Шеър аз назари машоиён

 Машоиён роҷеъ ба моҳият ва манфиати шеър ва он чи ба он тааллуқ дорад, дар асарҳое бо номи маҷмӯъ, талхис ва тафсире, ки ба китоби Арасту “Фанни  шеър” навиштаанд, сухан гуфтаанд. Абунасри Форобӣ дар пайравӣ ба Афлотун ва Арасту моҳияти шеърро, қабл аз ҳама, дар муҳокот медонад, вале ӯ дар тааҷҷуб монда, ки донишмандони юнонӣ эътибори аносири дигари шеър аз ҷумла вазнро зарур нашуморидаанд.

Дар асл Афлотун ва Арасту, ки аз таълифоти эшон Форобӣ фаровон истифода карда, вазн қофия ва дигар аносири шеърро аз ҷумлаи лавозимоти шеър донистаанд на аз  фусули зотии он. Ва  ин чиз ба ҳеч ваҷҳ маънии инкори эътибори вазну қофия ва дигар аносири шеъро надорад. Яқинан тааҷҷуби Форобӣ аз он сар зада, ки ӯ ба шеъри мардумони дигар (аз ҷумла юнониён) аз рӯйи меъёрҳо ва мавозини шеъри арабзабонон баҳо додааст.

Ибни Сино на танҳо қавонини шеъри юнонӣ ва арабиро танзим ва тасҳеҳ карда ва онҳоро ба ҳам имтизоҷ додааст, балки аносири нав ва муҳимро дар таърифи шеър кашф намуда. Аз ҷумлаи ибтикороти Ибни Сино яке “каломи мухайял” мебошад. Бино ба гуфтаи ӯ, “шеър каломи мухайял аст муаллаф аз ақволи мавзун ва мутасовӣ ва назди аъроб муқаффо ҳам бошад”. Чунон ки аз ин таъриф бармеояд, Ибни Сино моҳияти шеърро, қабл аз ҳама, маҳз дар ҳамон каломи мухайял будани он мебинад. Нависанда овардааст, ки “мухайял каломест, ки нафс бад-он изъон кунад ва бе ҳеч тааммул ва андеша ва ихтиёр аз умуре шод ва хурсанд шавад ё аз умури дигар гирифта ва дижам гардад. Хулоса, инфиол ва таъсири нафсонӣ на аз рӯйи фикр бад – ӯ даст бидиҳад, хоҳ онро бовар кунед ё накунед”.

Тибқи гуфтаи мазкур ва ҳам гуфтаҳои дигари Сино аз ин қабил, манзури вай аз каломи мухайял ба истилоҳи муосир тасвири ҳунарӣ дар шеър мебошад. Дурустии ин тахмини моро қавли зерини пайрави мустақими Ибни Сино, яъне Хоҷаи Тӯсӣ тақвият медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Пас моддаи шеър сухан аст. Ва сураташ  ба наздики мутааххирон вазн  ва қофия ва ба наздики мантиқиён тахайюл”. Вақте ки муаллиф тахайюлро якҷо бо вазн ва қофия ба сурати шеър нисбат медиҳад, ҷойи шак нест, ки манзури вай ва салафи бузургаш аз “тахайюл” ва “каломи мухайял”  ҳамоно тасвири ҳунарӣ мебошад, на тахайюли бадеӣ ба ҳайси як қуввати махсуси равонӣ, ки он дар офариниши тасвири ҳунарӣ ширкат меварзад. Эътибори тасвир ба масобаи фусули зотии шеър дар таърихи назариёти  адабии мардуми ориёӣ як падидаи илмии комилан тозае буд, ки кайфияти шинохти шеърро метавон гуфт дар Шарқи мусулмонӣ ба куллӣ тағйир дод…

Ин иқтибосро аз мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода “Шеъ аз назари машоиён” овардем. Шакли комили мақола дар бахши дуюми “Баргузидаи навиштаҳо”-и дониш манди маъруф, ки охири соли гузашта чоп шудаву ҳоло дастраси Китобхонаи миллӣ ҳам шудааст, ҷо ги рифтааст.

Дар ин бахш рисолаи маълуми муаллиф “Аристотель и таджикско- персидская литературная мысль (2002), тарҷумаи рисолаҳои Абӯалӣ ибни Сино “Фанни шеър” ва “Китоби шеър”-и Ибни Рушд (1985 бо ҳамкории зиндаёд Фарҳод Деҳотӣ), матнҳои мақолаи нуҳуми “Асос-ал-иқтибос” ва фасле аз “Меъёр-ул-ашъор”-и Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, ҳамчунин рисолаи муаллиф “Назариёти Абдурраҳмони Ҷомӣ” ва мақолаву тақризҳои ӯ дар бораи назарияи шеър гирд оварда шудаанд.

Бахши дигар аз “Баргузидаи навиштаҳо”-и устод Абдунабӣ Сатторзодаро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутоли намоед.

Таҳияи Мавлуда Наврӯзова.