Шарифбек Aзизӣ: Нависандагӣ масъулят аст на ифтихор

Шарифбек азизӣДар як мусоҳибаатон гуфтед, ки барои навиштани як саҳифа сад саҳифа бояд хонд. Шумо ки садҳо саҳифа навиштаед, рӯзе чанд саҳифа китоб мехонед?

– Инкор намекунам, ки чунин каломро ба забон овардаам ва гуфта наметавонам рӯзе чанд саҳифа китоб мехонам  вале арз медорам, ки дар зиндагӣ  кам рўзҳое ҳастанд, ки китоб нахонда бошам.

Аз моҷаронависони тоҷик  киро мехонедУмуман детективнавис дорем

– Ҳама адибони тоҷик, ки дар навиштани жанри дедектив кувваашонро санҷидаанд ва агар китобҳояшонро дастрас намуда бошам, хондаам. Дар сархати ин адибон метавонам номи устод Нарзулло Тиллозода, Ғайрат Ҳаким, Зариф Ғулом, Ато Ҳамдам, Хуршеди Атовулло ва Алӣ Муҳамадизодаро ба ёд  оварам.

Мисли шумо зиёданд кормандони ҳифзи ҳуқуқ, вале миёни онҳо кам касоне ҳастанд, ки  нависандагӣ кунандЧӣ шуморо ба навиштани асарҳои детективӣ такон медиҳад?

– Ҳеҷ гоҳ худро нависандаи касбї намешуморам  ва ба саҳнаи адабиёт  тасодуфан  бо дарду алам омадаам. Бо дарду алам вориди  саҳнаи адабиёт шудани душманонамро  ҳам орзу намекунам. Дар ин баҳри пурталотум ҳампешаҳои ман аз мақомоти тафтишоти кишвар чанд нафаре чун ғаввоси моҳир  шино доранд  ва дурдонаҳои  аз ин баҳр  гирифтаашон ҳам назаррабоянд. Нависандагӣ масъулят аст на ифтихор ва чун ин масъулятро ба дӯш гирифтаам, роҳи бозгаштро намебинам. Маҳз ҳамин масъулият маро ба навиштан  ҳидоят мекунад.

Хонандагони асарҳоятон асосан киҳоянд? Барои кадом қишри ҷомеа менависед?

– Чун талабот ба асарҳои моҷароӣ  хеле зиёд аст, хонандагонро низ аз байни  қишрҳои  гуногуни ҷомеа дарёфтан мумкин, вале бештар  таваҷҷуҳи ҷавононро ба навиштаҳои хеш мебинам. Маҳз ҳамин  таваҷҷуҳ як таконе дар корҳои эҷодиям аст. Чун  моҷаро ниҳоят шару шӯри зиндагиро  пешорӯи хонанда мегардонад, барои сину соли ба ҳадди худшиносии миллӣ расида, менависам

Шумо адиби сермаҳсулед. То кунун  11 повесту романҳои худро дар шакли китоб интишор додаед ва 2 китобатон омодаи нашр аст. Чӣ гуна имкон меёбед, ки ҳам мутолиа кунед ва ҳам асар эҷод намоед

Дидаем ин хокро бо чашми танг,
Ки дар ин дарёст, гулмоҳї наҳанг.

Ва баъди  Ҷорҷ Сименон бо нашри 214 роман ва Агата Кристи бо 67 роман, ки дар сатҳи  ҷаҳонӣ устоди жанри детективанд худро сермаҳсул  пиндоштан  хандаовар аст. Дар ин баҳре,ки акнун нияти шино кардан дорам, моҳии хурде  беш  нестам  ва тарс аз он дорам, ки “луқмаи “наҳанге  нагардам. Бояд гуфт, ки ба ягон кас эҷод бе мутоила   даст намедиҳад, вале на дар он муҳите зиндагӣ дорам, ки вақтро  тақсим намоям. Танҳо ҳолате менависам, ки аз корҳои мавсимӣ  озод бошам ва корҳои мавсимї дар Сағирдашт  аз аввали баҳор то охири тирамоҳ давом мекунад. Дар ҳамин ҷо  мехоҳам  мусоҳибаи  рӯзноманигори  “Известия” бо  барандаи  ҷоизаи Нобел Габриэль Гарсиа Маркес ба ёд оварам:

Рузноманигор: – Ҷаноби Маркес мегуфтед, ки вақтро барои эҷод шумо чӣ гуна  тақсим мекунед?

Г.Г. Маркес –Сари субҳ барвақт аз хоб хеста риш метарошам, сипас комбензони кориамро  мепушам. Сари мизи корї  нишаста ду соат китоб мехонам ва баъди тановули субҳгоҳӣ машғули эҷод мешавам. Мутаасифона ман чун ҳампешаи колумбиягиам  ҳеҷ гоҳ  чунин шакли корӣ надоштам.

Албатта , ҳар асар барои муаллифаш азиз аст. Вале агар боз ҳам пурсем, ки аз миёни романҳоятон кадомаш бештар ба худатон писанд аст, чӣ посух медиҳед?

– Нигоҳам ба асарҳои таълифнамудаам нигоҳи падар ба фарзандон аст. Падар наметавонад ҷойгоҳи як фарзандро аз дигаронаш боло гузорад. Бароям  ҳамаи навиштаҳоям азизанд  ва  афсӯс мехӯрам, ки то кунун он асареро, ки мақбули худам  гардида бошад, рӯи  чоп наовардаам.

Чиҳилучор  сол доштед, ки ба навиштан оғоз кардед. Чӣ андеша доред, то имрўз ба камоли эҷодӣ расидед? Ва барои эҷод кадом синну сол хуб аст?

– Чӣ  хеле гуфтам, зиндагӣ  тасодуфан маро ба ин саҳна овард ва аз рӯи  фаҳмиш ва имкони то андозае  дар ин саҳна  нақш  офаридам. Аввалҳо гумон мекардам, ки чун синну сол ба ҷое расад адиб бештар менависад, вале хатои маҳз будааст. Ин баробари он мақоли ҳалқист, ки гуфтаанд; “Пирию хартозӣ”

Бо хонандагони асарҳоятон робита доред?  Аз кадом тариқ? Чӣ пешниҳодҳо то ҳол бароятон карданд?

– То андозае ва ҳар  кадоме тариқи телефон ё вохӯриҳои хоса  андешаҳои  хешро баён мекунад.

Имрӯз ниёзи хонанда ба кадом жанри адабӣ бештар аст? Яъне хонанда чиро хондан мехоҳад?

– Ба Волтер  чунин суол додаанд  ва ў  посух чунин гуфт ба ман ҳамаи жанрҳои адабӣ маъқуланд, агар нигорандаи он  ҳақиқатро  рӯи  вараќ оварда бошад.

Солҳо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будеду бо ҷинояткорон сар басар шудед. Лаҳзаҳои хатарнок дар ҳаётатон дар иртибот бо мубориза бо олами ҷиноӣ буданд?

– Дар солҳои ҷанги шаҳрвандї сарварии милисаи минтақаи Сағирдаштро ба душ доштам ва баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятї борҳо бо гурӯҳҳои силоҳбадаст рӯбарӯ шудам. Бо яроқ дар ду сангар ба муқобили ҳамдигар истодан ҳамеша хатарафзо аст.

Адиб то ки биншинаду эҷод кунад, бояд вазъи хуби молӣ ҳам дошта бошад, ки мутаассифона на ҳамаи адибони тоҷик аз ин бархурдоранд. Ин мушкил дар шумо то куҷо роҳи ҳал ёфтааст? Кӣ зиндагиро пеш мебарад?

– Ин дарди  ҳамаи адибон аст ва маро низ ин мушкилот ҳамарӯза дунболгир аст.

Боре гуфтед агар миллат китобхон набошад, ҳама талоши адиб беҳуда аст. Пас, миллати мо китобхон аст

– Пешрафти илму техника дониши муккамалро тақозо мекунад ва  хонандаи  тоҷик  то кунун дарк  накардааст, ки агар мо бо ҷаҳониён дар як саф будан хоҳем бояд сатҳи дониш ва забономӯзиамонро то ҳамон сатҳ расонем. Дар чунин ҳолат адибон  бештар масъулятшинос шуда асарҳои ҷолиберо рӯи чоп меоранд. Аз он чӣ ки солҳои охир тавассути  озмунҳои  гуногун сатҳи  дониши ҷавонон хеле пеш рафтааст, барои миллате, ки дар тамадунни ҷаҳонӣ саҳмгузор аст ҳанӯз кофи нест ва набояд мо бо дониши андӯхта қаноат намоем ва ҳамагон ба хотири дӯстдории  забон ва Ватани  хеш рӯ ба  китоб   оварем. Набояд  аз хотир баровард, ки сад, ҳазор ё даҳ ҳазор хонандаи доимӣ аз руй шумораи аҳолӣ баробари як гул аст ва бо як гул баҳор намешавад…

– Омўзиши мавзӯъ ва қаҳрамон чанд муддатро дар бар мегирад?

– Рафти зиндагӣ мавзуъро рӯй саҳна меорад ва омӯзишу пазируфтан ё напазируфтани он ба дониш ва касбияти адиб вобаста аст.

Шунидам аз рӯи як асаратон филм гирифтанд. Ин кадом асар аст ва аз чӣ қисса мекунаду чӣ гуна рӯи пардаи синамо омад?

– Соли 2019 телевизиони “Синамо” дар коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил аз руй қиссаи “Дурахши алмос” филмеро бо ҳамин ном ба навор гирифт. Филм дар бораи он, ки ба хотири ба даст овардани  ангуштарине, ки нигинаш  аз алмос аст ба куштор даст мезананд қисса мекунад. Эҳтимол сабаби рӯй саҳна омадани  қиссаи мазкур ба  коргардон писанд афтидани  мазмуну мундариҷаи  қисса буд.

Дар романатон “Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунаджурналисти машҳуру ҷасурро ба қалам додед, ки умре бо олами ҷиноӣ мубориза бурда, дар охир ба хотири пул даст ба куштор зада, бо олами ҷиноӣ мепайвандад. Роман асоси воқеӣ дорад? Дар мавриди филм сохтани ин роман андеша кардаед?

– Бояд зикр намоям, ки ҳамаи асарҳоям аз зиндагӣ гирифта шудаанд ва ман ҳамчун  нигоришгар ба онҳо тобиши бадеї додаам, на кам ва на зиёд. Ба андешаи рассоми машҳур Пикассо дар офариниши асар на он чиро ба қалам медиҳам, ки мебинам, балки он чиро ба қалам медиҳам, ки тасаввур мекунам. Дар бораи рӯй навор  овардани  ин асар андеша накардаам, агар ба навор гирифтани онро  коргардоне ба душ гирад, шод мешавам.

ЗАМОНЕ АКСАРИ МИЛИСАҲО КИТОБХОН БУДАНД

Милисае, ки менависад ва милисае, ки мехонад, бо чӣ фарқ мекунанд? Аслан ҳамкасбони собиқатон китоб мехонанд?

– Инсонеро, ки дар минбар ваъз мегўяд бузург гуфтан нашояд, бузург онест, ки сабру таҳамулро пеша карда ҳамон ваъзро  гӯш мекунад. Хонандаи асар дар нисбати нигорандаи он мақому манзалати бештаре дорад. Замоне аксари милисаҳо китобхон буданд ва чун тайи беш аз даҳ сол дар нафақаам аз муҳити кунунии милиса чизе гуфта наметавонам.

Аз таҷрибаи кор дар сафи милиса чӣ хотироти ҷолиб доред ва онро ба хонандаатон расондед?

– Тамоми хотиротамро аз номи ќањрамони асарҳо рӯй коғаз овардам ва хонандаи закӣ саргузаштҳоямро чун қил аз хамир  ҷудо карда метавонад.

Мегӯянд, ки ҷинояткор аз милиса як қадам пеш аст. Чаро чунин аст? Ва бо пешрафти зиндагӣ ва воситаҳои техника чаро сафи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳоли афзоиш аст?

– Ҷинояткор аз милиса ҳеч гоҳ як қадам пеш набуд ва нест, фақат ӯро сарнавишт мутеъи хеш гардонидааст ва таваккалро  пеша қарор додааст. Чун ҳодисае бо  иштироки чунин афрод рух дод, милиса ҳам  аз пай кушодани он мешавад, вале на дар ҳама ҳол комёб мешавад.

Ҳаққи қалам мегиред?

– Не. Дар ин самт метавон ба ҳамаи он адибоне, ки баҳри шукуфоии адабиёт ва муаррифии  маҳсули  эҷод дар тамадунни башарӣ бе ҳақи қалам саҳмгузоранд бояд аҳсан гуфт.

– Дар романатон «Рўзгор…»  бадкирдорон ва ҷинояткорон сазои амалашонро диданд ва назди Худову қонун ҷавоб гуфтанд. Вале  дар зиндагӣ на ҳамеша чунин аст

– Албатта  рафтори  журналисти  қавиирода боиси таассуф аст, чунки ӯ ба васвоси  шайтон дода шуд ва ба ҷой ба фарзанди ягонааш  аз Худованди  якаву  ягона саломатї ва умри дароз  талабидан хуни нафареро ноҳақ бирехт.

Оё кушиш кардед, ки ягон романатонро тарҷума кунед? Агар тарҷума шавад ба фикратон хонандаи зиёд пайдо мекунад?

– Сари ин масъала дар як мусоҳибаам бо рӯзноманигор  Алӣ Ҷура аз ҳафтаномаи “Минбари халқ” андешаамро баён намудам. Ҳарчанд дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахши  тарҷума ҳаст, вале шурои бадеӣ ягон асарамро барои тарҷума  пешниҳод накард. Албатта агар асар ба забони русї тарҷума шавад, имкони ба дигар забонҳои дунё аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ,испанї тарљума намудани он бештар мегардад.

ҲОКИМБЕК МАРДИ ФУРӮТАН ВА БЕОЗОРЕ БУД, ВАЛЕ ДАР ЗИНДАГӢ ОСОИШ  НАДИД

Шарикмуаллифи баъзе асарҳоятон худобиёмурз бародаратон Ҳокими Азиз аст. Дар бораи ӯ бигӯед. Чӣ ранҷ дошт, ки бармаҳал аз ҳаёт рафт?

– Дар асл мо бо бародарам Ҳокими Азиз (руҳаш шоду манзили охираташ обод бошад) се роман нашр намудем: “Сангчарх”, “Теғи сухан” ва  “Бо навои борон”. Ҳокимбек рузноманигори варзида ва инсони  наҷиб буд. Носолимӣ дар оила ӯро мубталои  фишорбаландї ва  гирифтори бемории қанд намуд. 9 январи соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Оромгоҳаш дар деҳаи Афғонои ноҳияи Рўдакист.

Бародаратон то куҷо вориди жанри детектив буд? Шумоку корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будеду саҳнаҳоро борҳо дидаед, вале ӯ як журналисти ҳирфаӣ ва муваффақ буд.

– Маҳз бовари бародар ба қобиляти  нигорандагӣ, маро ба роҳи  эҷод ҳидоят  намуд ва ӯ хонандаи аввалин қиссаам “Ҷосус” буд  ва маҳз баъди  рӯи коғаз омадани қисса бо ҳидояти  ў дигар хомаро ба замин нагузоштам. Ў дасти маро дар ин ҷода гирифт ва чун дастам рост шуд ба ў пешниҳод намудам, ки асарҳоро бо имзои бародарон Шарифбек ва Ҳокими  Азиз рӯӣ чоп оварем, вале ҷомеаи Тоҷикистон чунин шакли эҷодро напазируфтанд  ва баъди  рӯи чоп омадани се роман ва эътирози баъзе аз хонандагон ў аз ҳамкорї бо ман даст кашид ва чопи баъдии асарҳоро аз рӯи лоиҳаи дањҷилда  ба нақша гирифт. Мутаасифона, ба Ҳокимбек дидани лоиҳаи ба нақшагирифтааш дар шакли пурра муясар нашуд ва ҷилдҳои 5,6-и ин асарҳо баъди марги бародар  рӯӣ  чоп омаданд.

Аз ҳамкорӣ бо бародаратон чӣ хотирот доред? Аз ӯ, ки журналист буд, чӣ омӯхтед?

– Хотираҳо дар бораи Ҳокимбек хеле зиёданд ва агар зиндагӣ даст диҳад онҳоро дар шакли маҷмўи алоҳида рӯӣ чоп меорам. Ӯ марди фурӯтан ва беозоре буд, вале дар зиндагӣ осоиш  надид. Ба  ёд овардани моҳҳои охири  ҳаёти ӯ, ки пур аз шуру шар ва ҷангу  ҷанҷол буд, бароям гуворо нест. Аз ӯ дар соҳаи эҷод бисёр чизҳоро омӯхтам. Ҳокимбек инсоне буд, ки номаш бо ҳарфҳои заррин дар қалби ёру дӯстон ва мухлисони ашъору барномаҳои телевизионияш ба ёдгор монд.

Оё боре ба бўҳрони эҷодӣ гирифтор шудаед? Дар пайдо кардани мавзуъ мушкилӣ кашидаед?

Китоби “Сурх ва сиёҳ”-и Стендал аз як хабарчаи рўзномае гирифта шудааст ва ҳамин як хабари одӣ, ки метавонист ҳафтае пас аз ҳодиса аз ёдҳо зудуда шавад, бо каломи сеҳрноки  Стендал шуҳрати  ҷаҳонӣ  гирифт. Ин аст муъҷизаи  қалам ва сеҳри сухан. Њеҷ гоҳ ба буҳрони эҷодӣ гирифтор нашудаам. Зиндагӣ саропо моҷарост ва аз он хирмани пури дон  ҷудо кардани  донаҳои сарра осон нест.

– Дар ҳикояи «Алимент» қаҳрамони шумо ба хотири халос шудан аз алимент писарашро мекушад. Имрўзҳо мебинем, ки аксари мардон аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд ва барои халосӣ аз алимент аз ҳеҷ кори паст рў намегардонанд. Назаратон чун ҳуқуқшинос дар ин маврид чист?

-“Алимент” ҳикояи аввалину охиринам аст то имрӯз. Онро дар замони донишҷӯӣ аз забони  професор Очилбой Усмонов  шунида будам ва онро дар шакли шунидаам бо пӯшидани пероҳани бадеӣ рӯи коғаз овардам. Қазоват ба баҳо доданашро ба дасти хонанда супурдаам ва мавзуи алимент то ба имрӯзҳо  як мушкилоти давр  ва сарсонию саргардони оилаҳо боқӣ мондааст. На аз нигоҳи ҳуқуқшинос балки аз нигоҳи инсони чунин амалҳо боиси таасуфанд.

Қиссаи «Ҷосус» аз ватандўстиву ватанфурўшӣ накл мекунад. Қаҳрамонатон Тешаи Санг аз ҷанг гурехта, тарафи душман мегузарад ва хоин мешаваду ҷосусӣ мекунад. Пас аз 40 сол ба ватан чун ҷосус бармегардад. Чун нависанда роҳҳои ба меҳанпарастӣ ҷалб кардани ҷавононро дар чӣ мебинед?

– Албатта ҳеҷ киште нодарав намондааст ва Тешаи Санг баъди  40 сол ҳам бошад ҷазои хешро гирифт. Ҳамин аст нишонаи давлатдорӣ, ки фишангҳои он дар амалӣ намудани қонун чун палаҳои тарозу ба ҳаракат даромада ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Худи қисса дар тарбияи меҳанпарастии ҷавонон  ва бедор намудани адовати онҳо нисбати афроде, ки ба Ватан хиёнат намудаанд, метавонад саҳм гузорад.

Раҳима Бобоева