Шаш сол бе Ҷамшед Исмоилов

Агар умр вафо мекард ҳунарманди маъруфу дӯстдоштанӣ Ҷамшед Исмоилов 30-уми август ба синни мубораки 70 қадам мемонд. Дардо аламо, ки 6 сол пеш дар остонаи зодрӯзаш (16-уми августи соли 2020) ҷамъи моро тарк кард ва ҳазорон мухлисашро дар сӯг нишонд.
ИСМОИЛОВ ҶАМШЕД ҚОСИМОВИЧ 30 августи соли 1956 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Сароянда, мутриб, оҳангсоз. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1989). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2018). Хатмкардаи Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳоло ДДФСТ; 1977) ва факултаи филологияи тоҷики ДМТ (2011).
Инсруктори Комитети комсомоли ш. Душанбе (1977-80), ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1980-81), солисти ансамбли «Зебо” ва вокалисти ансамбли «Дарё (1981-93), директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи теливизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993- 94), муовини Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-2001), сармуҳаррири ҶСК «Матбуот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-04), директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ (2004-12), директори ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода (2012-14), муовини директори генералии Муассисаи давлатии ҳунарию сафарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2014), сароянда ва мутриби сунатӣ буда, нозукиҳои навохтани созҳои мардумиро ҳангоми таҳсил аз устодони сознавоз А. Муборакшоев, Х. Назаров, Х. Рӯзадоров омӯхтааст.
Беҳтарин таронаҳои Исмоилов, ки асосан бар ашъори шоирони муосир оҳанг баста, сурудааст. «Набудам интизори ту”, «Ватан” (Гулрухсор), «Номаҳоят», «Ёди ту монд» (Л. Шералӣ), «Шукрона бояд кард» (С.Аюбӣ) «Саргузаштам тӯӣ», «Марсияи Хуршед» (Н. Қосим), «Гиряму гирям» (М.Ғоиб), «Биё бародар шавем», «Ватандорӣ» (А.Хуросонӣ) ва ғайра.
Дуэтҳои «Чашми туро садқа шавам» (Л.Шералӣ), «Дар дасти ту» (Н. Қосим), «Ватан» (М. Ғоиб), «Эй модари ман” (М. Ғоиб ва Ҳ. Ғоиб)-ро низ бо маҳорати баланд иҷро кардааст.
Аксарияти таронаҳои Ҷамшед Исмоилов дар васфи ватан, модар, ишқу муҳаббат, меҳру вафо ва бародарӣ, бо овози фораму дилнишин суруда шудаанд.
Ба ҳайси сароянда ба бисёр кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия (1993), Олмон (1997, 2000), Кипр, Ироқ (1997), Эрон (2009), Ҳиндустон (1988, 2007), Афғонистон (1985), Арабистони Саудӣ (2012), Белгия (1994) Қатар (2012), Қазоқистон (2012) ва ғайра сафар карда, санъати волои тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Ҷамшед Исмоилов аз аввалин ташаббускори гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии «Дурахшҳои шашмақом» (Душанбе – 1996), «Ахтарон» (Душанбе -1997) ва «Суруди сол» (Душанбе -1995) аст.
Барои маҳорати баланди иҷроӣ ва тарғиби дастоварҳои фарҳангу ҳунари тоҷик сазовори ифтихорномаҳо гардидааст. Ҷамшед Исмоилов 16 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷасади ўро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Ҷамшед Исмоилов метавонед ин матолитбро ҳам бихонед:
Аз саҳнаҳои ҳаҷвӣ то саҳнаи филмҳои ҳунарӣ // Баҳори Аҷам. – 2019. – 25 июн.
Дўсте, ки бародар бошад // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 11апрел.
Санъати анъанавӣ ва замон // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 1 август.
Пешвои миллат – Эҳёгари фарҳангӣ миллӣ // Аноҳито. – 2021. – №3. – С. 1-2.
Холов, Қ. Ҳунарманди асил ва ҳасос буд // Аноҳито. – 2024. – №1. – С. 30-34.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи милли Тоҷикистон – Душанбе. – 2019. – Ҷ.8. – С. 552.
Таҳияи Дилафрӯз Назриева,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ