Шарифхӯҷа Ҳасанов: Эмомалӣ Раҳмон – Асосогузори давлатдории нави тоҷикон

Пешвоён ҳамчун пешво таваллуд намешаванд, касе онҳоро пешво намесозад, онҳо бо саъю талош ва заҳматҳои шахсии худ пешво мешаванд.

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ барои халқи тоҷик ҳамчун нуқтаи ҳалкунандаи тақдири миллат ва кишвар зоҳир гардид; ба вазифаи раиси Шўрои Олӣ интихоб гардидани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи минбаъдаи рушди давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард; тасдиқи Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзҳои истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи  XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 24 ноябри соли 1992 тасдиқ шуданд; бо роҳи раъйпурсии умумӣ қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар санаи 6 ноябри соли 1994; маросими савгандёдкунии Президенти аввалини навинтихобгардидаи кишвар Эмомалӣ  Раҳмон дар санаи 16 ноябри соли 1994 дар зумраи воқеоти муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳамаи ин воқеаҳои бузурги сиёсӣ дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаҳои напверо кушоданд, ки бо ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд. Аз ҳамон лаҳза инҷониб тамоми фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти таъмин ва таҳкими сулҳу ваҳдат, пояҳои давлати миллӣ, коркарди сиёсати дохилӣ ва берунӣ, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ, инчунин, эҳёи фарҳанг, забон, таърих, анъанаҳо, урфу одатҳои халқи тоҷик бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбутанд. Ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурги сиёсӣ, ватандўстӣ, вафодорӣ ба халқи худ мебошад. Барои дар қалби насли ҷавон тарбия намудани ҳисси баланди миллӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу таърихии худ, инчунин, хислатҳои ватанпарварӣ, рафтори шоиста, пуртоқатӣ ва таҳаммул, азхудкунии илму дониш, касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддият ва меҳнатдўстӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳиссаи арзандаи Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузорӣ ва пойдории давлатдории нави тоҷикон, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бояд ҳар як шаҳрванд донад, пос дорад ва эҳтиорм намояд.

Нуҳ тезис дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлатдории нави тоҷикон

  1. 1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи босубот ва ҳалли масъалаҳову ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, хусусан, бориз аст. Хислатҳои баланди инсонии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҷоати сиёсӣ, самимият, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу кишвар, садоқат ба кори худ, маҳорати мусолиҳа бо рақибони сиёсӣ ба Роҳбарии давлат барои қадам ба қадам татбиқ намудани қарорҳои Шўрои Олӣ, дар муҳлати кўтоҳ ба як шахсияти муътабар табдил гаштан ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик обрўи баланд пайдо намудан имкон фароҳам оварданд. Хислатҳои мазкур Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун симои барҷастаи сиёсӣ ва роҳбари хирадманду Пешвои ҳақиқии халқи тоҷик муаррифӣ менамоянд.
  2. 2.Ба шарофати ташаббуси шахсӣ ва ибтикори Президент Эмомалӣ Раҳмон: а) ҷанги бемаънии бародаркушӣ анҷом ёфт; б) ба ҷудошавии халқи тоҷик ба маҳалҳои худ хотима дода шуд; в) гурезагон ба ҷойҳои муқимии зисташон баргаштанд; г) макомоти конститутсионии ҳокикимият эҳё карда шуд, давлатии тоҷикон аз нобудшавӣ раҳо  ёфта якпорчагии он нигоҳ дошта шуд.
  3. 3.Ғояи сулҳу ваҳдати миллии аз тарафи Президент пешниҳодгардида аз ҷониби миллати тоҷик ва халқиятҳои ҷумҳуриямон пурра дастгирӣ ёфт. Бо роҳбарии Президент ва дастгирии ҳаматарафаи кишварҳои кафолатдиҳанда ва созмонҳои байналмилалии бонуфуз рўзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Рўйдоди мазкур дар амалияи сулҳоварӣ мавриди таваҷҷўҳи тамоми ҷаҳон гаштааст. Ҳамин тариқ, асоси усулии ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ҳамчун рўйдоди нодири амалияи сиёсӣ – ҳуқуқии ҷаҳонӣ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
  4. 4.Яке аз сабабҳои ба вартаи ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани кишвар он буд, ки мо соҳиби артиши миллии худ, ҳамчун кафили субот, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва якпорчагии ҳудудии кишварамон набудем. Бо дар назардошти вазъияти ҳарбӣ – сиёсии кишвар ва минтақа, дар маҷмўъ, мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Эъломия дар бораи соҳибихтиёрӣ, раёсати Шурои Олии ҶТ рўзи 18 декабри соли 1992 «Оид ба таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон ба имзо расонд. Фармони мазкур оғози раванди воқеии таъсис ёфтани Артиши миллӣ гардид, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузор ва меъмори он маҳсуб меёбад. Новобаста аз вазъи мураккаби ҳарбиву сиёсӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, Сарвари давлат ба сохтори ташкилию штатии артиш, қобилияти муҳорибавии он барои ҳадафҳои самараноки манфиатҳои миллӣ таваҷҷўҳи хосса зоҳир мекард. Дар натиҷа Артиши миллӣ марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, бо ҳайати шахсӣ пурра гардида, бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуд. Имрўз Артиши миллӣ қодир аст, ки Ватан ва амнияти шаҳрвандони мамлакатро ҳифз намояд.
  5. 5.Бо ташаббуси шахсӣ ва таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 дар шароити мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бори нахуст дар ҳуҷҷати мазкур Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардид ва рамзҳои давлатии кишварамон муайян карда шуданд. Дар Конститутсия барои ташаккулёбии озодии шахс асоси воқеӣ гузошта шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур бори аввал ҳокимияти давлатӣ ба рукнҳои қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия ҷудо карда, парламенти доимамалкунандаи касбӣ таъсис дода шуд.
  6. 6.Таҳти роҳбарии Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилии давлат таҳия гардида, барои баррасии ҷомеа пешниҳод шуданд. Моҳияти ин самтҳо ба ҳамкории тарафайни нерўҳои солими ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ оид ба барқарорсозии хоҷагии халқ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, низоми маориф ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташаккулдиҳии фарҳанги нави сиёсии аҳолӣ бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон асос меёбанд.
  7. 7.Президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳанўз дар Иҷолосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буданд, ба сиёсати беруни кишвар дахл доранд, кори бузургеро ба сомон расониданд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта мешаванд, баромад мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 190 кишвари олам ба расмият шинохтааст, ки аксарияти онҳо бо Тоҷикистон робитаҳои гуногунҷабҳаи иктисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро амалӣ менамоянд.
  8. 8.Лозим ба ёдоварист, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар омўзиши таърихи бисёрасра, эҳёи забон ва фарҳанги халқи тоҷик, танзими расму ойин ва маросим саҳми бузург доранд, ки бе онҳо давлати тоҷикон ба раванди ҷаҳонии ҳамгироӣ шомил шуда наметавонад. Асарҳо, мақолаҳои илмӣ ва суханрониҳои ў дониши моро оид ба таърих ва фарҳанги тоҷикон комил ва пурра намудаанд. Онҳо омили муҳимтарини ташаккулёбби худшиносии таърихӣ, фарҳангӣ ва миллати халқи тоҷик гардиданд. Хонандаи осори гаронбаҳои Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр худро ҳамчун қисми таркибии мафҳуми бузург ва ягонаи фарҳанги тоҷик эҳсос мекунад, ки он дорои ғояҳои ватандўстона, ахлоқиву инсонпарварона, интернатсионалӣ ва мояи ҳастӣ мебошад.
  9. 9.Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин вазифаҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла: а) таъмини истиқлолияти энергетикӣ; б) аз бунбасти коммуникатсионӣ ва наклиётӣ раҳои бахшидани кишвар; в) таъмини амнияти озуқавӣ; г) таъсис додани асосҳои бунёдии иқтисоди бозоргонии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун субъекти баробарҳукуқи муносибатҳои байналхалқӣ гузошта шудаанд.

Манбаъ: “Фарзонафарзанди миллат”, Душанбе, «Эр-граф»

Муаллиф: Шарифхўҷа Ҳасанов

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ