услуби худашро дорад. Он чи ки менависам воқеиятҳои зиндагиям аст, саргузаштам аст. Аз ҳаёти воқеии мардуми Масчо мегирам.

Ӯ дар озмун аз марсияе оғоз кард, ба ёди ҷигарбандаш, ки дар муҳоҷирати корӣ ҷавонмарг шудааст, бахшида шудааст.

Ба гуфти Ҷӯра Юсуфӣ Шариф Шарифзод аз рӯи ҳавову ҳавас ба шеър рӯ наовардааст, балки шириниву талхиҳо, фарозу нишеб, шаҳду заҳр. Рӯзгор ӯро водор кардаанд, ки қалам ба даст гирад.

Эй хоки Сибир, хок ба сар кардӣ маро,

Олимам бурдӣ, чашм ба дар кардӣ маро.

Офтоби сари қулла будам, эй вой, дареғ,

Дар ҷодаи пирӣ дар ба дар кардӣ маро.

Доварони озмун гуфтанд, ки забони асарҳояш ширадор аст ва лиризми қавӣ доранд, аммо офаридаҳояш каме ниёз ба коркард ва таҳрир доранд. Аз нигоҳи забон зебогии баён низ фикри доварон ин буд, ки хуб аст. Мавзӯъҳои офаридаҳояш ҳамагӣ муҳиманду ҳикояти имрӯзи мардуми кӯҳистон. Дар эҷодиёташ ғалат кам буд, ин шаҳодат аз таҷрибадорияш медиҳад. Чунин буд арзёбии ҳайати ҳакамони озмун.

Аз Шарифи Шарифзод ду китоб ба дасти хонанда расидааст, ки яке “Дар кавири андешаҳо” ном дорад ва дуюмӣ “Паймонаи шодию ғам”. Китоби “Паймонаи шодию ғам” асосан аз шеърҳо иборатанд, “Дар кавири андешаҳо” ҳовии қиссаву ҳикояҳои муаллиф.

Раҳима Аъзам.