Шаш соли иштирок дар “Фурӯғ…” ба Фариштамоҳ Одинаева чӣ дод?
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 и шаҳри Бохтар Фариштамоҳ Одинаева соли 6 – ум аст дар номинатсияи адабиёти муосир довталаби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад. Ӯ мегӯяд ҳамаи китобҳои хондаамро дӯст медорам.
Бо қаҳрамонҳои роману повестои нависандагон ба дунёи онҳо ғарқ мешавам. “Қиссаи рухсатӣ”-и Нозир Ёдгорӣ, “Парандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ, повестҳои С.Айнӣ, ҳикояву қиссаҳои Равшани Махсумзод ва даҳҳои дигарро мехонаму оромиш меёбам. Боре ҳам эҳсоси ноумедӣ ба суроғам наомадааст, аз оне ки соли 6 – ум аст, довталаби “Фурӯғ”- ҳастам, – бо табассум нақл мекунам ин омӯзгори соҳибтаҷриба.
Фариштамоҳ Одинаева мегӯяд, давоми 30 сол аст омӯзгорӣ синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Ман касбамро ошиқинову содиқона дӯст медорам. Бароям ифтихор аст. Боре ҳам эҳсоси пушаймонӣ накардаам. Мактаб ва шогирдонам бароям дунёи дигаранд. Ба онҳо низ ҳамеша китобхониро тавсия медиҳам.
Иштирок дар озмуни “Фурӯғ…” маро дубора ба мутолиа ва рӯ овардан ба шеър баргардонд. Вақте инсон китоб мехонад, лаззати мутолиаро эҳсос мекунад. Инро онҳое дарк мекунанд, ки пайваста бо китоб ҳамнишинанд.
– Бо “Фурӯғ…” дӯстону ҳамнишинонам зиёд гардид. Бо “Фурӯғ…” ба олами китоб баргаштам…Бо “Фурӯғ…” ошиқони шеъру каломро дарёфтам ва бо “Фурӯғ…” зиндагӣ дорам, мегӯяд ӯ.
Ин омӯзгор бо завқ ва муҳаббати зиёд мегӯяд, ки давраи баргузории озмун аз ҳама мушкили дур мешавам ва назди оинаи нилгун баромади ҳар як довталабро тамошо мекунам…
Ба ин омӯзгори соҳибхирад ва шефтаи касбу корашон барору комёбӣ таманно мекунем…
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.