Шасту панҷ соли академик Маҳмудзода. Гӯшаи китобҳои ӯро дар Китобхонаи миллӣ метавонед пайдо кард  

Олимону андешамандони ҳақиқӣ назди ҷаҳониён азизу мукаррам будаанду хоҳанд буд ва дар ҳама давраҳои таърихӣ дар миёни кулли табақаҳои ҷомеа мақому мартабаи ишон боло буд. Аз ин рў, бо эътимод метавон гуфт, ки таърих чизе ҷуз шарҳи аҳволи мардони бузург нест.

Инсонҳои бузург ва донишмандони муътабар дар зиндагӣ монанди хуршеди ҷаҳонтобе ҳастанд, ки ба василаи худсўзиву худафрўзии хеш бар дилу ҷони инсонҳои дигар нуру зиё бахшида, роҳи ҳамзамонону пасовандонро то ҷовидон равшан месозанд.

Аз таҷриба ва мушоҳидаҳои бузургонамон хондаем ва ба хубӣ медонем, ки инсонҳо бисёр чизҳо, бахусус, илму дониш, касбу ҳунар, молу сарват, вазифаву мансаб, шуҳрату мартаба, ҷойгоҳу мақом ва амсоли инҳоро ба туфайли ҷаҳду талош, меҳнату кўшиш ба даст меоранд, аммо баъзе арзишҳои дигаре, аз қабили шуҷоат, футувват, ҷавонмардӣ, ҳиммат, дасти хайр, табъу завқ ва монанди инҳо, ки дар сиришту ниҳоди бархе инсонҳо мавҷуданд, азалӣ буда, ба даст овардани онҳо барои баъзе афроди дигар ҳеч гоҳ муяссар нахоҳад шуд. Хушбахтона, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам аз зумраи чунин шахсиятҳои баландиқболу некахтар ва саодатманд мебошад, ки Офаридгор ҳама фазоили ёдшударо барояш арзонӣ доштааст, ки шогирдони ў ифтихорманду баҳраманд аз таълиму тадриси ўянд.

Шогирдон ҳамеша дар симои ин марди нексиришт хоксорӣ, дилгармӣ ба кору меҳнат, қавииродагӣ нисбат ба иҷрои ниятҳои созанда ва масъулиятшиносиро мушоҳида намуда, дарси ибрат мегиранд. Воқеан ў инсони комил асту устоди фозил.

         Маҳмудзода Маҳкам Аъзам (Маҳмудов Маҳкам Аъзамович) 17 июли соли 1957 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст.

Соли 1964 ба мактаби миёнаи №32-и ба номи С.М. Киров (ҳоло Суҳайлӣ Ҷавҳаризода)-и зодгоҳаш қадам ниҳода, онро соли 1974 бо хониши аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1979 бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм менамояд. Фаъолияти кории худро дар ҳамин ҷо ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ шурўъ карда, дар баробари ин фаъолияти илмии худро низ идома медиҳад.

Солҳои 1987-1993 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1993-2006 декани ҳамин факултет, солҳои 1990-1995 вакили Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе, 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқи озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шудааст. Солҳои 2006-2009 муовин ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2019 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз моҳи октябри соли 2010 узви Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Ў соли 1986 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Нақши ҳуқуқи оилавӣ  дар барпо доштани ақди никоҳ дар Тоҷикистон» ва соли 1998 дар мавзўи «Масъалаҳои ҳуқуқии барпо ва мустаҳкам нигоҳ доштани оила дар Тоҷикистон» дар шаҳри Москва рисолаи докториашро дифоъ намудааст. Маҳмудзода М. моҳи октябри соли 1991 соҳиби унвони илмии дотсент ва соли 2000 унвони профессориро сазовор шудааст. Аз моҳи феврали соли 2004 узви вобаста ва соли 2008 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

Маҳмудзода М. аз зумраи мардони бузурги илму фарҳанги диёри тоҷикон аст, ки беш аз чил соли умри худро сарфи таҳқиқу таълим карда, мутахассисони баландпояи соҳаи ҳуқуқ, алалхусус ҳуқуқшиносони касбӣ ва шогирдони бешумореро барои ҷомеа тарбият намудааст. Заҳмати ў дар ҷодаи эҷоди асарҳои илмию оммавӣ дар соҳаҳои мухталифи илми ҳуқуқ ва тарбияи шогирдон, аз ҷумла барои ба камол расонидани ҳуқуқшиносони варзида беназир аст. Дастпарварони ў дар тамоми соҳаҳои мақомоти давлатию ҷамъиятии кишвар ва берун аз он кору фаъолият дошта ва ҳар як аз онҳо номи мубораку шарифи эшонро боифтихор ба забон мегиранд.

Маҳмудзода М. ҳинни фаъолияти омўзгорӣ ва илмӣ зиёда аз 470 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, воситаҳои илмӣ-таълимӣ, дастурамалҳо, аз ҷумла зиёда аз 60 китоб таълиф намудааст, ки мавриди истифода мебошанд ва он ҳам барои таълиму тарбияи ҳуқуқшиносони касбӣ аҳамияти муҳим дошта, саҳми шоистае дар амалӣ намудани масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, овони шўравӣ ва даврони соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон мебошад. Ў муаллифи 6 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мебошад.

Самтҳои фаъолияти Маҳмудзода М. бисёрҷабҳа буда, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ хеле намоёну назаррас аст, ҳамчун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ташаккули низоми қонунгузории кишвар саҳми босазо гузоштааст, инчунин баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар саъю талошҳо намуда, сазовори эҳтирому қадрдонӣ гаштааст.

Осори ў бо дақиқии таҳлил, вусъати доираи пажўҳиш, пайванди устувори назария ва амалия тафовут дорад. Бо ибтикори Маҳмудзода М. бори нахуст дар таҷрибаи макотиби олӣ китоби дарсии «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Таҳти роҳбарии ин донишманд соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд, инчунин ташаббускори таъсис ва аввалин сармуҳаррири маҷаллаҳои «Давлат ва ҳуқуқ» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва рўзномаи «Ҳуқуқшинос» мебошад.

Бо ташаббуси ў бори нахуст дар байни дигар мақомоти судии мамлакат соли 2009 сомонаи идоравии Суди конститутсионӣ ташкил карда шуд ва ҳазорҳо хоҳишмандон аз маводи дар он гирдовардашуда ба таври васеъ то ба имрўз истифода менамоянд. Инчунин бо ибтикори ў дар Суди конститутсионӣ осорхонаи идоравӣ ба фаъолият шурўъ намуда, дар он туҳфаҳои хотиравии мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ мамлакат гирд оварда шудаанд. Хуллас, саҳми ў дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон калон аст.

Мавсуф барои дастовардҳои илмӣ, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ бо якчанд мукофоти давлатӣ, аз ҷумла бо нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи II», ордени «Иттиҳод», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сазовор гардидааст.

То ба имрўз Маҳмудзода М. ба ҳайси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандўстию хештаншиносӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд ва рушди илми ватанӣ саҳми пурсамари худро мегузорад.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи декабри соли 2016 дар «Толори академикон ва докторони илм»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гўшаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода аз ҳисоби китобхонаи шахсии ў ташкил карда шудааст, ки то ба имрўз фаъолият дорад. Ногуфта намонад, ки аз соли 2016 то инҷониб ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаи шахсии академик Маҳмудзода М. ба гўшаи мазкур чанд маротиба (майи соли 2017, феврали соли 2019, январи соли 2021) китобҳои тозанашри соҳаҳои гуногун ворид карда шуданд.  Айни ҳол дар ин гўша беш аз 1500 адад адабиёт маҳфуз аст ва кулли хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва алоқамандону шогирдони устод аз он истифода мебаранд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Маҳкам Маҳмудзода ба синни пурбаракати     65-солагӣ расид. Ба ин муносибат, эшонро бо камоли иродат ва эҳтироми хосса аз номи кулли кормандон ва хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз, саодати рўзгор ва дар роҳи илму тарбияи шогирдон муваффақиятҳои зиёдро таманно менамоем ва дуо мекунем, ки Худованд сояи эшонро бар сари толибони илм поянда бидорад!

 

  Бибираъно Ҷўраева,

сардори шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.